• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 14:49 – Илми тоҷик. Чаро фолбинҳо муваффақтаранд? 
  • 20:28 – Мирасрор АҲРОРОВ: Воқеияти ТАЛКО-ро дидам. Ӯзбекистон аз харидорони асосии алюмини тоҷик мешавад 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 12:49 – Аз Душанбе то Помир бо “Тселл” (36 акс) 

Ифтитоҳи Маҷмааи нави Донишгоҳи тиббӣ дар Душанбе

Қоҳир Расулзода, сарвазир ва Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе имрӯз, 29-уми август дар шаҳраки “Шифобахш”-и ноҳияи Сино Маҷмааи нави таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро ба истифода доданд. 

Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ маҷмааи мазкур бо харҷи беш аз 17 миллион сомонӣ бунёд гардид: “Маҷмааи нав аз 2 блоки таълимӣ - блокҳои А ва В иборат буда, дар панҷ ошёна ҷойгир шудааст. Дар маҷмӯъ бинои нави таълимии донишгоҳ дорои 79 ҳуҷраҳои дарсиву корӣ, 5 толори хурду калони муҷаҳҳаз бо 345 адад компютер ва таҷҳизоти технологӣ, тахтаҳои электронӣ, бештар аз 80 адад камераҳои назоратӣ, мизу курсиҳои наву ҳозиразамон, монитору банерҳои фанниву умумӣ, муляжу маникен буда, аз 1920 ҷойи нишаст иборат аст. Масоҳати лоиҳавии маҷмааи таълимӣ 9400 метри мураббаъро ташкил дода, аз он 6156 метри мураббаъ масоҳати таълимӣ ва дар 2680 метри мураббаъ гулгашту роҳравҳо ҷойгир шудаанд”.

Қоҳир Расулзода ифтитоҳи боз як маҷмааи таълимиро ба устодону муҳассилини донишгоҳ табрик гуфта, онҳоро ба хониши хубу аъло, интизоми намунавӣ ва хизмати содиқона ба нафъи мардум даъват намудааст.шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter