• 11:33 – Покистон дар Рӯзи истиқлолият аз ҳамдилӣ бо Кашмир гуфт 
  • 16:48 – Лоиҳаи АТОМ: силоҳи ҳастаӣ – роҳ ба нокуҷо 
  • 11:41 – Дарахтон хушк мешаванд, масъулон чаро хомӯшанд? 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 21:16 – Трансфери сол: Криштиану Роналду ба “Ювентус” гузашт 
  • 14:08 – Шабе аз ҳазор шаб… Дар Душанбе “Зебоипарастӣ” ва “Орифона” муаррифӣ шуд 

Ваҳдати сафирон дар “Арху”: овозаи манзараҳои Ромитро ба он сӯйи уқёнус мебаранд

Як иқдоми бесобиқаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҳафтаи гузашта мавзӯъи гуфтугӯи дипломатҳои хориҷии мустақар дар Душанбе буд: рӯзи 10 август КВД “Тоҷикдипсервис”-и назди ВКХ беш аз 25 сафиру роҳбарони ташкилотҳои байналмилалиро ба тамошои Маҷмааи сайёҳии “Арху”-и дараи Ромит бурд. 
Меҳмононро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин роҳнамоӣ ва раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода пешвоз гирифт.
Маълум гардид, ки ин иқдом дар пайи чорабиниҳои бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” роҳандозӣ шуда, ҳадаф муаррифии минтақаҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ва ҳунарҳои мардумист, ки дар ду соли ахир ба таври чашмрас рушд кардаанд.
Маҷмааи сайёҳии “Арху”, воқеъ дар 70 километрии шарқи Душанбе, рӯзи 2 август бо ҳузури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ шуд.

Ин меҳмонхонаи иборат аз 5 ошёна дар мавзеи хушманзара ва канори дарёи “Арху” қомат афрохта, ба гуфтаи масъулони мақомоти шаҳри Ваҳдат, номаш ҳам баргирифта аз ҳамин ҷост.
Меҳмонхонаи Маҷмаа, ки имкон дорад дар як вақт ба 70 нафар хизмат расонад, дорои шароити хуби истироҳату фароғат буда, дар як мавзеъи зебою афсонавӣ қомат афрохтааст. 
Аслан, ин як сайругашт ё боздиди ғайрирасмии дипломатҳои хориҷӣ буд.  
Зимни тамошои намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳии минтақа, ки мақомоти шаҳри Ваҳдат ташкил карданд, он чӣ ки сафиронро хуш омад, обу ҳавои тоза, сару либос, ҳунарҳои дастӣ, аз қабили асбобҳои рӯзгор, чакану кашидадӯзӣ ва дигар ҳунарҳои қадимаи тоҷикон буд. 
Дипломатҳо ба кандакории айвонҳои нишаст, ки бо нақшу нигори миллӣ оро ёфтаанд ва пайроҳаҳои аз санги табиӣ сохташуда ҳавас доштанд.

Маълумотнома
Маҷмааи сайёҳии “Арху” -и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат рӯзи 2 августи соли равон ифтитоҳ ёфт.
Меҳмонхона аз 5 ошёна иборат буда, дар ошёнаи якуми бино нишастгоҳ, ҷои қабули меҳмонон ва ошхона барои 50 нафар мавҷуд мебошад, ки бо тамоми шароити замони муосир муҳайё гардидааст. 4 ошёнаи дигар барои истироҳати меҳмонон пешбинӣ шуда, ҳамаи ҳуҷраҳо бо рахти хоб, телевизор ва дигар шароити зарурӣ муҷаҳҳазанд.
Дар дохили ҳуҷраҳои меҳмонхона ҳаммом бо буғи хушк ва тар, сауна ва таҷҳизоти варзишӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Он ҳамчунин дорои 32 ҳуҷраи дараҷаи олӣ (делюкс) мебошад.
Ҳуҷраҳои меҳмонхона кушоду барҳаво буда, яке аз дигаре бо шарту шароит ва тарҳи хоса фарқ мекунанд.
Дар шафати рости дарё бинои дуошёнаи қадима бунёд шудааст, ки фарогири расму русум ва анъаноти ниёгони мардуми тоҷик мебошад. Деворҳои дохили бино бо сару либос, ҳунарҳои дастӣ аз қабили асбобҳои рузгор, чакану кашидадӯзӣ ва дигар ҳунарҳои қадимаи миллати тамаддунофари тоҷик оро ёфтааст. Тавассути ин хонаи ба таври тоҷикона оро ёфта меҳмонону сайёҳон метавонанд аз урфу одат ва шароити зисту зиндагонии мардуми тоҷик дар замонҳои гузашта ошноии бештар пайдо намоянд.
Шароити васеи хизматрасонӣ, аз ҷумла сайёҳӣ, ва ду толори сақобозӣ, ду ҳавзи шоноварӣ, майдончаи теннис имкон фароҳам месозад, ки вақти мизоҷон хушу хотирмон гузарад.
Дар атрофи Маҷмааи сайёҳӣ 12 айвонча барои суҳбати истироҳаткунандагон сохта шудааст, ки ҳамаи онҳо бо нақшу нигори миллӣ ва кандакорӣ дар чӯб оро ёфтаанд.
Атрофи Маҷмаа дар масоҳати 10 гектар замин сабзазор гардида, зиёда аз як миллион гулҳои ҳархелаи доимиву мавсимӣ бо тарҳи гуногун шинонида шудаанд.
Маҷмааро ҳамчунин дарахтони мевадиҳандаву ороишии арча, мажавелник, кипарис, себу нок, оличаву зардолу зеб мебахшанд.
Ин Маҷмаа дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ҷиҳати рушди соҳаи туризм ва фароҳамгардонии имконоти васеи истироҳату фароғат барои сайёҳони ватаниву хориҷӣ бунёд шудааст.
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter