• 11:33 – Покистон дар Рӯзи истиқлолият аз ҳамдилӣ бо Кашмир гуфт 
  • 16:48 – Лоиҳаи АТОМ: силоҳи ҳастаӣ – роҳ ба нокуҷо 
  • 11:41 – Дарахтон хушк мешаванд, масъулон чаро хомӯшанд? 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 21:16 – Трансфери сол: Криштиану Роналду ба “Ювентус” гузашт 
  • 14:08 – Шабе аз ҳазор шаб… Дар Душанбе “Зебоипарастӣ” ва “Орифона” муаррифӣ шуд 

Сафари пур аз хотирот ба Ӯзбекистон

Қабл аз он ки дар бораи чӣ гуна ва бо чӣ барномае ба кишвари дӯсту ҳамсоя – Ӯзбекистон сафар доштем, чизе бигӯям, нахуст маълумоти мухтасарро дар бораи ин боздид, ки Мактаби мустақили рӯзноманигории “Тоҷикистон – асри XXI” созмон дод, пешниҳод мекунам.
Боздиди расонаии 12 нафар сарварону сармуҳаррирони ВАО ва созмонҳои рӯзноманигорӣ, инчунин роҳбарони студияи истеҳсолӣ ва оҷонсии рекламавии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯзҳои 7-12 июни соли 2019 гузаронида шуд. 
Мақсад аз баргузории онро сарвари Мактаби мазкур Сафо Сафаров “роҳандозии ҳамкорӣ ва табодули таҷриба миёни ВАО ва ташкилотҳои рӯзноманигории Тоҷикистону Ӯзбекистон, инчунин мусоидат ба инъикоси робитаҳои мутақобилан судманди ду ҷумҳурии шарики стратегӣ” арзёбӣ кард. Ин ташаббус дар доираи лоиҳаи “Беҳтар кардани ҳамкории рӯзноманигорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон” амалӣ гардид.
Барои ҳамаи 12 нафар иштирокдорони боздиди расонаӣ аз ҷониби Мактаби мустақили рӯзноманигории “Тоҷикистон – асри XXI” аккредитатсияи муваққатии журналистии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дастрас карда шуд. 
Намояндагони ВАО ва созмонҳои рӯзноманигорӣ, студияи истеҳсолӣ ва оҷонсии рекламавии Тоҷикистон тӯли 6 рӯз аз шаҳрҳои Тошканд, Бухоро ва Самарқанд боздид карданд.
Ин дигар воқеияти рӯзҳои мост...
Ошноӣ бо пешрафтҳои иқтисодиву иҷтимоии Ӯзбекистони соҳибистиқлол, боздид аз бузургтарин корхонаҳои саноатӣ, як каф дуо бар сари турбати Исмоили Сомонӣ, гаштугузор дар кӯчаҳои Бухоро, ки замоне бузургони миллат қадам мезаданд, аксбардорӣ дар майдони Регистон, лаҳзае нишастан дар ҳавлии Устод Садриддин Айнӣ, ошноӣ бо ҳамкасбони ӯзбекистонӣ ва аз наздик дидану шунидани ин ки онҳо дар бораи Тоҷикистон чӣ менависанду чӣ мегӯянд, суҳбати аҳли илму адаб ва ҷамъиятҳои тоҷикони Самарқанду Бухоро... ин ҳама аз ҷумлаи барномаи сафар буданд. 

Ташкили ин боздид ба дунболи сафари якҳафтаинаи журналистони ӯзбекистонӣ ба Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2018 иттифоқ афтод. Онро ҳам Мактаби мустақили рӯзноманигории “Тоҷикистон – асри XXI” бо гирифтани аккредитатсияи муваққатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 12 нафар кормандони ВАО-и Ӯзбекистон баргузор карда буд. 
Чунин ташаббус яке аз қадамҳои муҳим дар рушди равобити дуҷониба, бахусус, густариши ҳамкории рӯзноманигорони Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад. Агар бо сабабҳои маълум то ин замон барои як журналисти тоҷик рафтан ба ҷойҳое, ки зикр шуданд (он ҳам бидуни раводид ва дарёфти аккредитатсия) кори саҳлу содда набуд, ҳоло дигар ин воқеияти рӯзҳои мост.
Дар омади гап, шояд ин ҳам бахти мост, ки аввалин боздиди расонаии гуруҳӣ насибамон гардид.
Субҳи барвақти 7-уми июн ба шаҳри Тошканд парвоз кардем. Се сол қабл парвози озод аз Душанбе ба фурудгоҳи Тошканд як кори ғайримумкин буд. Тавассути даркушоиву марзкушоиҳои роҳбарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳоло на танҳо тавассути роҳи заминӣ, балки бо ҳавопаймо ва ҳамагӣ дар 45 дақиқа ба Тошканд расидан имкон дорад.
Ва расидем ба пойтахти Ӯзбекистону фикр кардам, ки гӯё боре ба ин ҷо омада бошам: фазои ошно, чеҳраҳои пуртабассуми кормандони фурудгоҳ, кӯчаҳои мисли Душанбе ободу зебо, пешвозгирии шарқиёна...
Ва ин оғози сафари рангину пур аз хотироти мо ба кишвари ҳамсоя буд.

“Овози тоҷик” – садое аз сад соли қабл
Тибқи барномаи тарҳрезишуда, нахустин мулоқоти мо дар идораи рӯзномаи “Овози тоҷик” бо ҳайати эҷодии ин нашрия баргузор шуд. Баробари вуруд ба идораи рӯзнома аввалин коре, ки кардем, ба даст гирифтани шумораҳои нашршудаи он буд. Аҷаб эҳсосе. Шояд бовар кардан мушкил аст, аммо ҳамин рӯзнома наздик ба 100 сол инҷониб дар Ӯзбекистон ба забони тоҷикӣ нашр мешавад.
Воқеан, номи “Овози тоҷик” барои ману хонандагони рӯзномаи “ИмрӯзNews” хеле шинос аст. Чанд сол қабл бо кӯшиши рӯзноманигор ва шоири маъруфи тоҷик Исфандиёри Назар тақрибан кулли матолиби солҳои аввали нашри ин рӯзнома ба хатти сирилик баргардон ва дар зиёда аз 300 шумораи “ИмрӯзNews” чоп шуда буд.
Зимни вохӯрӣ бо ҳайати эҷодии “Овози тоҷик” сармуҳаррири он Шерпӯлод Вакилов гуфт, ки айни замон рӯзнома ҳафтае ду маротиба ва бо теъдоди на камтар аз 1700 нусха нашр мешавад. Дар сафаҳоти ин рӯзнома масоили иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ пешниҳоди хонандагон мегардад.
“Мо бо хуб шудани муносибатҳои дуҷониба ҳамкорӣ бо ВАО-и Тоҷикистонро ба роҳ мондем. Ҳоло мо ба онҳо мавод мефиристем, онҳо низ ба мо ирсол медоранд. Дар ду соли охир аллакай ду корманди мо – Шерпӯлод Вакилов ва Мирасрори Фарғонӣ ба гирифтани ҷоизаи “Эътимод”-и Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон мушарраф шуданд. Ин баёнгари он аст, ки беҳтар шудани муносибатҳо барои мо – аҳли эҷод ҳам манфиати зиёд дорад”, - изҳор дошт Вакилов.
Айни замон дар рӯзномаи “Овози тоҷик” 27 нафар фаъолият мекунанд, ки 16 нафарашон эҷодкор ва 3 нафар узви Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон мебошанд.



Мулоқоти баъдии мо бо роҳбарияти Иттифоқи эҷодии журналистони Ӯзбекистон ва Маркази бозомӯзии рӯзноманигорон, инчунин сарварону сармуҳаррирони ВАО буд, ки дар Маркази миллии матбуот баргузор шуд.

Сайёҳӣ: Ӯзбекистон – садрнишини беҳтаринҳо
Пеш аз ин дар бораи иқтидори истеҳсолии корхонаҳои саноатии Ӯзбекистон, таваҷҷуҳи сармоягузорон, вуруди сайёҳони хориҷӣ, имтиёзҳову дигар барномаҳои давлатӣ ҷиҳати рушди иқтисоди ин кишвар шунидаву хонда будам. Бахши навбатии боздиди рӯзи аввал ҳам ба ин мавзӯъ иртибот дошт ва барои дарёфти иттилооти бештар ба Кумитаи давлатии рушди сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон рафтем.
Тибқи маълумоте, ки Саидакбархон Акбаров, муовини раиси Кумитаи давлатии рушди сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешниҳод кард, ин кишвар аз лиҳози вуруди сайёҳони хориҷӣ дар Осиёи Марказӣ яке аз мақомҳои аввалро дорад. Соли 2018 ба Ӯзбекистон 5 миллиону 346 ҳазор (соли 2016 – 2 миллиону 27 ҳазор, соли 2017 – 2 миллиону 690 ҳазор) сайёҳи хориҷӣ ворид шудааст. Суръати афзоиш ду маротиба ва дар муқоиса ба як соли қабл 99%-ро ташкил додааст.

“Аз рӯйи маълумоти пешакӣ, дар нимаи аввали соли 2019 зиёда аз 1,5 миллион нафар омадаанд. Ба якборагӣ афзудани теъдоди сайёҳони хориҷӣ ба он марбут аст, ки бо дастури ҳукумат зербинои соҳаро бамаротиб беҳтар кардем. Боло бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, имтиёзу ҳавасмандсозӣ, тағйири куллӣ дар низоми пазируфтани сайёҳон, соддагардонии дарёфти раводид ва ғайра аз ҷумлаи чораҳои андешидаи ҳукумати Ӯзбекистон аст”, - изҳор дошт ӯ.

Ба ҳолати 1 январи соли 2019 дар Ӯзбекистон фаъолияти 983 ширкати сайёҳӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аксарият дорои имтиёзҳои соҳавӣ ҳастанд.
Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии рушди сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, соли гузашта 1 095 505 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ӯзбекистон (асосан ба тамошои Самарқанду Бухоро) рафтаанд, ки ин баъд аз Қазоқистон нишондиҳандаи дуввум дар паҳнои ИДМ мебошад. Хароҷоти миёнаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро дар он кишвар Кумитаи давлатии рушди сайёҳии Ӯзбекистон 60,4 доллари ИМА ҳисоб кардааст. Маблағи умумии дар соли 2018 сарфкардаи тоҷикистониён дар Ӯзбекистон беш аз 66 миллион доллари ИМА-ро ташкил додааст.
Аз шиносоӣ бо дастовардҳои сайёҳии Ӯзбекистон маълум гардид, ки барои рушди ҷаҳонгардӣ чанд омили хеле муҳим мавҷуд аст. Ба назарам, дар доираи барномаи сесолаи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ки дар Тоҷикистон эълон шудааст, ба инобат гирифтани ин омилҳо ба афзоиши вуруди сайёҳони хориҷӣ мусоидат мекунад. Яке аз муваффақиятҳои ҳамсоякишвар дар ин бахш, ба гуфтаи Акбаров, “ислоҳоти соҳаи сайёҳӣ дар Ӯзбекистон аст, ки дар маҷмӯъ, осонкунии дарёфти раводид ва ҷараёни бақайдгирӣ, рушди зербинои сайёҳӣ, роҳу нақлиёт, ҳамкориҳои байнулмилалӣ ва ҷалби сармоя, муаррифии зарфиятҳои сайёҳӣ ва омодасозии кадрҳои ҳирфаиро дар бар мегирад”.
Ба унвони мисол, зимни чораҳои андешидаи давлат соли гузашта дар Ӯзбекистон теъдоди ширкатҳои сайёҳӣ 75 дарсад афзудааст. Ин омил, дар навбати худ, хизматрасонии сайёҳиро бештар кардааст. Танҳо соли гузашта 142 макони нави ҷойгиршавии ҷаҳонгардон (меҳмонхона, хостел ва ғ.) бо дороии 4121 ҷой ба истифода супорида шудааст.
Ҳамаи ин омилҳо ҳамзамон ба рушди босуръати минтақаҳо, ба вуҷуд омадани ҳазорҳо ҷойи корӣ, вуруди миллионҳо доллар сармоягузорӣ, афзоиши даромади аҳолӣ мусоидат кардаанд, ки дар ниҳоят баландшавии сатҳи зиндагии мардум ва беҳтаршавии имиҷи байнулмилалии кишварро дар пай дорад.

Ҳамин чораҳои андешидаи ҳукумат аст, ки айни замон Ӯзбекистон дар рейтинги Gallup Global аз лиҳози “Кишвари амн барои сайёҳат” дар миёни 142 мамлакат дар мақоми 5-ум ва дар рейтинги 10 самти ҷолиб барои сайёҳӣ дар мақоми 2-юм меистад. Ҳамзамон маҷаллаи “Travel and Leisure” Ӯзбекистонро дар феҳристи “Беҳтарин ҷой барои ҷаҳонгардӣ” дар мақоми аввал ҷой додааст.
Чунин феҳристҳо, ки ин кишварро аз лиҳози сайёҳӣ дар мақомҳои беҳтарин ҷой додаанд, кам нестанд.

2 трлн. доллар – маблағи сайёҳӣ. Ба Тоҷикистон чӣ қадар мерасад?
Мо бо Ӯзбекистон қаробату монандиҳои зиёд дорем. Ба назари ман, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дида мешавад, дар ин самт ҷиддан саъю кӯшиш мекунад, бояд ҳарчи бештар бо сохторҳои сайёҳии ҳамсоякишвар дар иртибот бошад ва ҷиҳати истифодаи таҷрибаи онҳо дар ҷумҳуриамон аз ҳар имкон истифода намояд. Масалан, дар ҳамкорӣ бо масъулини ҳамсоякишвар амалӣ кардани ин пешниҳод, ки бояд туризми минтақаӣ ба авлавият бароварда шавад, барои дурнамои рушди соҳа на танҳо дар Ӯзбекистон ё Тоҷикистон, балки барои кулли Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад.
Умедвор нишастану ба ин фикр будан, ки имрӯз ё фардо сайёҳони хориҷӣ меоянд, ба рушди соҳа кумак намекунад. Дар баробари инкишофи зербино ё инфрасохтор, бояд чораҳои ҳавасмандсозиро бештар кард. Барои мисол, ҳамин иқдом қобили ситоиш аст, ки ба сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон сим-корти ройгони дорои интернет ва дақиқаҳои суҳбат дода мешавад. Аз рӯйи таҷриба, аввалин коре, ки сайёҳи хориҷӣ баробари ба як кишвар ворид шудан мекунад, дастрасӣ пайдо кардан ба иртиботи байнулмилалӣ аст. Шояд барояш бо чанд доллар харидани он мушкил нест, аммо ҳамин, ки сим-корти ройгон дастрас мекунад, дар қадамҳои аввал ӯро барои ин ҷо омадану дар ин ҷо будан дилгарму ҳавасманд месозад. Ҳамин гуна иқдомҳо, ки дар назари аввал кӯчак менамоянд, барои дурнамои рушди соҳа саҳми бузург мегузоранд.
Сайёҳӣ дар тамоми ҷаҳон бо суръати баланд рушд меёбад. Бино ба маълумоти Созмони байнулмилалии сайёҳӣ, теъдоди ҷаҳонгардон дар соли 2020 аз ҳадди 1,6 миллиард нафар гузашта, даромад аз ин ҳисоб то 2 трилион доллари ИМА меафзояд. Дар аксар кишварҳои олам сайёҳӣ барои Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, таъсиси ҷойҳои иловагии корӣ, фаъолнокии тавозуни тиҷорати хориҷӣ нақши бузург дорад. Тоҷикистон низ истисно нест, аммо ин масъала муҳим аст, ки давлати мо то чӣ андоза аз имконоти доштааш истифода мебараду аз ҳамон 2 трлн. доллари пешбинишуда чӣ қадар ҷалб карда метавонад.

Вақте дари ҳамкорӣ боз шуд...
Тоҷикистону Ӯзбекистон дар тақрибан се соли охир муносибатҳои худро комилан тағйир дода, ба сатҳи шарикии стратегӣ бароварданд. Ҳар ду кишвар 17-уми августи соли 2018 Аҳднома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистонро имзо карданд.
Бино ба маълумоте, ки Вазорати иқтисод ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҳайати рӯзноманигорони Тоҷикистон пешниҳод кард, танҳо дар соли 2018 гардиши савдои байни ду кишвар 64 дарсад афзуда, 389 миллион доллари ИМА-ро ташкил додааст. Ба ҷуз ин, тайи ду соли охир ташкили корхонаҳои муштарак 3,5 маротиба (45 адад) зиёд шудааст. Дар ин вазорат муҳим мешуморанд, ки раванди мазкур бо ҳамин суръат нигоҳ дошта шуда, гардиши тиҷоратӣ дар соли 2019 ба сатҳи на кам аз 500 миллион доллари ИМА расонида шавад.
Баъд аз сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон (9-10 марти соли 2018) ва нахустин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон (17-18 августи соли 2018) дар муҳлати кӯтоҳ ҳамкориҳои ду кишвар ба марҳилаи нав ворид шуд. Зимнан байни ҳукуматҳову мақомоти ду кишвар беш аз 50 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид ва дар робитаҳои дуҷониба “тағйироти бузург ба вуҷуд омад”.

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои молиявӣ, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридании андоз аз даромад ва сармоя, Созишнома байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ташкили тартиби соддаи амалисозии амалиёти гумрукӣ ҳангоми гузаронидани маҳсулот ва воситаҳои нақлиёт байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҷумлаи муҳимтарин санадҳои ҳамкорӣ дар бахши иқтисод ҳастанд, ки дар ин давра ба тасвиб расиданд.
“Фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва Шӯрои кории Ӯзбекистону Тоҷикистон механизми самарабахши пешбурди робитаҳои дуҷониба дар соҳаи савдо ва сармоягузорӣ мебошад”, - гуфтанд дар Вазорати иқтисод ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

Барқарор кардани парвози ҳавопаймоҳо (Тошканд-Душанбе ва баръакс), роҳандозии хатсайрҳои мусофиркашонӣ (Тошканд-Хуҷанд-Тошканд, Панҷакент-Самарқанд ва ғайра), инчунин фаъолшавии гузаргоҳҳои нақлиётиву роҳи оҳан аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳои дуҷониба арзёбӣ мешавад. Ҳамзамон роҳи оҳани байнидавлатии  “Fалаба – Амузанг – Хошадӣ” аз нав ба фаъолият пардохт, ки дар кашонидани молу маҳсулот нақши муҳим дорад.
“Дар натиҷа, ҳаҷми боркашониҳои қатораӣ байни ду кишвар дар ду соли охир 17 дарсад зиёд шуда, 5,2 миллион тоннаро ташкил дод. Ширкатҳои ҳавопаймоии ду кишвар 10,2 ҳазор нафар мусофир ва 76 тонна бор кашониданд”, - гуфта мешавад дар маълумотномае, ки Вазорати иқтисод ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дастраси журналистони Тоҷикистон кард.
Дар рӯзи аввали боздид ҳамчунин мулоқоти намояндагони расонаҳои тоҷикистонӣ бо Ислом Жасимов, муовини якуми раиси Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон баргузор шуд. Номбурда оид ба чорабиниҳои муштараки иқтисодӣ, форумҳои тиҷоративу намоишгоҳҳои истеҳсолӣ, ташкил ва иштирок дар ҳамоишҳои байни манотиқи ҷумҳуриҳо ва имзои асноди ҳамкорӣ миёни истеҳсолгарону тоҷирони ду кишвар суҳбат кард. Вай афзуд, ин гуна чорабиниҳо, ки ба рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ замина мегузоранд, дар асл муҳаррики тиҷорат ва пешравии иқтисод ҳастанд. Ба гуфтаи ӯ, бо назардошти имконоте, ки ҳар ду ҷониб доранд, қонеъ шудан ба дастовардҳои имрӯза барвақт аст ва “хеле барномаҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва сайёҳӣ ҳастанд, ки ояндаи наздик амалӣ карданашон дар назар аст”.


Истифодаи таҷрибаи “Артел” дар Тоҷикистон 
Агар барои Тоҷикистон КВД “Ширкати алюминийи тоҷик” ё ТАЛКО бузургтарин корхонаи истеҳсолии боиси ифтихор бошад, дар Ӯзбекистон ҳам аз доштани корхонаҳое чун “Артел” мефахранд. Албатта, иқтидори тавлидотии ин ду корхона қобили муқоиса нест, аммо ба унвони ду истеҳсолкунандаи бузурги ҳамсоякишварҳо ҳайатҳои зиёдеро барои тамошо қабул кардаанд, ки ин баёнгари то чӣ андоза муҳиму стратегӣ будани онҳо мебошад. Масалан, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни нахустин сафари давлатӣ ба Ӯзбекистон дар моҳи августи соли 2018 ба корхонаи “Артел” рафта буд. Ба дунболи он, моҳи сентябри соли гузашта Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳам аз ТАЛКО боздид кард. Таъсиси намояндагии ширкати “Артел” дар Тоҷикистон ва оғози фаъолияти корхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон “ТАЛКО-КРАНТАС”-ро метавон ҳосили ин боздидҳо номид, ки муваффақона дар ҳоли амалишавианд.

Ба иштирокдорони боздиди расонаӣ ҳам имкон даст дод, ки дар рӯзи дуввуми сафар ба шаҳри Тошканд бо фаъолияти ин корхонаи истеҳсолӣ шинос шаванд.
“Artel Engineering and Management” ё мухтасар – Ширкати “Артел” ҳамакнун тасмим дорад, дар идомаи таъсиси намояндагии расмӣ ва марказҳои фурӯш, соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе як корхонаи муштараки истеҳсоли техникаи маишӣ ифтитоҳ кунад.
Муовини сарвари ҶДММ “Artel Engineering and Management” Бектемир Муродов зимни боздиди журналистони тоҷикистонӣ аз корхона дар шаҳри Тошканд гуфт, ки дар ин ҷо яхдон ва дастгоҳи либосшӯӣ, қисмҳои зарурии таҷҳизот аз плостик, шиша ва фулузот, инчунин маҳсулоти бастабандӣ бо истифода аз пенопласт барои таҷҳизоти маишӣ истеҳсол мешавад. 

Ҳамзамон, якчанд корхонаи ширкати мазкур дар минтақаҳои гуногуни Ӯзбекистон фаъолият карда, намудҳои гуногуни телевизор, кондитсионер, телефони ҳушманд, оташдони газию барқӣ, чангкашак, обгармкунаки барқӣ, дастгоҳи равшанидиҳанда, чойники обҷӯшонӣ, уту барои дарзмол, дудбарои ошхона ва ғайра тавлид мекунанд. Маҳсулоти ин ширкат ба ғайр аз таъмини талаботи дохилии Ӯзбекистон, ҳамчунин ба Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Арманистон, Русия, Беларус, Украина ва Латвия содирот мешавад.
Воридоти техникаи маишии ин корхона ба Тоҷикистон соли 2016 оғоз гардида, сипас ҶДММ “Хонаи савдои Артел” ва 4 нуқтаи савдо дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд, инчунин марказҳои дилерӣ дар аксар бозорҳои Тоҷикистон таъсис ёфтааст.
“Ҳаҷми содироти маҳсулоти “Артел” ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 – 6,3 миллион доллари ИМА ва дар моҳҳои январ-майи соли 2019 – 1,9 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод”, - иттилоъ доданд аз ин ширкат.

Ба гуфтаи масъулони корхона, ҳамин афзоиши талабот ба маҳсулоташон дар Тоҷикистон боиси ба вуҷуд омадани идеяи бунёди корхонаи истеҳсолӣ дар шаҳри Душанбе гардидааст. Ин лоиҳа дар асоси қарордоде амалӣ мешавад, ки байни ҷонибҳо дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд рӯзҳои 17-18 август ба даст омада буд. Сипас ҷонибҳо аз таъсиси корхонаи муштараки байни “Artel Engineering and Management” (Ӯзбекистон) ва ҶДММ “Avesto Group” (Тоҷикистон) оид ба истеҳсоли техникаи маишии бренди “Артел” дар шаҳри Душанбе хабар доданд.

“Дар марҳилаи аввали ин лоиҳа сохтмони корхонаи истеҳсоли дастгоҳҳои обгармкунӣ ва чангкашакҳои барқии бренди “Артел” бо иқтидори тавлидотии 200 ҳазор адад дар сол ба нақша гирифта шудааст. Оғози истеҳсолот дар моҳи декабри соли 2019 пешбинӣ шудааст”, - гуфтанд масъулони ширкат.

Ва аммо ин ниҳояти фаъолияти корхонаи мазкур дар Тоҷикистон нест. Гуфта шуд, ки дар оянда вобаста ба татбиқи муваффақонаи марҳилаи аввали лоиҳа сармоягузорони ҳар ду кишвар ба роҳандозии марҳилаи баъдӣ ва истеҳсоли навъҳои нави маҳсулот шурӯъ мекунанд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар моҳи сентябри соли 2018 иброз дошт, ки “таҳияву татбиқи лоиҳаҳо ва тавсеаи ҳамкории бахшҳои тиҷорату иқтисод, муносибатҳои фарҳангию гуманитарӣ байни кишварҳо таҳти назорати бевоситаи Сарвари давлати Тоҷикистон қарор дорад ва барои баҳрабардорӣ аз тамоми имкониятҳои истифоданашуда тадбирҳои мушаххас амалӣ мегардад”. Зеро “барои татбиқи ин ҳадафҳо заминаи мусоиди ҳуқуқию қарордодӣ, захираҳои моддӣ ва нерӯи инсонӣ, анъанаҳои накӯи таърихии дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ мавҷуд аст”.

Зимни мулоқоти мазкур дар баробари дигар барномаҳо таъсиси филиали ширкати “Артел” дар Тоҷикистон аз ҷумлаи иқдомоти нек арзёбӣ гардид, ки “ба манфиати мардумони тоҷику ӯзбек равона шудааст”.
Дар ҷараёни шиносоӣ бо фаъолияти “Артел” журналистони тоҷикистонӣ ҳамчунин аз нуқтаҳои васлу насби таҷҳизот, маркази пажӯҳиши илмӣ, маркази логистикии ширкат, маркази бозомӯзӣ, маркази тамос ва ғайра боздид карданд. Айни замон дар ин корхона наздик ба 7,5 ҳазор нафар фаъолият мекунанд, ки аксарашон ҷавонони то 30-сола мебошанд. 

Дар ширкат зимни шарҳи синну соли кормандон ишора карданд, ки барномаи меҳнатии онҳо маҳз ҳаминро дар назар дорад ва барояшон муҳим аст, ки ҳама тарбиядидаи мактаби ширкат бошад. Яъне кормандонро пурра худашон омода мекунанд, то баъд аз 30-солагӣ аллакай мутахассиси кори худ бошанд ва “ҳар ҷое ҳам, ки барои идомаи фаъолият мераванд, аз уҳдаи кори худ бароянд”.



Замоне ки аз корхона берун мешудем, ҷавондухтарони зиёдеро мушоҳида кардем, ки пушти даромадгоҳ навбат истодаанд. Масъулон гуфтанд, ки онҳо бо ҳавасмандӣ ба корхона муроҷиат мекунанд, то омӯзишҳои махсусро гузашта, корманди ин ширкати истеҳсолӣ шаванд.Ба ҳар сурат, айни замон “Артел” аз ҷумлаи муҳимтарин тавлидгарони Ӯзбекистон маҳсуб мешавад. Истифодаи таҷрибаи ин корхона дар Тоҷикистон барои рушди иқтисоди кишварамон саҳми назаррас гузошта метавонад.

Сайругашти шабона дар канори “деворҳои Бухоро”
Аз Тошканд савори қатораи баландсуръати “Афросиёб” (то 230 км/с) тақрибан дар сею ним соат ба шаҳри Бухоро расидем. Ин қатора яке аз дастовардҳои мусофиркашонӣ дар ҳамсоякишвар аст, ки ҳамарӯза дар хатсайри Тошканд-Самарқанд-Бухоро-Самарқанд-Тошканд ва самтҳои дигар ҳаракат мекунад. Фосилаи роҳи оҳан аз Тошканд то Бухоро зиёда аз 600 км буда, яке аз муҳимтарин хатсайрҳои сайёҳии Ӯзбекистон дониста мешавад.
Дар Бухоро моро бо карнайю сурнай пешвоз гирифтанд. Ҳанӯз қатора ист накарда, садои ошнои мусиқии мардумӣ баланд шуд. Ва кас воқеан гумон мекард, ки дар кадом як чорабинии фарҳангӣ дар Тоҷикистон ҳузур дорад: айни ҳамон фазои ошно, “хуш омадед”-гӯиҳои тоҷикона, пазироии самимии пешвозгирандагон...
Чун ба меҳмонхона расидем, маслиҳат ин шуд, ки ҳар касе хоҳиш дорад, метавонад ба тамошои Бухорои шабона барояд. Ҳамин тавр ҳам шуд.

Ва ба зудии зуд худро ба канори “деворҳои Бухоро” расонидем.
Ҳаяҷоне, ки ҳар яки моро баробари дидани Манораи Калон, дару деворҳои Мадрасаи Мири Араб, Мадрасаи Кӯкалдош ва дигар биноҳои таърихӣ фаро мегирифт, тасвирношуданист. Худи ҳамин эҳсос, ки ҳамин лаҳза дар кӯчаҳои “гаҳвораи тамаддуни Осиё” қадам мезанед, касро ба андеша мебарад: чӣ ганҷинаи пурарзишеро гузаштагонамон ба мерос мондаанд.
Тамошои шабонаи Бухоро аҷаб кайфияте дорад. Шаб аз нисф гузаштаву мо ҳамоно дар кӯчаҳои Бухороем. Ин ҷо оромии комил ҳукмфармост. Лаҳзае назди Манораи Калон нишастану ба умқи таърих фурӯ рафтан, даст ба дарвозаи Мири Араб гузоштану худро дар симои Устод Айнӣ тасаввур карданро солҳои зиёд орзу доштем, ки акнун амалӣ шуд.


Як каф дуо бар сари турбати Исмоили Сомонӣ
Рӯзи дигар моро сайругашти фаромӯшношудание дар пеш буд: аксу наворбардории мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии шаҳри Бухоро.
Нахуст рафтем, то бубинем, ки мақбараи Исмоили Сомонӣ – асосгузори аввалин кишвари мутамаркази тоҷикон – Давлати Сомониён чӣ ҳол дорад. Оромгоҳи ӯ яке аз маъруфтарин мавзеъҳои таърихии Бухоро буда, тақрибан дар маркази шаҳри қадима ҷойгир аст. Мақбара ҳамагӣ як даромадгоҳ дошта, миёнҷойи дохили он Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар хоби абадист. Қабри ӯро бо даст палмосидаву таърихи тиллоии давлатдории тоҷикон мисли навор пеши назар ҷилвагар мешуд. Ҳар қадар ин ҷо бештар нишиниву аксбардорӣ бикунӣ, ба назар мерасад, ки ҳамон қадар бештар мехоҳӣ, канори ин мақбара бимонӣ. Ҳар қадар атрофи он давр мезанӣ, ҳамон қадар наздиктар ба таъриху тамаддуни худ мешавӣ...

Меъморону таърихшиносон арзиши баланди мақбараи Исмоили Сомониро эътироф кардаанд. Он ба гунае бунёд шуда, ки бо гузашти садсолаҳо зери офтоби сӯзону боду борон газанде надида: гӯё онро ҳамин чанд соли пеш сохтаанд, аммо ин хиштҳову дару девори ҳазор соли қабланд.Атрофи мақбара пур аз сайёҳони хориҷист: ба зиёрати шахсияте омадаанд, ки оромгоҳаш беш 1100 сол инҷониб пойбарҷост. Гӯё моро наззора мекарданд, гӯё дар симои мо сафҳа ба сафҳа таърихи миллати тоҷикро варақ мезаданд. Ҷое дидам, ки ду нафар аз онҳо амалҳои моро такрор мекунанд: сангҳои мақбараро мепалмосанд, ба дида мемоланд, хомӯшона роз мегӯянд...
Бо як каф дуо ба сари гӯри Исмоили Сомонӣ хотираи ин марди бузургро гиромӣ доштаву мақбараро тарк кардем.

Дар қадамҷойи бузургон
Бухоро қадамҷойи бузургон аст. Замоне дар кӯчаҳои он Исмоили Сомониву Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Устод Айниву Аҳмади Дониш ва даҳҳои дигар бузургони миллат қадам мезаданд. Сайругашт дар ин мавзеъҳо таърихи пурғановатро пеши рӯ меорад.
Бухорои куҳанбунёдро шаҳр – музей ҳам меноманд. Ин ҷо садҳо ёдгории бостонӣ, ансамбли меъморӣ, мадрасаву хонақо, мақбараю масҷидҳо, девору дарвозаҳо ва ғайра мавҷуданд. Соли 1993 Бухорои таърихӣ якҷоя бо ансамбли меъмории марбути он ба мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд.

Баъд аз зиёрати мақбараи Исмоили Сомонӣ, худи ҳамон рӯз аз Чашмаи Аюб, Арк, Манораи Калон, Лаби ҳавз, Мадрасаи Мири Араб, Мадрасаи Кӯкалдош, тоқҳои Саррофон, Заргарон ва Телпакфурӯшон, Ситораи моҳи хоса, Мақбараи Баҳоуддин Нақшбанд ва ғайра боздид кардем.
Ба назарам чунин намуд, ки ҳар як мавзеъи Бухоро як давраи ташаккули таърихист.
Сокинони маҳаллӣ изҳор медоранд, ки ба туфайли сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти нави ҳукумати Ӯзбекистон дар ду соли охир вуруди сайёҳони хориҷӣ ба Бухоро хеле афзуда, ҳамзамон корҳои таъмиру азнавсозии ёдгориҳои таърихӣ авҷ гирифтаанд.

Вохӯриҳои дигар
Дар рӯзи аввали боздиди Бухоро ҳамчунин якчанд вохӯриву ширкат дар чорабиниҳои фарҳангӣ доштем. Баъд аз тамошои Бухорои таърихӣ ба кӯдакистоне рафтем, ки дар он ҷо аз ҳаво оби ошомиданӣ истеҳсол мекунанд.
Ин дастгоҳ аз давлати Исроил оварда шуда, гуфта мешавад, айни замон дар низоми таҷрибавӣ фаъолият мекунад. Дар ҳоли муваффақона амалӣ шудани он, Ӯзбекистон тасмим дорад, дар доираи созишнома бо Исроил чунин дастгоҳҳоро дар дигар минтақаҳои гарми ҷумҳурӣ насб намояд.

Ба ин васила ҳамсоякишвар мушкили дастрасӣ ба оби ошомиданиро ҳал карданист.
Ба маълумоти Вазорати рушди инноватсионии Ӯзбекистон, ин дастгоҳ дар як рӯз қариб 900 литр об истеҳсол мекунад.



Шоми ҳамон рӯз дар чорабинии фарҳангие, ки дар саҳни Мадрасаи Нодир девонбегӣ баргузор гардид, ширкат варзида, ҳамчунин бо намояндагони Маркази миллию фарҳангии тоҷикони вилояти Бухоро мулоқот кардем.

Боздид аз “Bukhara Brilliant Silk” ва мулоқот бо намояндагони ВАО
Дар идомаи боздид аз Бухоро ба корхонаи шоҳибофии “Bukhara Brilliant Silk” рафтем, ки айни замон ба зоти худ ягона маҳсуб мешавад. Ин ҷо ҳамаи марҳилаҳои фаъолият – шурӯъ аз таҳияи пиллаи хом то ба омодасозии матоъ ва дӯхтани либосу ба фурӯш баровардани он – анҷом мешаванд. 

Дар ин ҷо ҳамаи маҳсулот ба пуррагӣ моли худист. Пилларо аз кишоварзон дастрас намуда, дар худи корхона коркард мекунанд. Дар идома ришта кашидаву онро ранг мезананд. Мутахассисони коргоҳ нақш меофаранд ва аз рӯйи ҳамин нақшҳо матоъ омода месозанд. Аз матоъи омодашуда, ки дар навбати худ чанд марҳиларо тай мекунад, либос медӯзанд ва онро дар мағозаи худи корхона ба фурӯш мебароранд.
Корхона абрешими хом, абрешими ресандагӣ, матоъҳои абрешимӣ, куртаҳо, шарфҳо, болишту болопӯш ва дигар маҳсулотро омода мекунад, ки ҳамагӣ аз нахи абрешим ҳастанд.
Ҳамзамон дар ин ҷо атлас, крепдешин, шифон ва чандин навъи дигари матоъ омода ва ба мизоҷон пешниҳод мешавад.
Аз суҳбат бо роҳбарияти корхона маълум гардид, ки айни замон 99 дарсади маҳсулоти корхона содирот мешавад.

Ба андешаам, бо назардошти рушди пиллапарварӣ дар Тоҷикистон, истифодаи таҷрибаи “Bukhara Brilliant Silk” ва ташкили корхонаи ҳаммонанд метавонад ин бозорро дар ҷумҳурӣ гарм кунад.
Аснои вохӯрӣ бо ҳайати эҷодӣ ва намояндагони ВАО-и Бухоро гуфтугӯйи судманд оид ба равобит ва ҳамкориҳои байни хабарнигорони ду кишвар, сафарҳои ҷавобӣ, таҳияи матолиби муштарак ва амсоли ин ҷараён гирифт. Роҳандозии иртиботи эҷодӣ байни ҷонибҳо, хусусан, бо назардошти ба сатҳи шарикии стратегӣ баромадани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон хеле муфид арзёбӣ шуд.
Бо ҳамин боздиди ҳайат аз “шаҳри мероси башарият” хотима ёфт ва аз Бухоро тавассути қатора ба самти Самарқанд ҳаракат кардем.


Дар Самарқанд аз ҳамкорӣ ва саҳми хабарнигорон гуфтем
Маросими пешвози хабарнигорони тоҷикистонӣ дар вокзали роҳи оҳани Самарқанд ҳам хеле самимӣ буд. Истиқболи гарми мизбонон ва оғӯшкушоии ҳамдигар саҳнаеро пеши рӯ меовард, ки ду бародар ё дӯстони хеле наздик пас аз солиёни зиёд ба дидори ҳам расиданд. Инро мушоҳида кардаву дарк намудан осон аст, ки дӯстону бародарон муштоқи ҳамдигаранд.
Боздид аз шиносоӣ бо фаъолияти идораи рӯзномаҳои вилоятии “Овози Самарқанд”, “Зарафшон” ва “Самаркандский вестник” оғоз ёфт. Ин се рӯзнома айни замон дар шумори муҳимтарин ВАО-и Самарқанд буда, миёни хонандагон мақому ҷойгоҳи хосса доранд.

Рӯзноманигорони Тоҷикистонро дар назди “Бинои матбуот” бо карнайю сурнай пешвоз гирифтанд. Дар идома аз осорхонаи рӯзномаҳои мазкур боздид карда, бо намунаи дастхатҳои сад соли қабл, нахустин шумораҳои рӯзнома дар Осиёи Миёна, аксҳои таърихии Устод Айнӣ ва дигар бузургмардоне, ки бо рӯзнома сару кор доштанд, шинос шудем.
Ҳайати эҷодӣ анъанаи неки рӯзномадорӣ дар Самарқандро ҳифз карда, ҳар ҳафта муҳимтарин ахбори дохилу хориҷ, мавзӯъоти мубрами ҷомеа, самтҳои фаъолияти давлату давлатдорӣ ва ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии шаҳрро инъикос ва пешниҳоди хонандагон месозад.
Аммо боздиди рӯзноманигорони тоҷикистонӣ танҳо аз шиносоӣ ва мулоқотҳо иборат набуд. Худи ҳамон рӯз ба Ширкати телевизион ва радиои Самарқанд даъват шудем, то ин ки дар барномаи “Ҷараён” бахшида ба равобити Тоҷикистону Ӯзбекистон суҳбат дошта бошем.

Дар ин намоиши телевизионӣ чанд узви ҳайат оид ба ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ, омӯзишию маърифатӣ ва сайёҳӣ суханронӣ карданд. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки ҳар ду ҷониб барои беш аз пеш густариш ёфтани муносибатҳои дӯстона ҳавасманд буда, саҳми хабарнигорон низ дар ин самт назаррас мебошад. Инъикоси касбии масоили ҳамкории байни Тоҷикистону Ӯзбекистон, бо шумули ҳамоишҳои соҳибкорону сармоягузорон, равуои сокинон, воридоту содироти молу маҳсулот, чорабиниҳои фарҳангиву сайёҳӣ ва ғайра барои боз ҳам наздикшавии ҳамсоякишварҳо имкон медиҳад.

Ба Хона-музейи Устод Айнӣ рафтем
Яке аз муҳимтарин бахшҳои барномаи сафари Самарқанд боздид аз Хона-музейи Устод Садриддин Айнӣ буд, ки худи ҳамон рӯз баъд аз анҷоми намоиши телевизионӣ ва тамошои Маркази маънавию маърифатии “Олами китоби Самарқанд” сурат пазируфт.
Дар суҳбате, ки бо Амриддин Пӯлодов, мудири Хона-музей доштем, гуфта шуд, ки айни замон тибқи нақша дар он таъмири асосӣ ҷараён гирифта, корҳои ободонӣ гузаронида мешаванд.

Бо қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои таҷдиди Хона-музейи Садриддин Айнӣ дар соли 2018 аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ 300 миллион сӯм ҷудо карда шудааст.
Пӯлодов изҳор дошт, ки дар асоси ҳамин қарор азнавсозии Хона-музей идома дошта, бо анҷом ёфтани корҳои таъмирӣ, дар доираи барномаҳои фарҳангию маърифатӣ оид ба ҳаёт ва эҷодиёти Садриддин Айнӣ ҳамоишҳо ташкил мешаванд. Ҳамчунин нашри китобу варақаҳо ва мақолаҳои илмию оммавӣ оид ба рӯзгору фаъолияти ин нависандаи маҳбуб дар назар аст.
Дар оянда тарроҳии вебсайти Хона-музейи Садриддин Айнӣ, гузаронидани конфронси байнулмилалӣ ва тадбирҳои дигар ба нақша гирифта шудаанд.
Хона-музей аз ду қисм иборат буда, ба маълумоти Пӯлодов, қисмати аввали он дар охири асри XVIII – оғози асри XIX сохта шудааст. Қисми куҳнаи ҳавлӣ аз айвони дарози шимолӣ ва аввалин утоқи корӣ, меҳмонхона бо даҳлезаш ва айвони ҷанубӣ иборат аст. Қисмати дуюми онро Устод бо рафиқонашон солҳои 30-юми асри гузашта бо дастони худашон бино кардаанд.
Хона-музей дар маркази қадимаи шаҳри Самарқанд, дар наздикии муҷтамаъи таърихию меъмории “Регистон” ҷойгир аст. Фаъолияти он  бо қарори ҳукумати Ӯзбекистон 19-уми майи соли 1967 оғоз шудааст.

Устод Айнӣ беш аз 30 сол (аз 1923 то 1954) дар ин ҳавлӣ зиндагӣ кардааст, ки он аз ҳуҷраҳои истиқоматӣ ва ду дафтари корӣ иборат буда, асарҳои “Fуломон”, “Одина”, “Ятим”, “Мактаби кӯҳна” ва “Исёни Муқаннаъ” дар ҳамин ҷо офарида шудаанд.
Дар Хона-музей ашё ва ҷиҳози қадимию замони шӯравӣ, лавозимоти худи Устод, асарҳо ва дастхатҳо, намунаи рӯзнома ва маҷаллаҳое, ки дар нимаи аввали асри ХХ ба забони тоҷикӣ нашр мешуданд, ҳамчунин осори ба дигар забонҳо тарҷума ва чопшудаи Садриддин Айнӣ маҳфузанд.
Гуфта шуд, ки ин ҳавлӣ ҷойи дӯстдоштаи Устод буд. Ӯ бештари вақти худро дар он мегузаронид ва дӯстону ҳамкасбон, олимон, арбобони давлатию ҷамъиятӣ, ҷавонони боистеъдод ва меҳмонони хориҷӣ барои дидорбинӣ ва машварат ба ҳамин ҳавлӣ меомаданд.

“СамАвто” пештоз шуданист
Яке аз бузургтарин коргоҳҳои шаҳри Самарқанд Корхонаи истеҳсоли воситаҳои нақлиётии “СамАвто” мебошад. Ин корхона асосан ба тавлид ва бандубасти нақлиёти мусофиркашонӣ ва боркашонӣ машғул буда, нақша дорад, ки яке аз пештозони ин самти фаъолият дар ИДМ шавад.
Зимни боздиди рӯзноманигорони тоҷикистонӣ аз ин корхона масъулин гуфтанд, ки айни замон “СамАвто” беш аз 10 навъи автобус ва нақлиёти боркашониро истеҳсол карда, ба бозорҳои Ӯзбекистон ва хориҷи кишвар мебарорад. Солона дар ин корхона 3000 нақлиётӣ боркашононӣ ва 1000 мусофиркаши навъҳои гуногун истеҳсол мешаванд. Масъулини “СамАвто” нақша доранд, ки барои маҳсулоти корхонаи худ дар Тоҷикистон низ харидор пайдо кунанд.


Анъанаи коғазсозии ниёгон зинда аст
Самарқанд на танҳо бо майдони Регистону расадхонаи Улуғбек ва даҳҳо мақбараву мадраса машҳур аст. Ин ҷо ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаҳои дӯзандагиву созандагии садсолаҳо қабл ҳамоно зинда нигоҳ дошта мешаванд. Яке аз ҳамин гуна ҳунарҳои дастӣ – истеҳсоли коғаз бо усули қадимист, ки дар коргоҳи “Конигил Мерос” таҳия карда мешавад.
Барои омодасозии ин коғаз усули муосир истифода намешавад. Онро аз чӯби тут ва бо истифода аз дастгоҳҳои обӣ истеҳсол мекунанд. Дақиқан, ин намунаи технологияест, ки садсолаҳо қабл гузаштагонамон бо корбурди он коғаз истеҳсол мекарданд.

Марҳилаи омодасозии коғази дастӣ якчанд рӯзро дар бар мегирад. Дар аввал чӯби тутро, ки аз дарахти муқаррарӣ гирифта мешавад, 3-4 шабонарӯз дар об тар мекунанд, то ин ки мулоим шавад. Баъдан пӯсти онро ҷудо карда, 5-6 соат дар дег меҷӯшонанд. Дар идома пӯсти тутро якчанд соат тавассути дастгоҳи ҷӯбин мекӯбанд ва мисли хамир мулоим мекунанд. Ба ҳар 2 килограми он то 50-60 литр об ҳамроҳ карда, бо истифода аз асбоби махсус қолаби коғазро тайёр мекунанд. Онро дар зери санг ҳудуди 24 соат гузошта, дар тахта ва ё шишаи тиреза хушк менамоянд. Сипас коғази истеҳсолшударо гирифта, ҳамвор мекунанд ва барои истифода омода месозанд.
Зимни тамошои коргоҳ маълум гардид, ки коғази бо усули дастӣ омодашударо барои хушнависӣ, наққошӣ, таҳияи матни китобҳои қадимӣ, ҳатто либосҳои коғазӣ истифода кардан мумкин аст.

Ин коргоҳ яке аз мавзеъҳои тамошобоб барои сайёҳони хориҷист. Гуруҳ-гуруҳ тамошобинон ба ин ҷо омадаву ҳунари дастии аз садсолаҳо пеш ба меросмондаро тамошо мекунанд.
Аслан, қабл аз боздиди ин мавзеъ тавассути як гузориши хабаргузории “Азия-Плюс” оид ба ин коргоҳ маълумот дастрас буд. Дар нахустин видеогузорише, ки лоиҳаи “Салом, соседи!” (“Салом, ҳамсояҳо!”) нашр кард, дар бораи тарзи қадимии тайёр кардани коғази “абрешимӣ”, ки ҳамчунин бо номи “коғази самарқандӣ” маъруф аст, маълумот дода шудааст.



Тибқи ин гузориш, асрори истеҳсоли қоғаз ба косибони Самарқанд дар асри VIII, вақте артиши чиниҳо ба сарзамини онҳо ҳуҷум мекунанд, маълум шудааст. Онҳо бар самарқандиҳо ғолиб омада натавониста, бар ивази зинда мондан, ба кушодани асрори тайёр кардани коғази мустаҳкаму дарозумр розӣ мешаванд.
Қоғази Самарқанд аълосифат, пурбардор ва хушнавис мебошад. Дар бисёр дастхатҳои қадимӣ ба китобҳое дучор шудан мумкин аст, ки бо истифода аз коғази Самарқанд таълиф шудаанд ва ҳоло ҳам қимату намуди худро гум накардаанд. Маҳз дар ҳамин гуна коғаз хаттотон хушнависӣ кардаву наққошону рассомон қаламкашӣ мекардаанд, зикр шудааст дар гузориш.

Дар суҳбати аҳли илму адаб
Шоми ҳамон рӯз вохӯрӣ ва мулоқоти ҳайати рӯзноманигорони Тоҷикистон бо намояндагони Маркази миллию фарҳангии тоҷикон ва аҳли илму адаби вилояти Самарқанд баргузор шуд. Зимни ҷамъомад, ки дар назди муҷассамаи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ доир гардид, шоирону нависандагон, омӯзгорону ҳунарпешагон ва хабарнигорони тоҷикзабон гирди ҳам омада, аз шарту шароити эҷодкорӣ, забону адабиёт, вазъи имрӯзаву дурнамои ҳамкориҳои аҳли эҷод суҳбат карданд.

Дар маҳфили шеъру суруд ҳам, ки аснои ин ҷамъомад баргузор шуд, зарурати он таъкид гардид, ки рӯзноманигорон ва эҷодкорони ҳар ду кишвар аз ҳарвақта дида, барои боз ҳам наздиктар шудани мардумони ду сӯйи марз талош варзанд.

Самарқанди қандманд
Боздид ва тамошои шаҳри Самарқанд дар охирин рӯзи сафари ҳайати рӯзноманигорони Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ҳам идома ёфт. Нахуст вохӯрӣ ва мусоҳиба бо муовини ҳокими вилояти Самарқанд Рустам Қобилов баргузор шуд. Зимни ин суҳбат, ки дар дохили муҷтамаъи Регистон сурат пазируфт, муовини ҳоким дар бораи ҳамкории вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо вилояти Суғд ва минтақаҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ маълумот дод.
Дар идома зимни сайругашт ва тамошои мавзеи асосии меъморӣ ва сайёҳии шаҳри Самарқанд – майдони Регистон, сарвари ин муҷтамаъ Беҳрӯз Маъруфӣ оид ба таъриху вазъи феълии он, вуруди ҷаҳонгардон ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ суҳбат кард.

Самарқанд ёдгориҳои бойи таърихии беш аз 3 ҳазорсола дорад, ки фарогири зиёда аз 30 осорхона ва наздик ба 65 зиёратгоҳ мебошад. Маъруфтарин мавзеъҳои таърихиву сайёҳии Самарқанд Майдони Регистон, Расадхонаи Улуғбек, Манзилгоҳи қадимии Афросиёб, Шоҳи Зинда, Масҷиди Ҳазрати Хизр, Бозори Чорсӯ, Гӯри Мир, Масҷиди Намозгоҳ, Хоҷа Аҳрор ва ғайра мебошанд, ки таҳти ҳимояти давлат қарор доранд.

Боздид аз Минтақаи озоди иқтисодии “Ургут”
Шиносоӣ бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии Минтақаи озоди иқтисодии “Ургут”, ки дар мавзеи ҳаммарз бо Панҷакент ҷойгир аст, бахши ҷамъбастии барномаи боздиди расонаӣ буд.
“Ургут” ҷавонтарин минтақаи озоди иқтисодии Ӯзбекистон мебошад: он 12 январи соли 2017 таъсис ёфтааст. Бино ба маълумоте, ки дастраси мо гардид, ба ҳолати 1 июни соли равон дар ин минтақаи озоди иқтисодӣ 60 сармоягузор ба татбиқи 66 лоиҳа машғул буда, ҳаҷми умумии маблағгузорӣ 231,4 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи Ғайрат Абдураҳмонов, муовини ҳокими ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд, дар ҳоли татбиқи пурраи ин лоиҳаҳо наздик ба 5 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис меёбад, ки барои шаҳру вилояти Самарқанд нишондоди баланд маҳсуб мешавад.
Вай афзуд, ки соҳибкорон дар МОИ “Ургут” аз 10 навъи андоз ва пардохтҳои дигар ба муҳлати аз 3 то 10 сол озод ҳастанд.




Бо назардошти ин ки МОИ “Ургут” дар наздикии марз бо Тоҷикистон қарор дорад ва ҳамон тавре дида шуд, роҳи иртиботии заминӣ байни Самарқанду Панҷакент ҳолати хуб дорад, ин минтақаи озоди иқтисодӣ метавонад дар оянда барои ба сатҳи баланд баромадани робитаҳои тиҷоратии дуҷониба мусоидат намояд. Масъулини минтақа ҳам бо таъкиди ин масъала ишора карданд, ки аллакай корхонаи муштараки “Urg-Taj” оид ба истеҳсоли риштаи қолинбофӣ таъсис ёфта, ояндаи наздик ба фаъолият оғоз мекунад. Ин корхона солона ба маблағи 2,9 миллион доллар маҳсулот истеҳсол хоҳад кард.

Ба ҷойи хулоса ё оғози як ташаббус
Боздид аз Ӯзбекистон ва бахусус, тамошои ёдгориҳои қадимии Самарқанду Бухоро орзуи деринаи на танҳо муаллифи ин сатрҳо, балки аксари сокинони Тоҷикистон аст.
Имсол бо ташаббуси Мактаби мустақили рӯзноманигории “Тоҷикистон – асри XXI” ин орзуи як гурӯҳ журналистони тоҷикистонӣ амалӣ гардид. Ташкили ин сафар ба думболи боздиди рӯзноманигорони ӯзбекистонӣ аз Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2018 иттифоқ афтод.
Чун ҳадафи ин боздидҳои расонаӣ “роҳандозии ҳамкорию табодули таҷриба миёни ВАО ва созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистону Ӯзбекистон, инчунин мусоидат ба инъикоси робитаҳои мутақобилан судманди ду ҷумҳурии шарики стратегӣ” аст, ин умедворӣ боқист, ки имсолу солиёни баъд гузоришу қиссаҳоеро аз сафарҳои баъдии ҳамкасбон хоҳем хонд.

Маълумот дар бораи Мактаб
Мактаби мустақили рӯзноманигории “Тоҷикистон – асри XXI” соли 1999 таъсис гардида, мақсади он баланд бардоштани сатҳи касбии рӯзноманигорон, рушди бозори иттилоотӣ ва тақвияти рақобатпазирии ВАО мебошад. 

Ин ташкилоти ҷамъиятӣ дар асоси Оиннома аз ҷумла вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:- ташкил ва гузаронидани давраҳои омӯзишӣ ҷиҳати такмили ихтисоси рӯзноманигорон, омӯзонидани усули замонавии менеҷмент ва маркетинг, технологияҳои иттилоотӣ ва компютерӣ, меъёрҳои одоби хабарнигорӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои рӯзноманигорон ва масъулияти онҳо дар назди ҷомеа;
- таҳкими робитаҳо бо ташкилотҳои рӯзноманигории кишварҳои дигар бо мақсади рушди бозори иттилоотии ҷумҳурӣ ва минтақа, табодули таҷриба, амалисозии барномаҳои муштараки омӯзишӣ дар соҳаи рӯзноманигорӣ;
- мусоидат ба таҳкими робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи рӯзноманигорони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамкасбони хориҷӣ.
Ташкилоти мазкур айни замон лоиҳаи яксолаи “Беҳтар кардани ҳамкории рӯзноманигорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон”-ро татбиқ мекунад. Мақсадҳои лоиҳа чунин мебошанд:
1. Мусоидат ба рушди ҳамкории касбии рӯзноманигорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тавассути роҳандозии иртиботот ва табодули иттилоот.
2. Мусоидат ба такмили донишу малакаи рӯзноманигорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар таҳияи матолиби чандрасонаӣ бо назардошти инъикоси дақиқ ва мутавозини робитаҳои мутақобилан судманди ду кишвари дӯст ва шарики стратегӣ.

Зимни амалисозии лоиҳаи мазкур Тафоҳумномаи ҳамкорӣ миёни Мактаби мустақили рӯзноманигории “Тоҷикистон – асри XXI” ва Маркази бозомӯзии рӯзноманигорони Ӯзбекистон ба имзо расидааст. Ҳамчунин дар ҷараёни татбиқи ин тарҳи фаромарзӣ моҳи апрели соли 2019 нахустин лонгриди муштараки чандрасонаии рӯзноманигорони ду кишвар ба забони русӣ таҳти унвони “Таджикистан и Узбекистан: от стен к мостам” нашр шудааст.

Назири Нусрат
ИмрӯзNews
Душанбе-Тошканд-Бухоро-Самарқанд-Панҷакент-Душанбе
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter