• 11:33 – Покистон дар Рӯзи истиқлолият аз ҳамдилӣ бо Кашмир гуфт 
  • 16:48 – Лоиҳаи АТОМ: силоҳи ҳастаӣ – роҳ ба нокуҷо 
  • 11:41 – Дарахтон хушк мешаванд, масъулон чаро хомӯшанд? 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 21:16 – Трансфери сол: Криштиану Роналду ба “Ювентус” гузашт 
  • 14:08 – Шабе аз ҳазор шаб… Дар Душанбе “Зебоипарастӣ” ва “Орифона” муаррифӣ шуд 

Нигоҳи хос: вақте ки ислом пушти абри сиёҳ мемонад...

Аслан, дар асри XXI, ки ҳама гуна хатар, таҳдид, таҳқир, танқид... болоямон борон барин мерезад, дар бораи сару либос, хусусан сару либоси бонувон чизе гуфтану навиштан амалест, ки дар пушти худ ҳатман аз бекорие дарак медиҳад...
Аслан, дар асри XXI, ки одамон “одам” сохтанду “сурат”-ҳо ба гап даромадаанд, дар бораи сару либос, хусусан сару либоси бонувон чизе гуфтану навиштан, корест, ки дар пушти худ ҳатман ҷумлаи саволию хитобии “Дигар мавзуъ ёфт нашуд?!”-ро дорад...
Аслан, дар асри XXI, ки ҳар чизи муҳиму номуҳим аз фазои маҷозӣ гирифтаву истифода мешавад, дар бораи сару либос, хусусан сару либоси бонувон чизе гуфтану навиштан, масъулиятест, ки дар пушти худ ҳатман чароҳои зиёдро меорад...
Аслан, дар асри XXI, ки афсонаҳо ҳақиқат шуданду Кайҳон замини холӣ надорад, дар бораи сару либос, хусусан сару либоси бонувон чизе гуфтану навиштан, амалест, ки дар пушти худ ҳатман калимаҳои “айб”-у “шарм” дорад...
Аслан, дар асри XXI, ки ҳар ҳарфу ҳиҷову ибораву ҷумла ба умре арзиш дорад, дар бораи сару либос, хусусан сару либоси бонувон чизе гуфтану навиштан, корест, ки дар пушти худ ҳатман талафоти вақтеро нишон медиҳад...
Бо вуҷуди ин ҳама, аввалин бор ва фикр мекунам, охирин маротиба ҳам ҳаст, ки варақи тозаву сафеди “Word”-ро дар чунин мавзуъ сиёҳ мекунам. Ва ин чанд сабаб дорад, ки дар давоми сатрҳо рӯшан хоҳанд шуд.
Аз фазои беканор, беҳудуд, бесарвар ва озоди маҷозӣ хабар ёфтем, ки рӯзи 1-уми августи соли равон дар Шоҳигарии Норвегия қонуне ба ҳукми амал даромадааст, ки мутобиқи он гашту гузори бонувони ин кишвар бо сатру ҳиҷоб дар маконҳои ҷамъиятӣ манъ аст ва барои поймол кардани қонуни мазкур ҳар ҳуқуқвайронкунанда бо маблағи 150 евро ҷарима баста мешавад.
Сукут...
Фикр...
Андеша...
Савол...
Ҷавоб...
Савоб...
Гуноҳ...
Хуб...
Бад...
Дороӣ...
Нодорӣ...
Хулоса...
БАЪД ЧӢ?
Дар ин росто мо дар “дунёи бесоҳиб”-е бо номи интернет мехонему мебинем, ки гӯё дар кӯчаву паскӯчаҳои Тоҷикистон зидди ҳиҷобу сатр мубориза бурда мешавад ва дарҳол “исломдӯстон” ба комментаторони киро кардаашон “халачӯб” мезананд, то ки чизе дар муқобили чунин ҳаводиси будаву набуда дар саҳифаҳои бешумори худ нависанду гӯянд. Вале саволи беҷавоб ин аст, ки чаро бо вуҷуди дар дунё будани ҳазорҳо монеаву “поткат”-ҳо барои ба бар кардани сатру ҳиҷоби бонувон ва иловатан, қонунан манъ шудани он дар Норвегия ҳама “исломҷӯён”-у “исломдӯстон” хомӯшанд?
Ҳамон “муҳтарам”-ҳое, ки ришҳояшонро “кантофка” карда, бо сӯйистифода аз ояту ҳадис дар бораи рейдгузаронии набуда ва хаёлии зидди ҳиҷоб амри маъруфу наҳйе аз мункари бедалел мекарданд, аммо ҳоло куҷо бошанд, садояшонро намешунавем?
Ҳамон нафароне, ки комментатор киро кардаву аз берун ба сӯйи Тоҷикистон санг мезаданд, ҳоло куҷо бошанд, ки қонунан дар кишвари паноҳгоҳ додаашон фарзи ислом ва Офаридгор манъ шудаву хор шуда истодааст?
Ҳамон нафарони “азиз”, ки худро муборизи роҳи ҳақ медонанд, куҷо бошанд?
Куҷост он даъвоҳои дурӯғин ва бофтаи ватандӯстӣ, ватанхоҳӣ, ватанпарварӣ, ватанҳимоякунӣ ё забондӯстӣ, забонхоҳӣ, забонҳимоякунӣ ва ё зандорӣ, зандӯстӣ, занҳимоякунӣ?
Вақте ки аз чашм дур шуд, дӯстӣ кам мешавад.
Вақте ки аз чашм дур шуд хостан дигар нест.
Вақте ки аз чашм дур шуд, ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон онро парварид.
Вақте ки аз чашм дур шуд, онро наметавон ҳимоя кард.
Вақте ки аз чашм дур шуд, он дигар аз мо нест
Вақте ки аз чашм дур шуд...
Мо ин ҳамаро медонем, аммо лоф мезанем. Лофи ин ҳама. Чунон лоф мезанем, ки дар бӯйи даҳонамон касе қудрати нишастану гӯш кардан намекунад. Аз берун қаҳваи пасттарин, ки дар Тоҷикистон се донааш як сомонӣ аст, нӯшида, ҳар чизе ки хоҳем, менависему мегӯем ва ин дар ҳолест, ки чӣ навиштану гуфтанамонро ҳатто худамон намедонем.
Ин ҳама пушти абри сиёҳ мондани ислом ва борони манфиат хостани “одамон”-ро мемонад.

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ
рӯзноманигор
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter