• 05:59 – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд 
  • 23:50 – МегаФон Тоҷикистон барои дӯстдорони мусиқӣ портал таҳия намуд 
  • 01:12 – Замони пешқадамон: МегаФон Тоҷикистон алоқаи 5G-ро роҳандозӣ намуд 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 01:12 – Замони пешқадамон: МегаФон Тоҷикистон алоқаи 5G-ро роҳандозӣ намуд 
  • 15:08 – «ҶОМИ ПОЙТАХТ». Барои дарёфти он дар Душанбе Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд баргузор мегардад 
  • 15:50 – Таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик 

«ҶОМИ ПОЙТАХТ». Барои дарёфти он дар Душанбе Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 09.03.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Аз 13 март то 17 апрел дар майдончаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд байни кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми пойтахт» баргузор карда мешавад. Бо ин мақсад   яксаду бисту ҳаштҳазору ҳашсад сомонӣ ҷудо мегардад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ “Ховар” хабар доданд,  Рустами Эмомалӣ   бо қарори мазкур  ба   ин иқдом  бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ, ғоявию бадеӣ  таҷлил намудани Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе, ташвиқу тарғиб ва  рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ роҳандозӣ мегардад.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзи пойтахт, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ҳамасола шанбеи сеюми  моҳи апрел дар чор ноҳияи шаҳр,  аз ҷумла боғҳои фарҳангию фароғатии Душанбе бо баргузории базмҳои идона, нишасту ҷамъомадҳо ва дигар чорабиниҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ таҷлил мегардад.
Хотиррасон мешавем, ки  ҳамасола  дар арафаи таҷлили  Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон –шаҳри Душанбе  ва бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилию ғоявӣ баргузор гардидани он  як  зумра  барномаҳои фарҳангию фароғатӣ ва варзишӣ  баргузор мешаванд.
Аз ҷумла,    озмунҳои соҳавӣ дар пойтахт- «Табиби беҳтарини сол», «Муассисаи беҳтарини сол»,   «Омӯзгори сол», «Мураббии сол», «Хонандаи сол», «Беҳтарин муассисаи таълимӣ дар самти корҳои ободонӣ», «Нозири беҳтарини сол» ва ғайраҳо  ҷамъбаст гардида, ғолибони озмунҳои  мазкур дар ҷамъомади тантанавӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter