• 11:33 – Покистон дар Рӯзи истиқлолият аз ҳамдилӣ бо Кашмир гуфт 
  • 16:48 – Лоиҳаи АТОМ: силоҳи ҳастаӣ – роҳ ба нокуҷо 
  • 11:41 – Дарахтон хушк мешаванд, масъулон чаро хомӯшанд? 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 21:16 – Трансфери сол: Криштиану Роналду ба “Ювентус” гузашт 
  • 14:08 – Шабе аз ҳазор шаб… Дар Душанбе “Зебоипарастӣ” ва “Орифона” муаррифӣ шуд 

Кашмир – “бузургтарин зиндон дар таърихи инсоният”. “Беш аз 14 миллион кашмирӣ дар хонаҳояшон зиндониянд”

Покистон тасмим дорад, ки рӯзҳои наздик оид ба тағйири мақоми Кашмир аз сӯйи Ҳиндустон ба Суди байналмилалии СММ муроҷиат кунад. Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳ Маҳмуд Курейшӣ изҳор дошт. Вай гуфт, дар наздиктарин фурсат мақомоти адлияи кишвараш ҷузъиёти шикоят ба СММ-ро шарҳ медиҳанд.
Тасмими Покистон оид ба шикоят ба Суди байналмилалӣ дар ҳолест, ки мақомоти ин кишвар Кашмирро, ки беш аз 14 миллион аҳолӣ дорад, “бузургтарин зиндон дар таърихи инсоният” номида, ҳамзамон аз куштаву захмӣ шудани садҳо нафар зимни як амалиёти неруҳои ҳиндӣ дар рӯзи 9 август хабар доданд.

Бино ба хабари Associated Press, аз аввали моҳи август то ҳол дар ин минтақа ҳадди ақал, 2300 нафар боздошт шудаанд. Аксари дастгиршудаҳо ҷавононеанд, ки зидди амали ҳукумати Ҳиндустон эътироз кардаанд.
Ҳамакнун, дар пасманзари таҷлил аз ҷашни истиқлолият, ки имсол бо тасмими Ҳиндустон оид ба бекор кардани ихтиёроти Кашмир ва интиқоли ҳазорҳо неруи низомӣ ба ин минтақа рост омад, Исломобод ҷомеаи ҷаҳониро ба фишор болои Деҳлӣ даъват мекунад.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 15 август Сафорати Покистон дар Душанбе бо нишони ҳамраъйӣ бо мардуми Кашмир Рӯзи Истиқлолияти Ҳиндустонро ҷашн гирифт:“Рӯзи сиёҳ” як эътирозест зидди амалҳои Ҳиндустон, ки болои мардуми Кашмир дар Ҷамму ва Кашмири ишғолшуда роҳандозӣ кардааст”, - гуфтанд аз сафорат.
“Рӯзи сиёҳ” дар тамоми намояндагиҳои дипломатии Покистон дар кишварҳои ҷаҳон таҷлил карданд. Дар ин рӯз парчами Покистон дар саросари кишвар ва дар сафорату намояндагиҳои дипломатӣ дар саросари ҷаҳон поин фароварда шуд”, - хабар дод Ассошиайтед Пресс Покистон (АПП).
Вобаста ба ин тасмими Ҳиндустон дар шаҳрҳо ва минтақаҳои мухталифи ҷаҳон тазоҳуроту намоишҳои эътирозӣ баргузор шудаву ҳанӯз ҳам идома доранд. Ҳазорон нафар иштирокдорони эътирозҳо талаб мекунанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ба аъмоли доимии ҳиндуҳо дар Ҷамму ва Кашмири ишғолӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, барои таъмини мардуми Кашмир оид ба  ба муайян кардани ҳуқуқи худ, ки дар қатъномаҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид тасдиқ карда шудааст, саъй кунанд:
“Сафорати Покистон дар Душанбе ҳам 15 августро ҳамчун рӯзи сиёҳ қайд карда, парчами Покистонро дар сафорат поин фаровард. Ҳамаи афсарон ва намояндагони сафорат ба сар латаи сиёҳ кашиданд. Дар назди дарвозаҳои асосии сафорат ва инчунин дар дохили бинои намояндагии дипломатӣ баннерҳои сиёҳ овехта шуда буданд. Дар дохили бино инчунин брошюраҳо дар бораи бераҳмии неруҳои амниятии Ҳиндустон дар Ҷамму ва Кашмир намоиш дода шуданд”, - гузориш дод Dawn Pakistan.
Минтақаи Ҷамму ва Кашмир пас аз эълони истиқлолияти Ҳиндустон ва Покистон дар моҳи августи соли 1947 то ба инҷониб як минтақаи баҳсии аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда ба шумор меравад. Аз он вақт инҷониб чанд қарори Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид қабул карда шуд, ки ба мардуми Ҷамму ва Кашмир ҳаққи худмуайянкуниро ваъда медиҳанд.
5 августи соли 2019 Ҳукумати Ҳиндустон якҷониба моддаҳои 370 ва 35 А Конститутсияи худро бекор кард, ки тибқи он, Ҷамму ва Кашмир аз ҳаққи мухторият маҳрум шуд ва назорати мустақими он аз ҷониби ҳукумати марказӣ дар Деҳлӣ муқаррар гардид.
Баъди ин тасмими Ҳиндустон ҳазорон нафар сокинони Ҷамму ва Кашмир низ даст ба тазоҳурот заданд. Мақомоти Покистон мегӯянд, рӯзи 9 август дар Сринагар баъди намози ҷумъа – вақте мардум аз масҷид ба кӯчаҳо баромаданд, неруҳои амниятии Ҳиндустон ба сӯйи эътирозгарон оташ кушоданд. Бино ба хабарҳо, дар натиҷаи тирпаронии неруҳои Ҳинд якчанд кашмирӣ, аз ҷумла занону кӯдакон кушта шуда, садҳо нафар маҷруҳ шуданд:

“Аз 5 августи соли 2019 Ҷамму ва Кашмири ишғолкардаи Ҳиндустон ба бузургтарин зиндон дар таърихи инсоният табдил ёфт. Беш аз 14 миллион кашмирӣ дар хонаҳояшон зиндонӣ ҳастанд. Дар ҳоли ҳозир ҳукумати Ҳиндустон беш аз 9 ҳазор низомиёнро дар минтақаи ишғолшуда ҷойгир кардааст ва он аллакай яке аз минтақаҳои ҳарбикунонидашудаи ҷаҳон аст. Минтақаи ишғолшуда таҳти блоки бесобиқа қарор дорад, зеро дастрасии кашмириҳо ба ҳама гуна шаклҳои иртибот, аз ҷумла телефон ва хидматрасониҳои интернетӣ қатъ карда шудааст. Тибқи гузоришҳо, куштори кашмириҳо ва оташ кушодани хонаҳо ва дӯконҳои онҳо ҳар рӯз маъмулист, зеро чораҳои Ҳиндустон ва ҷудокунии қатъӣ кашмириҳоро аз чизҳои зарурӣ, аз ҷумла ғизо ва доруворӣ маҳрум карданд ва онҳо маҷбур шуда, ба кӯчаҳо баромаданд”, - омадааст дар шарҳи сафорати Покистон дар Душанбе.
Ёдрас мекунем, ки қаблан ҳукумати Покистон аз Дабири кулли СММ даъват кард, то ин ки нишасти изтирории Шӯрои Амниятро баргузор кунад. Рӯзи 16 август ҷаласаи махсуси Шӯрои Амният барои муҳокимаи вазъ дар қаламрави баҳсталаби Ҷамму ва Кашмир байни Ҳиндустон ва Покистон даъват шуд, ки бори аввал дар 50 соли охир аст.Қабл аз ин Созмони ҳамкориҳои исломӣ қарори якҷонибаи ҳукумати Ҳиндустон ва идомаёбии бераҳмии неруҳои амниятии Ҳиндустонро дар Ҷамму ва Кашмир маҳкум кард. 
 
 
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter