• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

Сокинони Хатлон ба ҷониби 4G мегузаранд


 Дар вилояти Хатлон вохӯрии навбатӣ доир шуд, ки дар рафти он мутахассисони ширкати “МегаФон” ба сокинони ҷамоатҳо доир ба имкониятҳои интернети мобилӣ маълумотҳо расониданд. Зиёда аз 75 иштирокчиёни нави лоиҳаи “Тамаддуни 4G” дар бораи имкониятҳои қулайтари дастрасии 4G дар муқоиса бо интернети насли сеюм маълумот гирифта, даҳ сокини дигари минтақа рақамҳои “нуқрагин”-и зуд дар хотир ҳифзшавандаро бурд намуданд. 
 
Суръати ниҳоии интернети 3G – 42 Мбит/с, дастрасии 4G – 100 Мбит/с-ро ташкил медиҳад. Ва новобаста аз он, ки муштариён на суръатҳои баландтарин, балки суръатҳои миёнаро истифода мебаранд, интернети 4G ба ҳар сурат “чаққонтар” аст. Байни ин ду насл тафовути муҳим ҷой дорад: масалан, онлайн-видеои дорои сифати баланд метавонад дар дастгоҳи 3G ба кор надарояд. Интернети 4G имкони тамошои онҳоро ҳатто дар суръатҳои миёна фароҳам меорад. Файлҳои “вазнин” қариб даҳ маротиба зудтар фиристода мешаванд. Онлайн-бозиҳо бо графикаи пешрафта суст намешаванд. Хулоса, бо воридшавии алоқаи 4G ба шаҳрҳои Тоҷикистон, на худи интернети мобилӣ – балки тарзи ҳаёти муштариён низ тағйир ёфт.  
“Акнун дар минтақаи амали шабакаи нав дар дилхоҳ макон метавон масъалаҳои кориро ҳал намуд – масалан метавонем муаррифиҳоро ба контенти дигари “вазнин” ирсол намоем, видеои омӯзиширо тамошо кунем ё дилхушӣ намоем. Суръатҳои 4G на танҳо интернети мобилиро ба интернети босим наздик мекунанд, балки онҳо хизматгузориҳои муосиртарини рақамиро дар ҳудуди бештари кишвар дастрас мегардонанд. Маҳз доир ба ҳамаи ин имкониятҳо мо дар рафти дарсҳоямон дар доираи лоиҳаи “Тамаддуни 4G” ба сокинони Хатлон маълумот мерасонем”, - мегӯяд Маҷид САЙТАСАНОВ, роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон.
Принсипи асосии лоиҳа – то ҳадди имкон пешниҳод кардани маълумот мебошад. Ҳамин тариқ, сокинони ҷамоатҳо оид ба манбаъҳое, ки тариқи онҳо метавон намунаҳои рақамии китобҳоро дастрас кард, инчунин оид ба амалҳои мушаххасе, ки бояд барои мусодиат ба смартфонҳо ҷиҳати кор бо суръатҳои нави интернетӣ анҷом дода шаванд, маълумотҳои муфассал мегиранд. Донишҳо дар ҷараёни викторинае, ки ҳар як дарси омӯзишӣ бо он анҷом меёбад, мустаҳкам карда мешаванд. Ба иштирокчиёни фаъолтарин туҳфаҳои махсус аз “МегаФон” – рақамҳои зебои “нуқрагин” пешниҳод карда мешаванд. Хоҳишмандони якбора гирифтани дастрасӣ ба интернети қулайи 4G ин амалро бетаъхир бо кӯмаки кормандони “МегаФон” анҷом доданд.
 шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter