• 15:02 – ВОҚЕИЯТИ ТАЪРИХ: ҷасади Зояро аз дор сарбози тоҷик раҳо кард 
  • 14:12 – Тиҷорати дорувории Тоҷикистон дар дасти кист? 
  • 09:20 – “Малах омад, офат омад”. Мубориза бо малах дар амал 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 21:16 – Трансфери сол: Криштиану Роналду ба “Ювентус” гузашт 
  • 14:08 – Шабе аз ҳазор шаб… Дар Душанбе “Зебоипарастӣ” ва “Орифона” муаррифӣ шуд 

Тирашаби хунин дар “VIP”. Бо гумони куштор дар ин клуби шабона ду корманди ВКД боздошт шуданд

Прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ду афсари баландмақоми ШВКД ноҳияи Синоро бо гумони содир кардани ҷинояти махсусан вазнини муқобили саломатии инсон равонагардида боздошт кардааст. 
Акси "ИмрӯзNews"

Се нафар ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд
Мақомоти тафтишотӣ Азиззода Алиҷон ва Сафиев Алишер – ду корманди баландмақоми ШВКД-и ноҳияи Синоро ба содир намудани ҷинояти куштор гумонбар медонанд.
Як манбаъи огоҳ аз ин ҳодиса ба “ИмрӯзNews” гуфт, прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонӣ нисбат ба Азиззода Алиҷон ва Сафиев Алишер тибқи моддаи 104, қисми 2 (Куштор) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.
“Ин ду масъули ШВКД ноҳияи Сино ба куштори Ҳаитов Фазлиддин Қурбоналиевич, соли таваллудаш 08.06.1986, сокини ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон, гумонбар дониста мешаванд, ки шаби 13 ба 14 июли соли равон дар клуби шабонаи “VIP” рӯй дод”, - гуфт манбаъ.
Тавассути манобеъи мустақил ҳам ба “ИмрӯзNews” маълум гардид, ки шаби рӯй додани ҳодиса номбурдаҳо дар ҷойи ҳодиса ҳузур доштаанд. Ҳоло тафтишот ин ҳолатро маълум мекунад, ки сабаби куштор чист ва ин ду корманди ШВКД ноҳияи Сино дар ин ҳодиса чӣ нақш доштанд.

Дар маҷмӯъ, айни замон бо гумони даст доштан дар ин ҳодиса се нафар ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд.
Дар ШВКД ноҳияи Сино боздошти ин ду кормандашонро шарҳ надоданд, аммо Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, бо тасдиқи хабари хабари боздошти кормандони ин ниҳод гуфт, таҳқиқи парванда аз ҷониби муфаттишони прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонӣ идома дорад:
“Тафтишот муайян мекунад, ки онҳо чӣ мақсад доштанд, куҷо рафтан мехостанд”, - изҳор дошт ӯ.


Боздошти кормандони милитсия ҳангоми фирор
Бино ба маълумоти дастрасшуда, ин ду масъули ШВКД ноҳияи Сино дар ҳоле боздошт шуданд, ки қасди тарки қаламрави Тоҷикистонро доштанд. Онҳоро дар асоси баёноти гумонбари дигар - Алиматов Акмал Оибхоҷаевич, ҳафтаи гузашта дар роҳи сафар ба Ӯзбекистон дастгир кардаанд, хабар дод манбаъ.
Таҳқиқи аввалия муайян кардааст, ки баъди рӯй додани ҳодиса гумонбарон барои фирор аз қаламрави ҷумҳурӣ машварат мекунанд. Маълум нест, ки тарки қаламрави Тоҷикистон кардани онҳо ба чӣ шакле бояд сурат мегирифт, вале нахуст Алиматов ба роҳ мебарояд.
Баъдан вақте Алиматов хабар меёбад, ки дар эълони нашркардаи РВКД оид ба ҷустуҷӯ шуднаш танҳо номи ӯст ва бо дархости волидон ва хешовандони ҷабрдида парванда ба прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ирсол шудааст, ихтиёрӣ ба тафтишот ҳозир мешавад ва бо мақомот ҳамкорӣ мекунад.
Зимнан, рӯзи 17-уми июл Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе эълон кард, ки Алиматов “барои содир намудани ҷинояти махсусан вазнини муқобили саломатии инсон равонагардида гумонбар дониста шуда, дар ҷустуҷӯ қарор дода шудааст”.
Дар эълони РВКД аз Алиматов “ҷинояткори хавфнок” ном бурда шуда, аммо оид ба Азиззода ва Сафиев маълумот мавҷуд набуд.


Нишондоди Алиматов ва шоҳидон нисбат ба кормандони милитсия
Алиматов ба мақомоти тафтишотӣ изҳор доштааст, ки ба ин ҷиноят ӯ даст назадааст ва сабаби ихтиёран ба тафтишот ҳозир шуданаш ҳам ҳамин аст, ки ҳолати воқеии ҳодисаи рӯйдода муайян карда шавад:
“Ман барои он ба тафтишот ихтиёрӣ ҳозир шудам, ки фаҳмидам, тафтиши парвандаро бевосита худи прокурори ноҳияи Исмоили Сомонӣ зери назорат гирифтааст. Азбаски қаблан дар бораи адолатпарварии ӯ фаҳмида будам, омадам, бигӯям, ки ин корро (куштори Фазлиддин Ҳайитовро) бевосита ман накардаам”, - изҳор доштааст ӯ.
“Алиматов худашро дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ умуман гунаҳгор намеҳисобад, балки нишондоди фаъол нисбат ба кормандони милитсияи ноҳияи Сино дод. Нишондоди ӯ то чӣ андоза дуруст аст, инро тафтишот муайян менамояд”, - гуфтанд дар прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонӣ.
Акмал Алиматов. Акс аз сомонаи РВКД дар шаҳри Душанбе

Эҳтимолан, Алиматов аз он хавф доштааст, ки ҳамин тавр, ин ҷиноятро пурра ба дӯши ӯ бор мекунанд ва дар он ҳолат ҷавобгарии сангин мунтазираш хоҳад буд. Бинобар ин, баъди чанд рӯзи фирор ба тафтишот ҳозир шуда, дар бораи кормандони милитсия нишондод додааст.Шоҳидони ҳодиса ҳам, ки он шаб дар клуб ҳузур доштаанд, нисбат ба кормандони милитсия нишондод додаанд.

Чаро парванда ба прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рафт?
Аммо чаро парванда ба прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рафт, дар ҳоле ки ҷойи содиршавии ҷиноят ҳудуди ноҳияи Сино аст?
Манобеъи огоҳ сабабашро дар он шарҳ доданд, ки вақте талоши волидону хешовандони ҷабрдида барои пайдо ва ба ҷавобгарӣ кашидани гумонбарон натиҷа надодааст, онҳо ба прокуратураи шаҳри Душанбе дархост кардаанд, то ин ки парванда барои таҳқиқ ба прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ирсол карда шавад. Прокуратураи шаҳри Душанбе дархости онҳоро қонеъ кардааст:
“Баъди талошҳои чандкарата ба прокуратураи ноҳияи Сино барои гирифтани маълумот оид ба ҳолати куштори писарашон ва ҷавобе нагирифтан аз ин ниҳод, волидайни марҳум Фазлиддин ба прокуратураи шаҳри Душанбе дархост намуданд, то ин ки парвандаи ҷиноятӣ барои тафтиши холисона ба прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ирсол карда шавад”, - гуфт яке аз хешовандони ҷавони кушташуда.
Як сабаби аслии нигаронии волидони ҷабрдида ин будааст, ки ба гуфтаи онҳо, баъди рӯй додани ҳодиса сабти ҳамоншабаи камераҳои назоратӣ ғайб задааст, гӯё он шаб камераҳо фаъол набудаанд. Ва ҳам, ба гуфтаи онҳо, давоми беш аз як ҳафтаи баъди ҳодиса прокуратураи ноҳияи Сино, ки дар аввал таҳқиқи ин парвандаро ба уҳда дошт, натиҷае ба даст наовард. Хавфи ин ки омилони аслии куштори фарзандашон аз ҷавобгарӣ канор мемонанд, онҳоро водор кардааст, ки ба мақомоти болоии прокуратура муроҷиат кунанд:
“Мо аз он хавф доштем, ки ҳамин тавр идома кардан гирад, гумонбарони асосӣ аз ҷавобгарӣ озод мемонанд. Он вақт аз ҳодиса қариб як ҳафта гузашт, аммо ҳеч натиҷа набуд, ҳол он ки ин ҷинояти махсусан вазнини ба муқобили саломатии инсон аст ва бояд ҳама кор фаврӣ сурат мегирифт. Барои ҳамин ба прокурори шаҳри Душанбе муроҷиат кардем, ки парвандаро маҳз ба прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонӣ диҳанд”, - гуфт ин ҳамсуҳбати “ИмрӯзNews”.
Баъди ба прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ворид шудани парванда, таҳқиқи онро бевосита худи прокурори ноҳия Умедҷони Нуриддин зери назорат гирифтааст. Ҳамин тавр, давоми се рӯзи баъдӣ ҳамаи гумонбарон боздошт, сабти камераҳо ва далелҳои шайъии содир кардани ҷиноят (аз ҷумла, корд) пайдо карда шудаанд.
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter