• 15:02 – ВОҚЕИЯТИ ТАЪРИХ: ҷасади Зояро аз дор сарбози тоҷик раҳо кард 
  • 14:12 – Тиҷорати дорувории Тоҷикистон дар дасти кист? 
  • 09:20 – “Малах омад, офат омад”. Мубориза бо малах дар амал 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 21:16 – Трансфери сол: Криштиану Роналду ба “Ювентус” гузашт 
  • 14:08 – Шабе аз ҳазор шаб… Дар Душанбе “Зебоипарастӣ” ва “Орифона” муаррифӣ шуд 

“Ба раиси мӯштзӯр зӯрамон намерасад”

Раиси ҷамоат: “аризабозиро кам кунед, ки саратро қоқ тарошида, зиндониатон мекунам, зӯри ҳеҷ кадоматон ба ман намерасад”
Ҳамсоя: “раис 30000 сомонии маро хӯрд, ман ҳақ дорам, ними заминро соҳиб шуда, онро фурӯшам ва пулҳои хӯрдаи раисро барқарор намоям”

Ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод
 
Ба Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 
генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро
 
Ба Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ 
ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 
генерал - майори адлия Султонзода Сулаймон Саид

Ҳафтаи сипаришуда истиқоматкунандаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷамоати деҳоти “Иттифоқ”, деҳаи Вахш Тағоймурод Назаров бо як даста ҳуҷҷатҳо ва аризаи шикоятӣ ба идораи рӯзнома ташриф оварда, аз сохторҳои минтақавии се ниҳоди болозикр шикоят кард. Вай гуфт, ба масъулони ин се ниҳод дар вилояти Хатлон ва ноҳияи А. Ҷомӣ бо аризаи имдодӣ муроҷиат кард, аммо “омаданд, диданд, рафтанд ва чорае надиданд”.

Ин шаҳрванд, ки роҳи дурро тай намуда, ба пойтахт омадааст, умедвор аст, ки ин маротиба роҳбарияти болоии сохторҳои зикршуда ба қазия дахолат карда, ба мушкилаш расидагӣ мекунанд ва ӯ дар ниҳоят адолати иҷтимоӣ барқарор мешавад.

Назаров Тағоймурод, ки худро дар ин қазия ҷабрдида мешуморад, дар суҳбат бо хабарнигори рӯзнома Талабшо Холиқзод, оид ба он чӣ ки ба сари ӯву хонаводааш омадааст, ин тавр нақл кард:

“Агар арзу доди мо дар худи идораи ҷамоати “Иттифоқ”-и ноҳияи А. Ҷомӣ ва ё ҳукумати ноҳия ҳалли худро меёфт, банда саргардон шуда, то пойтахт омада, дар идораи рӯзномаро намекӯфтам. Афсӯс, дар маҳал касе ба доди мо нарасид.

Қисса кӯтоҳ, аз рӯзе, ки (якуним сол пеш) зане бо номи Тахмина Раҳимова  дар ҳамсоягии мо хона харид ва кӯчида омад, айши зиндагиамон талх шуда поямон аз идораҳои давлатӣ канда нест.

Ин зан, ба қавле ҷамоату милисаву прокуратураву коррупсияву экология ва мани саргардонро дар остини чапаш бозӣ медоронад.

Асли қазия ин аст, ки дар ҳамсоягиамон 0,07 сотих замини ботлоқзор буд. Духтару домодам аз надоштани ҷойи зист бо ду кӯдаки хурдсолашон дар ҳавлии мо мезистанд. Андешидам, ки чун ин оилаи ҷавон сармоя ва сарпаноҳ надоранд, бо чунин ҳол то охири умр азобу азият кашида мегарданд. “Дар ҳаққи духтару наберагонам як некӣ кунам” - гӯён, ба номи раиси онвақтаи ноҳия Баҳодурзода А.С. ариза навишта, ваъзи сангини оилавии духтару домодамро нишон додам ва хостам, дар ҳуҷҷатгузорӣ кардани замини ботлоқи мазкур кумак кунанд. Раиси ноҳия ҳам аризаро хонда, сари вақт ба арзамон расидагӣ кард ва ба Идораи кумитаи замини ноҳия супориш дод, ки аризаи бандаро дар ҷояш санҷида бинанд. Ҳамин шуду ҳамсояи навамон аз ин ҳолат хабардор шуд ва аз пӯшти мо ханҷар задагӣ барин, ба қавле, “пӯстинашро чаппа пӯшид”.

Ба гуфтаи худаш, ин зан ба раиси ҷамоати “Иттифоқ” Дӯстмурод Расулов дар ҳаҷми 30000 сомонӣ пора дода, ҷилави ӯро ба сӯи худаш кашидааст. Чӣ коре кард-накард, ки раиси ҷамоатро бо мо рақиби оштинопазир кард…

Дарвоқеъ, то ба ҳамсоягиамон омадани ин зан бо ҳаққу ҳамсояҳо дӯстона зиндагӣ доштем. Ӯ омаду дар як замон “ман духтурӣ ҳам карда метавонам”-гӯён кӯдакони чанд ҳамсояро сӯзандору гузаронд ва бо ҳамин дили онҳоро ёфт. Ҳамин тавр, оҳиста-оҳиста ҳамсояҳоеро, ки 13 сол бо ҳам камбудие байни ҳам надоштем ва аҳлона зиндагӣ мекардем, аз мо ҷудо кард. Ман ҳайрон, наход ҳар нафаре, ки хоҳад, касби пуршарафи табибиро хор кунад ва кормандони муассисаҳои тиббӣ хомӯш ба даҳон об гирифта гарданд?

Дар ин миён 6 декабри соли 2018 ба номи духтарам Назарзода Савсан Тағоймурод “Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ” омода шуд. Қаблан, чанд сол пеш 15-20 мошин хок бурда, ба ботлоқзор рехта, ҳамвор карда будам. Ба ғайр аз ин, ба хотири ободӣ дар атрофи он беш аз 20 дона ниҳолҳои туту бед ва санҷид шинондам. Вақте ин ҳамсоя фаҳмид, ки духтарамон имрӯз-пагоҳ соҳиби сертификати ҳуқуқи истифодаи замин мегардад, бо раиси ҷамоат Дӯстмурод Расулов забон як карда, ба муборизаи муштарак бархостанд.

Ин ҳамсояи беқарори мо худаш сирро фош карда, гуфтааст, ки ба раиси экология (сардори идораи муҳити зисти ноҳия) Эргашов 1800 сомонӣ пора додааст, то ӯ фармон бароварда, дарахтони шинондаи маро канда партояд. Ҳамин тавр ҳам карданд. Рӯзи 20-уми сентябри соли 2018 худи Эргашев ба назди замин омада, 7-8 дарахтро латтабандӣ карда ва ба Тахмина ва шавҳараш Тоҷибой супориш дод, ки онҳоро бурида партоянд, ҷавобашро ӯ медиҳад. Тоҷибой-шербача шерак шуда, рӯзи 26-уми сентябри соли 2018 боз худсарона 13 дарахтро бурида партофт. Бо ин ҳам алови дилашон пас нагардида, чанд рӯз пас трактор оварданд ва боз 3 дарахти дигарро решакан карданд. Дар идома Эргашев маро ба кабинеташ даъват карда, гуфт, ки “раис Дӯстмурод (Расулов Дӯстмурод – раиси ҷамоати “Иттифоқ”) ба ман занг зада гуфт, ки Тахминаро дастгирӣ кунам…”.

Духтарам Назарзода Савсан 27 декабри соли 2018 сертификати заминро ба даст гирифт. 8 январи соли 2019 бошад, раиси ҷамоат Дӯстмурод Расулов бо худ Иҷозатнома оварда, замини қонунии духтарамро бо баҳонаи об гузаронидан, тавассути экскаватор канда ду тақсим кард.

Санаи 15-16-уми январи соли 2019 боз дар назди замин пайдо шуда, бо баҳонае, ки гӯё қубури обгузар мешинонанд, поёни заминро канда партофтанд ва то имрӯз намемонанд болои онро пӯшонем.

Ҳамсояаамон Тахмина бошад, ошкоро мегӯяд, ки раис 30000 сомонии маро хӯрдааст ва ман ҳақ дорам, ними заминро соҳиб шуда, дар он ҷо мағоза сохта, онро фурӯшам ва пулҳои хӯрдаи раисро барқарор намоям.

Раис Дӯстмурод Расулов фардои рӯзи дигар боз бо Тахмина пайдо шуда, худаш ба даст бел гирифта, хат кашид ва тракторчиро фармон дод, ки ҷойи замини гуфтагашро канад. Ва сипас домодам Маҳмадуллоро тарсонд, ки аз болоят ба прокуратура шикоят карда, сертификататро бекор мекунам. Бечора домод тарсида, бо 300 сомонӣ ду қубури пластикӣ мехарад ва ҳаққи тракторчиро аз киссааш 400 сомонӣ бароварда медиҳад.

Пас аз як-ду рӯзи ин ҳодиса боз раиси ҷамоат Дӯстмурод Расулов домодам Маҳмадуллоро ба идорааш даъват карда, дар шоҳидии Тахмина ҳушдор медиҳад, ки “ҳоло як ду рӯз сабр кунед, Тахмина аз занҳои ҳамсоя 5 имзо ҷамъ кунад, хусури туро (яъне маро) аз ин қишлоқ дафъ мекунем…”.

16 апрели соли 2019 дар асоси Қарори раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Баҳодурзода А.С., таҳти №1528 аз 19-11-2019, сармутахассиси Кумитаи идораи замини ноҳия Бахтиёр Саидов, мутахассиси Кумитаи идораи замини ноҳия Улуғбердиев А., сардори шӯъбаи заминсозӣ Бобоев А. Санад тартиб дода, сарҳади қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрванд Назарзода Савсан Тағоймуродро муайян намуданд. Дар Санад омадааст, ки ягон ҳамсоя зид нестанд. Ҳамаи мутахассисони номбурда дар зери Санад имзои хешро гузоштаанд. Санад маҳфуз аст.

10 июни соли равон ҳамсарам Зарифова С. ба хотири иваз намудани шиносноми куҳнааш бо шиносномаи нав барои гирифтани маълумотнома ба идораи ҷамоат меравад. Раис Дӯстмурод Расулов ба ҳамсарам дар шоҳидии раиси маҳалла Холмаҳмад таҳдид карда, гуфтааст, ки “аризабозиро кам кунед, ки саратро қоқ тарошида, зиндониатон мекунам, зӯри ҳеҷ кадоматон ба ман намерасад”. Ин раиси мӯштзӯр рост мегӯяд, зӯри мо ба ӯ намерасад.

Духтарам Назарзода Савсан бо душворӣ ҳам бошад, соҳиби як порча замин барои бунёди манзили зист гардид, аммо то имрӯз аз дасти ҳамсоя ва раиси ҷамоат рӯзи беҳро надидааст.

Ман 2-юми июли соли равон ба Раёсати Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон рафтам ва бо ариза шикоят кардам. Онҳо пешакӣ ба мошини ёрии таъҷилӣ занг зада, фаҳмонданд, ки ба деҳаи Вахш пагоҳ биёянд. Ман ҳайрон шуда, аз онҳо пурсидам, ки барои як пурсиш мошини ёрии таъҷилӣ чӣ даркор?

“Эй бародар! Агар даркор шавад, “пажарка”-ро низ даъват мекунем. Мо “қилиқ”-ҳои он занро медонем. Як бор ҳангоми бозпурсӣ дар идораи ҷамоати “Иттифоқ” “ман худамро оташ мезанам” - гӯён ҳамаро тарсонда буд…”,-гуфтанд дар Раёсат.

Дар ҳақиқат, фардои он рӯз ду корманди Агентӣ омаданд ва ҳамсояамон дар назди онҳо мисли актёр нақш офарид. Дар шоҳидии онҳо нозири минтақавии милиса ва раиси ҷамоатро суханҳои қабеҳ гуфта, росту дурӯғ доду валвала бардошта аз ҳуш рафт…

Боз занг заданд, мошини ёрии таъҷилӣ омада, Тахминаро бурд ва бо ҳамин “маҳзака” он рӯз бе ягон натиҷа ба охир расид ва ҳама пароканда шуданд.

Пагоҳ ба кормандони Агентӣ занг зада гуфтам, ки оқибати кор чӣ мешавад? Онҳо гуфтанд, ки “ин кори мо нест…”.

Мо ин рафтори кормандони ниҳодҳои зикршударо дида ҳайронем. Тамоми ҳуҷҷатҳои духтари ман дар асоси қонунҳои ҷорӣ гирифта шудааст. Ҳатто кор то ба дараҷае расид, ки Тахмина ва шавҳараш Тоҷибойро ба назди раиси ноҳия Баҳодурзода А.С. бурда будем. Раис ба онҳо кушоду равшан фаҳмонд, ки дар ҳақиқат, Назарзода Савсан Тағоймурод молики замини наздиҳавлигӣ ҳаст ва сертификати ҳуқуқи истифодаи замини вай қонунӣ мебошад.

Ҳоло аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пурсиданием, ки “ҳақ ба ҳақдор кай мерасад?” Мо, ба ростӣ, аз ин зан ва аз ин кормандони ноуҳдабаро хаста шудем.

Бо эҳтиром ва умеди
корҳои нек,
сокини деҳаи Вахш,
ҷамоати “Иттифоқ”-и
ноҳияи А. Ҷомӣ
Назаров Тағоймурод
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter