• 11:33 – Покистон дар Рӯзи истиқлолият аз ҳамдилӣ бо Кашмир гуфт 
  • 16:48 – Лоиҳаи АТОМ: силоҳи ҳастаӣ – роҳ ба нокуҷо 
  • 11:41 – Дарахтон хушк мешаванд, масъулон чаро хомӯшанд? 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 21:16 – Трансфери сол: Криштиану Роналду ба “Ювентус” гузашт 
  • 14:08 – Шабе аз ҳазор шаб… Дар Душанбе “Зебоипарастӣ” ва “Орифона” муаррифӣ шуд 

Тиҷорати дорувории Тоҷикистон дар дасти кист?

Кӣ дорувории пастсифат истеҳсол мекунаду “эркаҳо” ё “нафарони хос” дар тиҷорати доруворӣ киҳоянд?
 
Назорати соҳаи тандурустӣ ва бахусус, истеҳсол, фурӯш ва умуман, тиҷорати доруворӣ дар Тоҷикистон ҳамеша мавриди нигаронӣ ва интиқод аст. Гузашта аз ин, баъзан сарусадоҳое оид ба “тиҷорати хонаводаӣ”, “воридкунандагони пуштибондор” ва монанди инҳо баланд мешаванд, ки дар аксар маврид аз ҷониби Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон беасос дониста мешаванд. 
Кӣ дорувории пастсифат истеҳсол мекунаду кӣ ворид мекунад? Чаро истеҳсолоти дохилӣ (доруворӣ) рушд намекунаду талабот ва эътимоди аҳолӣ асосан ба дорувории истеҳсоли хориҷист? “Эркаҳо” ё “нафарони хос” дар тиҷорати доруворӣ киҳоянд? Барои ба эътидол омадани вазъ ва пешрафти чашмрас дар ин бахш чӣ корҳоеро бояд анҷом дод ва чӣ қадар вақт даркор аст?
Сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бекмуродзода Султон ба ин ва суолҳои дигари хабарнигори “ИмрӯзNews” посух дод.
Акс аз сомонаи "Фараж"

- Муҳтарам Сардор, бубинед, ҳама ҷо аз сифати пасти маводи доруворӣ мегӯянд. Ҳатто Роҳбари давлат бо ишора ба ин мушкил интиқоди шадид карданд. Ин кадом дорувориҳоянд? Кӣ онҳоро истеҳсол мекунад, кӣ ворид мекунад? Мушаххасан, Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои коҳиши ин ҳолат чӣ чора андешид?
- Масъулияти таъмини аҳолӣ ва муассисаҳои тиббӣ бо маводҳои доруворӣ, инчунин танзим ва назорати соҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи давлат вогузор аст. Аҳамияти асосии татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъминот бо маводҳои доруворӣ ба низоми тадбирҳо оид ба назорати сифати маводҳои доруворӣ марбут буда, ҳадафи он пешгирии ба бозори истеъмолӣ роҳёбии маҳсулоти қалбакӣ ва ғайристандартӣ маҳсуб меёбад. Ҳадафи стратегии ҳукумати мамлакат дар давраи нав таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти сифатнок, ҳифзи солимӣ ва рушди иҷтимоӣ ба шумор рафта, саломатии аҳолии Тоҷикистон ҳамчун асоси ҳимояи миллат ва омили асосии амнияти миллии мамлакат дониста шудааст.
Яке аз ниҳодҳои басо муҳими Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ин Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад, ки дар ин самт то кунун корҳои зиёди назаррасро иҷро карда, айни замон фаъолияташро мукаммал намудааст.
Айни замон сифати воситаҳои доруворӣ ба суҳбати рӯз табдил ёфта, сару садо ва ҳангомаҳо боиси ташвиши бисёриҳо шудааст. Ҳар шахс, новобаста ба салоҳиятнокӣ, дар ин маврид мувофиқи фаҳмиши худ фикру ақида изҳор менамояд. Базеъҳо бе ягон асос оид ба сифати доруҳо хулосаи нодуруст мебароранд, ки ин ҳолат, ба пайдоиши афкори носаҳеҳ дар ҷомеа сабаб шуда, инчунин ба андозае ба сифати табобати беморон таъсири худро расонидааст. Зеро, ки эътимод ва боварӣ, ба сифати дорувории қабулшаванда ба раванди муолиҷа таъсири калон мерасонад.
Сифати доруҳо аз моддаҳои фаъоли таркибӣ ва риоя шудани равандҳои технологии онҳо вобаста аст, аз ин сабаб барои онҳо талаботи махсус муқаррар шудааст. Барои баҳо додан ба талаботи муқарраршуда шароити махсус: инфрасохтор, таҷҳизот, мутахассисон ва ғайра лозим мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди аксарияти давлатҳои дигари ҷаҳон низоми махсус оид ба баҳодиҳии сифати воситаҳои доруӣ ба роҳ монда шудааст. Озмоишгоҳҳои ваколатдори соҳа дар назди Хадамот фаъолият менамоянд, ки бо тамоми шароити зарурӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти муосири санҷишӣ муҷаҳҳазанд. Дар ин озмоишгоҳҳо ҳамаи намуди маҳсулоти фармасевтӣ ва таъиноти тиббии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва воридотӣ аз санҷиш гузашта, баъд барои муомилот иҷозат дода мешавад. Ҳамин тариқ, оид ба сифати воситаҳои доруворӣ танҳо баъди санҷиши озмоишгоҳии онҳо хулоса баровардан мумкин мебошад.
Нигаронии шахсоне, ки имконияти баҳодиҳии сифати дорувориро надоранд аз он сарчашма мегирад, ки ҳангоми табобат бо доруворӣ натиҷаи дилхоҳ ба даст намеояд ва ё дар баробари шифоёбӣ таъсири иловагии нохоҳам ба назар мерасад. Аммо ин омилҳо на ҳамеша ба таркиб ва сифати доруҳо алоқамандӣ доранд (ташхиси дақиқ, таъиноти дуруст, риояи тарзи қабули дору ва ғ.).
Масъалаи доруҳои қалбакӣ ва ғайристандартӣ мушкилоти ҷаҳонӣ аст. Агар ҷомеаи ҷаҳонӣ якдилона амал накунанд, ба танҳоӣ мубориза бурдани мамлакатҳои алоҳида зидди ин зуҳурот самаровар буда наметавонад. Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин мушкилот орӣ нест. Солҳои охир ҳукумати мамлакат ба ин масъала таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад. Чунончӣ, дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вобастагӣ ба ин масъала эродҳои бодалел ва дастуру ҳидояти бомаврид ироа намуданд. Ин масъала дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ 1 сентябри соли гузашта бори дигар таъкид гардид. Роҳнамоию дастурҳои Пешвои миллат дар масъалаи ислоҳот ва рушди соҳа, бо дорувориҳои босифат, судмандиашон зиёд таъмин кардани аҳолӣ мусоидат мекунад.
Ба кишварҳои алоҳида ва мушаххас нисбат додани истеҳсоли доруҳои қалбакӣ душвории зиёд дорад. Дар баъзе маврид аниқ кардани мамлакати истеҳсолкунандаи доруҳои қалбакӣ мушкилот пеш меорад. Ҳарчанд дар борпечи маҳсулот номи ширкат ва мамлакати мушаххас сабт шудааст, аммо ин маънои онро надорад, ки “доруи” мазкур моли ҳамон кишвар аст. Дилхоҳ ширкат ё гуруҳи ҷиноятии ба истеҳсоли доруҳои қалбакисохт машғулбуда маҳсулоти худсохти мушобеҳи нусхаи асли онро истеҳсол мекунад ва бо роҳҳои гуногун ба дилхоҳ мамлакат ворид карда, бо маводи асл якҷо мекунад.
Бояд зикр намуд, ки доруҳои қалбакӣ ва пастсифат қариб, ки ба таври расмӣ ворид намешавад! Инунин ҳеҷ ширкати воридкунанда намехоҳад бо ин кирдори зишт обрӯю мавқеашро дар бозори фармасевтӣ аз даст диҳад.

- Дар айни замон бархе ҳамсуҳбатон ин ҳолатро ба фаъолияти номуассири Хадамот марбут медонанд, ки дар аксар ҳолат танҳо ба санҷишу протоколу ҷаримабандӣ машғул аст. Оё воқеан ҳам, Хадамот тавони инро надорад, ки як барномаи комили раҳидан аз ин мушкилро омода созад?
- Маҳз таваҷҷуҳи хосаи Пешвои маҳбуби миллат сабаб шуд, ки соҳаи тандурустии кишвар нисбат ба дигар соҳаҳои иҷтимоӣ ба рушди бештар ноил гардад. Соҳа дар муддати кӯтоҳ ба пешравиҳое ноил гардид, ки миллати тоҷик дар гузашта онро орзу мекард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олӣ маҳз аз кам будани истеҳсоли маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ дар кишвар изҳори нигаронӣ намуданд.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Хадамот тадбирҳои мухталифро ба нақша гирифтааст. Бо дастгоҳҳои муосир таҷҳизонидани озмоишгоҳҳои марказӣ ва минтақавии Хадамот, баланд бардоштани сатҳи дониши мутахассисон, ташкили вохӯриҳо бо роҳбарони ширкатҳои фармасевтӣ дар бораи пешгирии қочоқи маводи доруворӣ аз ин шуморанд. Роҳбарияти Хадамот бо сардорони ширкатҳои воридкунандаи доруворӣ ва дорусозӣ мулоқот намуда, нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар дар мавриди рушди соҳаи дорусозӣ шарҳ доданд. Соҳибкорон ҳавасмандӣ зоҳир карданд, ки мувофиқи имконоти мавҷуда, коргоҳу муассисаҳои истеҳсолиро ташкил карда, истеҳсоли маҳсулоти тайёри доруворирор дар асоси ашёи хоми ватанӣ ва воридотӣ ба роҳ хоҳанд монд.
Яке аз роҳҳои пешгирии воридоти маҳсулоти қалбакӣ омӯзиши таҷрибаи дигар мамлакатҳо буда, дар баробари ин ба роҳ мондани истеҳсолоти ватанӣ ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ба шумор меравад. Маҳз дар асоси ашёи хом ва субстансияҳои ватанӣ ба роҳ мондани истеҳсоли доруворӣ назорати онро дар тамоми марҳилаҳои аз истеҳсолот то ба муомилот роҳёбӣ осон мегардонад. Ҳамзамон бояд маърифати тиббии аҳолиро боло бардошта корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ беҳтар ба роҳ монда шаванд.
Танҳо дар якҷоягӣ бо мардуми огоҳ метавон роҳҳои қочоқи маводи дорувории бесифатро пешгирӣ намуд. Масалан, аксари мардуми мо ҳангоми хариди доруворӣ беэътиноӣ зоҳир намуда, доруҳоро дуруст ва тибқи тавсияи табибон ва дастурамали истифодаи он истеъмол намекунанд. Онҳоро аз рекламаи телевизион дида, ё аз нақли дигарон шунида, ба табиб муроҷиат накарда, ба дорухона мешитобанд. Ҳол он ки доруҳоро бидуни тавсияи табиб истифода бурдан мумкин нест, аммо на ҳамеша ин қоида риоя мешавад.

- Бино ба маълумоти расмӣ, ҳоло дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ, 242 номгӯи маводи тиббиву доруворӣ истеҳсол мешаванд, ки ҳамагӣ 8 фоизи талаботи аҳолиро ташкил дода, 92 фоизи маҳсулоти доруворию бастабандӣ аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад. Чаро истеҳсолоти дохилӣ (доруворӣ) рушд намекунад? Чаро талабот ва эътимоди аҳолӣ асосан ба дорувории истеҳсоли хориҷист? Агар аз ҷиҳати сифат доруҳои воридотӣ аз ватанӣ ягон бартарӣ надошта бошанд, чаро доруҳои истеҳсоли Тоҷикистон содирот намешаванд? 
- Тоҷикистон махзани табиии рустаниҳои доруӣ аст. Дар асоси захираҳои табиӣ – рустаниҳои худрӯй ва рустаниҳои парваришшаванда ба роҳ мондани истеҳсолот айни муддао мебошад. Барои ин мақсад бояд хоҷагиҳои махсусгардонида оид ба парвариш, нигоҳубин, ҷамъоварӣ, захиракунӣ, коркарди аввалия ва таҳияи субстансияю маҳсулоти нимтайёр аз рустаниҳо то ба истеҳсолоти маҳсулоти тайёр расонидан ташкил карда шаванд.
Боиси хушнудист, ки роҳбари олии мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба ин соҳа таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Пешвои миллат дар мавриди рушди саноати дорусозии кишвар ба ҳалли мушкилоти соҳа мусоидат намуда, имтиёзҳо ва дастуру ҳидоятҳоияшон боиси руҳбаландии соҳибкорон гардид.
Тоҷикистон дар соҳаи дорусозӣ дар сурати фароҳам овардани заминаи созгор метавонад мақоми сазовор дошта бошад. Ҳангоми мусоидат намудан ба фурӯши маҳсулоти ин корхонаҳо дар давоми ду-се сол ҳамин ширкатҳо метавонанд бо имкониятҳои молиявии худашон иқтидори истеҳсолиашонро такмил диҳанд.
Аввалин ҳадафе, ки дорусозони ватанӣ бояд анҷом диҳанд, ин бо маводи аввалияи доруворӣ ва тиббӣ таъмин намудани аҳолии кишвар мебошад. Ногуфта намонад, ки ба роҳ мондани фаъолияти корхонаи дорусозӣ мушкилоти зиёд дорад. Бунёди корхонаи истеҳсолии фармасевтӣ маблағ ва вақти зиёдро барои анҷом додани корҳои бунёди сохтмон, мувофиқгардонии ҳуҷраҳо ба хати истеҳсолот, корҳои илмию тадқиқотӣ, таҳияи технологияи истеҳсоли дору, дастрасӣ ба ашёи хом, барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо, тарбия ва ҷобаҷогузории кормандонро талаб менамояд. Корхонаи дорусозӣ баъди 4-5 соли дуруст ташкил намудани фаъолият ва дастгирии давлатӣ метавонад бо иқтидори пурраи истеҳсолӣ маҳсулот истеҳсол намояд.
Дар мавриди дастрасӣ бо ашёи хом бояд ҳаминро қайд кард, ки қабл аз ҳама бояд корхонаи истеҳсолӣ ба манбаи ашёи хом, инчунин бо бозори истеъмолӣ наздик бошад, онгоҳ истеҳсолоти бетаваққуф ва маҳсулоти арзиши поинтар дошта таъмин мегардад.

- Аз сӯйи дигар, худи ҳамин масъала, ки мардум ба дорувориҳои худӣ чандон эътимод надоранд, бояд мавзӯъи ҷиддии гуфтугӯ бошад. Фикр намекунед, ки маҳз ҷиддан ба ин масъала машғул нашудан ҳамин ҳолатро ба вуҷуд овардааст?
- Ташхисҳои озмоишгоҳӣ маълум намуданд, ки маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ аз намунаҳои воридотиашон, аз ҷиҳати сифат ягон камӣ надоранд. Барои муаррифӣ ва дар бозори истеъмолӣ мавқеъ пайдо кардани маҳсулоти ватанӣ, пеш аз ҳама, вақт, маблағ ва таблиғоти густурда зарур аст.

- Роҳбари давлат ҳанӯз дар Паёми соли 2016, баъди ба вазифаи Хадамоти онвақтаи назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ таъин шудани Шумо, супориш дода буданд, ки бо дарназардошти имконоти фаровони табиӣ ва ашёи хом, аз ҷумла гиёҳҳои табиии шифобахши ҷумҳурӣ, ҳар чӣ зудтар доир ба рушди саноати дорусозии ватанӣ чораҷӯӣ карда шавад. То ин замон, ки Шумо сарварии ҳамин бахшро ба уҳда доред, дар ин самт чӣ барномаи мушаххас амалӣ шуд? Ба назари Шумо, чаро дар ин се сол вобастагӣ ба дорувории воридотӣ коҳиш наёфт? 
- Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти кишвар, айни замон дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо роҳбарии муовини аввали вазир, Саида Умарзода, гуруҳи корӣ таъсис шуда, ба ҳайати он мутахассисону роҳбарони ширкатҳои фармасевтӣ шомил гардидаанд. Боварамон комил аст, ки гуруҳи мазкур масъалаҳои муҳими соҳаро баррасӣ намуда, барои дарёфти роҳи ҳалли онҳо мусоидат менамояд. Аз ҷумла, дар машваратҳои ин гуруҳ барои озод намудан аз андоз номгӯи доруҳо, таҷҳизоти технологӣ, қисмҳои эҳтиётии он, субстансияҳои доруворӣ ва ашёҳои хоми он муҳокима мегарданд.
Агар дигар идораҳои дахлдори мамлакат низ дорусозони ватаниро дастгирӣ намуда, ҳамкориро ба роҳ монанд, дар солҳои наздик итминон дорем, ки соҳаи дорусозӣ дар Тоҷикистон рушд мекунад ва мушкили аҳолӣ дар ин самт осон мегардад.
Ҷиҳати рушди истеҳсоли маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ дар ҷумҳурӣ танҳо дар панҷ соли охир аз ҷониби зиёда аз 10 ширкат ба маблағи умумии 140 миллион сомонӣ таҷҳизот харида, ҳамчунин корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудаанд. Бо мақсади кам кардани воридоти маводи доруворӣ аз хориҷи кишвар ва ба роҳ мондани истеҳсоли ватании он имрӯз зиёда аз 35 ширкат истеҳсоли 250 номгӯй маводи доруворӣ ва молҳои тиббиро дар ҷумҳурӣ ба роҳ мондаанд. Ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Тиб барои Шумо”, “Шаҳром-2010”, “Ясмина мед”, “Куҳҳои Тоҷикистон” дар Душанбе, Ҷамъиятҳои саҳҳомии пӯшидаи “Аввалин”, “Фароз”, ҶДММ “Амон-Ш” дар вилояти Хатлон, корхонаи “Вежа фармасевтикал” дар шаҳри Турсунзода аз ҷумлаи ин ширкатҳои дорусозӣ мебошанд, ки ҳар кадоме аз 8 то 80 номгӯй маводи доруворӣ истеҳсол менамоянд. Аксари доруҳои истеҳсолшуда аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ таркиб ёфтаанд.
Албатта, ин иқтидори истеҳсолии ширкатҳои айни ҳол фаъолиятдоштаи дорусозӣ талаботи аҳолиро бо маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ пурра қонеъ гардонида наметавонад. Бо мурури вақт истеҳсолкунандагон зарфияти бозори дохилиро омӯхта, мувофиқи талабот номгӯй ва ҳаҷми маҳсулоташонро зиёд хоҳанд кард.

- Бубинед, баъзан сарусадоҳо дар бораи мавҷудияти “эркаҳо” ё “нафарони хос” садо медиҳанд, ки гӯё Хадамот зимни санҷишҳо ё додани иҷозатномаи истеҳсол ё воридоти доруворӣ ба онҳо афзалият ё имтиёзҳои ғайрирасмӣ медиҳад ва ҳамин ҳолат боиси мавҷудияти мушкилот дар ин соҳа аст. Оё тиҷорати доруворӣ дар Тоҷикистон инҳисорист? 
- Бо боварӣ гуфта метавон, ки айни замон ба соҳаҳои башуморе, ки монополия нашудааст, соҳаи фармасевтӣ низ дохил мешавад. Рушди соҳа яке аз самтҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши ҳифзи сиҳатӣ ва рушди иҷтимоӣ, ба шумор меравад. Чунончӣ, қонунгузории амалкунандаи мамлакат барои истеҳсол, содироту воридот, озодона машғул шудан, ба фаъолияти илмию тадқиқотӣ, таъсиси муассисаҳои тиҷоратӣ ва таъминкунанда мувофиқ гардонида шуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он мусоидат менамояд.
Барои мувофиқи қонунҳои амалкунанда фаъолият кардани муассисаҳои соҳа новобаста аз шакли моликияташон ва барои татбиқи сиёсати давлату ҳукумат муассисаи ваколатдори давлатӣ-Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, айни замон фаъолияти мувафаққона ва назаррасро ба роҳ мондааст. Инро мо дар ба танзим даромадани бозори фармасевтӣ, ба низом даромадани хадамоти фармасевтӣ, рӯз то рӯз зиёд шудани миқдори муассисаҳои истеҳсолӣ, афзудани номгӯи маводҳои истеҳсолшаванда, дастрасии мардум ба маводҳои дорувории босифат дар ҳамаи гӯшаю канори мамлакат, ба сатҳу сифати нав баромадани хизматрасонӣ дар соҳа, далел шуда метавонад.
Тибқи моддаи 21-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ” ба воридоту содироти маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин содироти доруворӣ ва молҳои тиббӣ аз қаламрави Ҷ.Т. аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ тибқи тартиби муқараргардидаи қонунгузории Ҷ.Т. ба гирифтани иҷозатнома оид ба фаъолият анҷом меёбад.
Айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 90 ширкат ба воридоти маводи доруворӣ машғул мебошад.
Алҳол дар ҷумҳурӣ зиёда аз 2447 –муассисаи фармасевтӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин ҳисоб бештар аз 60 ширкат ба воридоту содирот ва 35 корхонаи истеҳсолӣ ба тавлиди дорувории ватанӣ, инчунин 2447 нуқтаи дорухонагӣ ба таъмини аҳолӣ ва муассисаҳои табобатию пешгирӣ бо маводҳои доруворӣ, молҳои таъиноти тиббӣ машғуланд. Дар ин муассисаҳо ҳазорҳо мутахассисони дорои маълумоти миёна ва провизорон кору фаъолият доранд. Маводҳои дорувории истеҳсолкунандагони ватанӣ дар баробари пайдо кардани талабот дар бозори истеъмолии дохил, баъзеи онҳо дар хориҷ аз мамлакат низ содир мешаванд.

- Оё ин маълумот дуруст аст, ки ба воридоти дорувории марбут ба бемориҳои вазнин, аз ҷумла саратон, ширкатҳои “хос” ё ба қавле “пуштибондор” машғуланд?
- Дар масъалаи монеагузориҳо ҳаминро гуфта метавонем, ки ин овозаҳо ягон асоси воқеӣ надоранд. Барои ворид намудани маводи дорувории махсус (аз ҷумла зиддисаратон) ягон монеъа вуҷуд надорад.

- Баҳси шираи камол. Оё воқеан ҳам, вазорати тандурустӣ технологияи замонавии ҷамъоварию коркарди шираи камолро надорад, он чӣ ки ахиран масъулони Кумитаи ҳифзи муҳити зист гуфтанд? Дар ин сурат иддаои пешрафт дар соҳаи доруистеҳсолкунӣ аз куҷост?
- Вазорат бо мақсади дар дохили ҷумҳурӣ ба роҳ мондани истеҳсоли саноати доруворӣ аз решаи ширинбия ва шираи камол да ршаҳри Душанбе, дар заминаи бинои собиқ сехи таҷрибавии истеҳсоли гиёҳҳои шифобахши Муассисаи давлатии “Пажуҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахши дорои таҷҳизотҳои ҳозиразамон ва технологияи муосирро ба нақша гирифтааст. Дар ин раванд таъмири пурраи бинои мазкур ба анҷом расонида, васл ва бакорандозии таҷҳизотҳои истеҳсолӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарордорад. Ифтитоҳи корхонаи мазкур дар соли равон ба нақша гирифта шудааст.
Дар Муассисаи давлатии “Маркази илмию тадқиқотии фарматсевтӣ” таҳияи маводҳои доруворӣ ва моддаҳои фаъоли биологӣ аз шираи камол (дар шакли ғилофак) ва решаи ширинбия (дар шакли шарбат) идома дорад.
Айни замон таҳияи регламенти техникии лабораторӣ ва Дастури доруномавӣ (фармакопеӣ)-и истеҳсоли иловаҳои фаъоли биологӣ аз шираи камол дар шакли ғилофак ва маводи дорувории шарбати (сироп) ширинбия дар зарф дар шакли лабораторӣ омода гардида, барои дар шакли саноатӣ истеҳсол кардан мутобиқ гардонида шуда истодааст.

- Ҳар сол дар ҷумҳурӣ даҳҳо тонна маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи ороишию гигиенӣ, ғизои кӯдаконаи муҳлати истифодабариашон гузашта, бе сертификати мутобиқат, ба таври қочоқ ба ҷумҳурӣ воридшуда ошкор ва нобуд карда мешаванд. Дар ин нимсола чӣ қадар ошкор карда шуд?
- Давоми шаш моҳи аввали соли 2019 аз ҷониби мутахассисони Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ҳангоми санҷишҳо аз муассисаҳои фармасевтии ҷумҳурӣ 3734 номгӯй маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ аз муомилот гирифта шуда, 101355 кг доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи ороишӣ-гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи муҳлаташон гузашта ва ба талабот номувофиқ боздошт ва нобуд карда шуданд.
Қайд бояд кард, ки ҳолати воридшавии маҳсулоти муҳлати истифодабариашон гузашта ба қайд гирифта нашудааст!

- Ва ниҳоят, ба назари Шумо, барои ба эътидол омадани вазъ ва пешрафти чашмрас дар ин бахш чӣ корҳоеро бояд анҷом дод ва чӣ қадар вақт даркор аст?
- Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳоди назоратии он – Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар самти ба эътидол овардани масоили марбут ба истеҳсол, воридот, гардиши маводи доруворӣ ва дар ин замина гирифтани пеши роҳи қочоқи ҳама гуна намуди маводи доруворӣ корҳои мушаххас ба анҷом расонида мешаванд.
Албатта, масъалаҳои мавриди назар ҳатто дар пешқадамтарин ва пешрафттарин кишварҳои рӯи олам низ ҷой доранд ва пурра ҳаллу фасл намудани онҳо ба саъю кӯшиш ва хираду заковати тамои ҷомеаи шаҳрвандӣ бевосита алоқамандӣ дорад.
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter