• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

28 август: 12 куштаю 5 маҷруҳ дар роҳҳои Тоҷикистон


Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон 28-уми август се садамаи маргбор ба қайд гирифтаанд, ки 12 кушта ва 5 маҷруҳ барҷой гузоштаанд. 

Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ баробари садамаи пурқурбонӣ дар ноҳияи Роштқалъа, ки 10 кушта барҷой гузошт, 28-уми август садамаи дигари маргбор дар Норак рух додааст: “Тахминан соати 12:15, Шодихон Шарифов, ронандаи 43-солаи автомашинаи тамғаи “Донгфенг”, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз Душанбе ба Данғара, дар ҳудуди шаҳри Норак аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба кӯҳпораҳои роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа худи ронанда ва мусофираш шаҳрванди Чин, Ван Чун Чен соли таваллудаш 1964, сокини шаҳраки Хубей, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардиданд. Ронанда Шарифов дар беморхона ба ҳалокат расидааст”. 

ВКД афзуд, ки садамаи дигари марбор соати 13:15-дақиқа дар шаҳри Душанбе рух дод: “Ронандаи “Нива”, Розиқов Исмоил, соли таваллудаш 1952, сокини ноҳияи Варзоб, ҳангоми ҳаракат аз тарафи кӯчаи Нодира ба тарафи кӯчаи Амиршоев, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Сафарова Идимоҳ, соли таваллудаш 1964, сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст”.шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter