• 11:33 – Покистон дар Рӯзи истиқлолият аз ҳамдилӣ бо Кашмир гуфт 
  • 07:29 – Дар орзуи сулҳи Кашмир 
  • 09:58 – “Долони Вахон” Тоҷикистону Покистонро наздиктар мекунад 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 21:16 – Трансфери сол: Криштиану Роналду ба “Ювентус” гузашт 
  • 14:08 – Шабе аз ҳазор шаб… Дар Душанбе “Зебоипарастӣ” ва “Орифона” муаррифӣ шуд 

“Сомон Эйр” соҳиби чархбол шуд

Парки ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” бо як адад чархболи нави Н125 ғанӣ гардид. Калиди чархбол санаи 28-уми октябри соли 2019 дар маросими тантанавӣ дар заводи “Еврокоптер” дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон ба роҳбарияти ширкат супорида шуд. Чорабинии мазкур бо иштироки намояндагони вазорати марбута, роҳбарияти ширкатҳои “Airbus Helicopters”, “Казахстан инжиниринг” ва “KazakhExport” баргузор гардид.
“H125 дар Қазоқистон аз ҷониби ширкати муштараки Eurocopter Kazakhstan Engineering васлу насб гардида, аввалин чархболи Airbus Helicopters дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Роҳандозии лоиҳаи мазкур дар ҳамдастӣ ва маблағгузории ҶС “Ширкати суғуртаи содиротии Казахэкспорт” ва ҶСК “Ориёнбонк”, инчунин иштироки Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон имконпазир гардидааст”, - хабар доданд аз Маркази матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ.
Муовини аввали директори генералии ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” Сӯҳроб Ҷӯраев дар маросими супоридани чархбол ба шарикон барои татбиқи ин лоиҳа ва касбияти баланд изҳори сипос намуда, аз вусъати ҳамкориҳои минбаъда ва афзоиши шумораи чархболҳои Airbus дар Тоҷикистон изҳoри умед кардааст.
Директори генералии ширкати “Eurocopter Kazakhstan Engineering” Штеффен Юнг дар суханронии худ барои эътимоду боварӣ ба ширкати Eurocopter Kazakhstan Engineering миннатдорӣ кард ва ба ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” рушди босубот ва парвозҳои бехатарро таманно намуда таъкид кард, ки чархболи Н125 албатта дар рушди ширкат саҳмгузор хоҳад буд.
Гуфта мешавад, чархболи H125 дорои амалиётнокии баланд, аёнияти аъло, ларзиши паст дар кабина буда, 5 ҷойи нишасти мусофиронро дорад. Модели H125 аз ҳамаи чархболҳои якмуҳаррикаи класси худ бо хусусиятҳои техникӣ, гуногунҷабҳагӣ, сатҳи бехатарӣ ва арзиши дастрас, инчунин аз ҷиҳати кор дар шароити шадид бартарӣ дошта барои истифода дар баландкӯҳҳо ва иқлими гарм мутобиқ мебошад:“Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 дар Тоҷикистон солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардиданд ва чархболи H125 дар баробари ғанисозии парки ҳавопаймоии ширкат, ҳамчунин ба рушди сайёҳӣ ва тиҷорати авиатсионӣ дар дохили кишвар мусоидат хоҳад кард”, - гуфта мешавад дар хабари ширкат.
Айни ҳол ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон бомуваффақият иҷро мекунад. Парки ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.
Барои маълумот: Eurocopter Kazakhstan Engineering дар қаламрави ИДМ ва Осиёи Марказӣ ягона ширкате аст, ки ба фурӯш, васлу насб ва хизматрасонии техникии чархболҳои Airbus Helicopters EC145, H125, H130, ҳамчунин омодасозии техникҳову сарнишинони чархболҳо бо забонҳои русиву англисӣ ихтисос ёфтааст. Дар назди корхона барои нигоҳдории коршоямии парвозии чархболҳо, таъмиру хизматрасонии техникӣ маркази хизматрасонӣ таъсис дода шудааст, ки сафати баланди истеҳсолӣ ва бехатариро таъмин менамояд.
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
да бальшая фантазия у таво хто ето сочинял метилфенидат купить blackiz
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter