• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

Изҳороти Раиси ҷамъияти тоҷикони вилояти Твери Федератсияи Русия Муқим Майбалиев


   Ҳафтаи гузашта ман аз сафари кишвари маҳбубамон Тоҷикистони  азиз баргаштам. Таасуроти нек, илҳоми саршор ва рӯҳбаландии бузурге, ки ман аз созандагию бунёдкории Тоҷикистон, рушди саноат ва сохтмон, тинҷию оромӣ бардоштам, дар як лаҳза ба косаи шаҳду нишоти ман заҳр чаконд. Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди суҳбатҳои бемантиқ ва беасоси раиcи ҲСДТ дар ВМКБ Алим Шерзамонов баҳс барпо гардид. Дар ин баҳсҳо Алим Шерзамонов барои  дилёбии хоҷагони Аврупоии худ ҳақиқати озодии имон, виҷдони дар Тоҷикистонро сиёҳ менамояд. Аз ҷумла ӯ арз кардааст, ки тоҷикони муқими Бадахшон  аз ночорӣ дар Русия дар муҳоҷират қарор дошта, имкони кор дар Ватан надоранд. Дар ин далели беасос ӯ номи маро низ чун муҳоҷири ҷабрдида ном бурдааст. Албатта аз ин суханронӣ буи низоъандозӣ, тавсиа ва ҷудоандозӣ меояд. Ба иттиллои ин сиёсатмадори иғвогар мерасонам, ки ман тоҷик, шаҳрванди Тоҷикистон соҳибмулк ва кордеҳи  муҳоҷирони меҳантӣ дар Русия мебошам. Дар тули 10 соли охир бо кумаки   Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алал хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 маротиба дар сатҳи вазоратҳо, 6 маротиба дар сатҳи ташкилотҳо ва хадамотҳо ва ду маротиба дар сатҳи олӣ масъалаи танзими муҳоҷират, беҳбудии шароити меҳнати муҳоҷирон баррасӣ гардид. Ман шахсан дар ду мулоқоти расмӣ бо Пешвои миллат ширкат варзидам. Дар ин муддат танҳо дар вилояти Твер 23 ҳазор нафар муҳоҷир бо кор таъмин шуданд. Ҷаноби Шерзамонов маро чун пуштибон ва сарпараст низ ном бурдааст. Ман бори дигар  масъул ва ҷиддӣ арз мекунам, ки то баҳол ба ягон ҳизб, чунбиш, сиёстамадор кумаки моддӣ нарасондам. Ва ҳеҷ гоҳ музди меҳнати ҳалолам, заҳмати тоҷикони вилояти Тверрро ба дастабозону иғвогарон раво намедонам. Ман мисли падари бузургворам  (рӯҳаш шод бод), ки касби ҳунармандиашро ба ягон мансабу ҳизб иваз накард, ба ҳизбу сиёсат  ворид нахоҳам шуд.
Барои танзими муҳоҷират дар  вилоят ман шахсан доимо ба Сардори хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсан бо Вазири корҳои дохилӣ муҳтарам Рамазон Раҳимзода ва масъулин ин вазорат дар тамос мебошам. Бояд зикр намоям, ки чӣ хел ман дучори таъқибу фишор ҳастам, ки ҳамаи сохторҳои давлатии ҷумуҳурии Тоҷикистон дар масоили вазъи тоҷикони вилояти Твер бо ман машварат менамоянд. Дар омади сухан чанде пеш дар шаҳри Душанбе, ман доир ба рушди соҳибкории хурду миёнаи соҳибкорони Русия дар Тоҷикистон бо чанд  идораи дахлдор баррасӣ намудам. Иттиҳодияҳо, чамъиятҳо ва ҷамоати тоҷикони Русия – ин тақозои замон буда, аз рушди маърифати шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикон шаҳодат медиҳанд. Дар ин самт мо роҳбарон ва лидерҳои тоҷикони брунмарзӣ ба   Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, Сироҷиддин Аслов-Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафири  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Иммомудин Саторов, Садорати “Тоҷиксодиротбонк” Тоҷиддин Пирзода барои кумак ва  таъмини фаъолияти ҷамъиятҳои тоҷикони брунмарзӣ  арзи сипос менамоям.
    Албатта аз дуриҳо дар паноҳи хоҷагони хориҷӣ барои Алим Шерзамонов ноҷавонмардона туҳмат намудан осонтар аст.
Ватани ман, диёри ман, Тоҷикистони  маро  на САҲА, на ҲНИТ, на Кабирию даҳҳо “сиёсатмадорон” зархарид брунмарзи ба ин рӯзи тинҷию оромӣ наовардаанд. Бадахшони  маҳбуби маро  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои Исмоилиёни ҷаҳон Имоми Замон Мавлоно Шоҳкари Ал Ҳусайнӣ аз бероҳӣ, гуруснагӣ, бумбаст раҳо намуданд. Ва Имоми Замон низ ҳидоят медиҳад, ки фарзандони мазҳабии ман ба давлати худ, Сарвари давлати худ эҳтиром ва эътимод дошта бошанд.
    Ман бо масъулияти том дар ин изҳороти таъҷилам ҳамзамон ба ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ба ҳамаи истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиат менамоям, ки далелҳои овардаи Алим Шерзамонов дар бораи вазъи фаъолияти ман ва дигар тоҷикони муқими Русия иғвои навбатии неруи сеюм мебошад. Суханронии Алим Шерзамонов, дар замоне аз Аврупо садо медиҳад, ки сарони 178 давлати дунё ба суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари СММ кафкуби мекунанд. Дар он рӯзҳое, ки вомбаргҳи давлати Тоҷикистон ба бозори  ҷаҳонӣ ворид шуда 4.5 милиард доллари ИМА харидор пайдо карданд. Ин  иғво дар рузҳое сар мезнад, ки  Ҳукумати Русия кумаки башарӣ ва “десанди маърифатӣ”-ашро ба Тоҷикистон равона намуд.
    Дар охир ман ҳайронам, ки наход чунин ташкилотҳои бонуфуз мисли САҲА, Иттиҳоди Аврупо ба чунин далелҳои беасос, бепоя гуш медиҳанд.шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter