• 11:15 – Таҳлилгар: ҲНИ ба амалиёти бузурги зиддимиллӣ омодагӣ мегирад 
  • 11:36 – ЧАРО ХУДОРО БО АРАБӢ ШИНОСЕМ? Мо араб нестем, даъват ба намоз ва дигар қироатҳо бояд бо тоҷикӣ садо диҳанд... 
  • 14:27 – Мулоқоти ғайричашмдошт дар “Сафед-Дара” 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 21:16 – Трансфери сол: Криштиану Роналду ба “Ювентус” гузашт 
  • 12:49 – Аз Душанбе то Помир бо “Тселл” (36 акс) 

Рӯзе, ки Файзалӣ Саидов акси гирифтаашро ба Аҳмад Зоҳир мебурд...

Ба ҳамагон маълум аст, ки 9 май дар Тоҷикистон ва дар сартосари кишварҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ ҳамчун Рӯзи ғалаба бар фашизми Германия ҷашн гирифта мешавад, вале кор чунин сурат гирифт, ки мо дар арафаи ин ҷашни таърихӣ бо яке аз ҷанговарони интернатсионалист, дорандаи мукофотҳои - Ордени “Ситораи сурх”, медали “50 - Солагии ғалаба” дар Ҷанги бузурги ватанӣ, медали “70 солагии Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди шӯравӣ”, медали “Ба ҷанговар - интернатсионалист аз ҷониби мардуми афғон”, медали Ҷумҳурии демократии Афғонистон “Де мирони пе хотир”, Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ, инчунин унвони Аълочии маорифи Тоҷикистон ва ғайра - Файзалӣ Саидов, ки айни ҳол истиқоматкунандаи деҳаи Андигони ноҳияи Ваҳдат мебошад ва дар замони шӯравӣ ҳамчун тарҷумон дар ҷумҳурии демократии Афғонистон адои хизмат намудааст, ҳамсуҳбат гаштем.
Аз суҳбати қаблӣ маълумамон гашта буд, ки Файзалӣ Саидов дар тӯли чанд соли адои хизмати худ дар Ҷумҳурии Афғонистон бо шахсиятҳои шинохта вохӯриву мулоқотҳо доир намуда, шоҳиди он ҳама воқеоту ҳаводиси хубу ҳамзамон даҳшатноке гаштааст. Номбурда дидаву шунида, хотироти аҷибу фаромӯшношуданӣ ва суратҳои таърихиеро, ки аксбардори он ҳама худи ӯ маҳсуб меёбад, назди мо гузошта, аз он рӯзҳо ёдоварӣ намуд. Бидуни муболиға, вақте албоми суратҳояшро тамошо кардем, таърихи гӯё ҳанӯз кашфношуда пеши назарамон намоён гашт.

Файзалӣ Саидов соли 1976 бахши забонҳои форсии факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст ва саргузашти минбаъдаи аҷибу то ҷое ҳузнангезаш низ маҳз бо солҳои хатм намудани Донишгоҳ пайванд дорад:

“Соли 1976 бо он сабабе, ки ихтисосам тарҷумони забонҳои форсӣ-дарӣ буд, маро аз Вазорати корҳои хориҷии вақти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси тарҷумон ба ҷумҳурии Афғонистон, барои кор сафарбар намуданд. Банда пайи иҷрои супориш гашта, ба ин кишвари дӯсту ҳамсоя рафтам, он ҷо тули се сол ҳамчун тарҷумон (аз забони форсӣ-дарӣ ба русӣ) дар як барномаи соҳаи тандурустӣ оид ба пешгирӣ ва муолиҷаи бемории малерия ҳамроҳи табибони шӯравӣ фаъолият намудам, аз 27 вилояти Афғонистон 17 вилояти онро деҳа ба деҳа гашта, барои сиҳатии мардум мубориза бурда будем. Инчунин, бо ду нафар докторони соҳаи тибб, ки русзабон буданд ва барои донишҷӯёни афғон дарс мегуфтанд, вазифаи тарҷумониро адо менамудам, яъне маърӯзаҳояшонро барои ҳамзабононамон аз русӣ ба дарӣ тарҷума мекардам. Баъд аз сипарӣ гаштани се соли фаъолият дар Афғонистон ба Ватан баргаштам.

Дафъаи дуюм соли 1982 маро ба сифати афсар ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ даъват намуданд ва ин навбат низ боз ба Афғонистон сафарбар гаштам. Дар ин муҳлати хизмат тӯли чор сол ба ҳайси сартарҷумони қулли урду (корпус) як сол дар вилояти Қандаҳор ва се соли дигар дар шаҳри Кобул хизмат карда, дар амалиётҳои зиёди ҳарбӣ иштирок намудам.Хотироти хубу ногуворое аз он сарзамин бо худ дорам. Пеш аз ҳама, мехоҳам аз вохӯрии худ бо сарояндаи шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ Аҳмад Зоҳир, ки дар Тоҷикистони мо низ ҳаводорону шефтагони зиёд дорад, ҳарф занам. Соли 1976, мо як гуруҳи чорнафара дар Кобул як дастаи ҳаваскорӣ ташкил намуда будем, ки аъзои ин гуруҳ - Шукрулло Мухторов, Карим Ҳафизов ва боз Неъматов гуфтагӣ як нафар ҳаммилати дигарамон, мутаассифона исмашонро фаромӯш кардам маҳсуб меёфтем. Мо, ҷавонони ҳаваскори он айём, ки хеле зиёд муштоқи ҳунару фарҳанги бумии миллии тоҷикӣ гашта будем ва муҳити фарҳангии мардумиамонро хеле пазмон шуда будем, гоҳ – гоҳ сурудҳои тоҷикиро, ки ҳамзамон хело ҳаводорону шефтагони зиёде дар он сарзамини ҳамсоя доштанд, пешкаши мардуми афғон менамудем. Шукрулло Мухторов сурудҳои устод Ҷӯрабек Муродов - ҳунарманди маъруфи тоҷикро бо як маҳорати хоса дар консертҳо пешниҳоди ҳаводорон мекард.

Хулоса, дар яке аз рӯзҳо, ки гуруҳи ҳунармандони тоҷик аз Тоҷикистон, бо иштироки устод Ҷӯрабек Муродов, Нигина Рауфова, Бурҳон Раҳмонов (ба ҳайси ровӣ) ва дигарон ба Афғонистон ташриф оварда буданд, ҳеҷ фаромӯшам намешавад. Он рӯз 15 майи соли 1979 буд, дар толори бузурги “Кобул нандорӣ” консерти муштарак баргузор гашт. Толор пур аз одам буд, чунки мардуми афғон мо - тоҷиконро мисли бародарони худ қабул доштанд ва эҳтиром мегузоштанд. Аҳмад Зоҳир низ ҳамчун тамошобин дар толор нишаста буд ва баъди ба анҷом расидани консерт ба саҳна баромада, аз кулли ҳунармандон изҳори сипосу миннатдорӣ карда, бо устод Ҷӯрабек Муродов суҳбате оростанд. Аз сабаби он, ки миёни лаҳну гӯиши мову мардуми афғон як каме фарқият мавҷуд аст, аз ҳамин хотир, дар суҳбати онон кумак расонидам ва бо худ дастгоҳи суратгирӣ, ки доштам, аз он лаҳзаҳои вохӯрии ҳунармандони кишвари худамону Аҳмад Зоҳир аксбардорӣ намудам. Ногоҳ лентаи дастгоҳи суратгириам ба анҷом расид ва дигар надонистам, чи кор кунам. Сабабро фаҳмонида, узри худро ба аҳли ҷамъомада ва Аҳмад Зоҳир расонидам ва гуфтам, ки хеле мехостам бо шумо аксбардорӣ кунам. Ӯ гуфт, ки: “Боке нест аксҳо, ки омода шуданду онҳоро овардӣ, он вақт бо ҳам бародар мешем ва акс ҳам мегирем”.

Баъд аз сипарӣ шудани як моҳ пагоҳирӯзии 14 июни соли 1979 суратҳоро тайёр намуда, бо хушҳолӣ азми рафтан назди сарояндаи дилҳо - Аҳмад Зоҳир доштам, ногоҳ аз радио хабари шуме ба гӯшам расид, ки эълони марги ин хунёгари машриқзаминро медод. Хабар ба ин мазмун буд, ки сарояндаи машриқзамин - Аҳмад Зоҳир ҳангоми гузаштан аз ағбаи Соланг дар тасодуми автомобилӣ ҳалок шуд…

Бо ҳамин, ин аксҳо ва хотираҳои талху ширин аз он даврон бо ман то ҳанӯз боқӣ монданд. Аксҳоро хеле зиёд дӯст медорам ва эҳтиёташон мекунам, ҳар кадом шоҳиди бебаҳси он рӯзгор ҳастанд»...
Воқеан ҳам, аксҳои бардоштаи Файзалӣ Саидов мисли суратҳои ҳамагӣ дирӯз аккосишуда тозаву беғубор боқӣ мондаанд, ҳама поку равшан ва гӯё ки зинда. Табассумҳои беғашу, дидаҳои мисли шиша шаффоф ва пур аз сафо…

- Ҳолати дигаре, ки ҳеҷ гоҳ фаромӯшам намешавад ва боиси контузия гирифтани асабҳоям шуда буд, он аст, ки соли 1983 тақрибан моҳи август, мо дар чархбол нишаста, бояд аз Қандаҳор ба Муқур – маркази вилояти Fазнӣ парвоз мекардем. Нохост ҷенероли афғон маро даъват карда гуфт, ки: “Файзалихон ҳамроҳи ма биё, кудом ҷое банд мондум кумак мекунӣ”. Ман ҳам бо ӯ рафта дар чархболи дигар нишастам. Дар ҳамин вақт бинам, он чархболи якуме, ки қаблан ман бояд ба он савор мешудам, ба ҳаво парвоз намуда, як давр заду боз омада, болои хати парвоз нишаста, аз паҳлӯи мо гузашт. Мо фикр кардем, ки он ҳоло ба чархболи мо бармехӯрад, аммо ин ҳодиса рух надод, вале каме аз мо дуртар як чархи паҳлӯияш дар чуқурӣ дармонда чапа шуд ва аз дохили он дуди ғализе баромадан гирифт, дар ин ҳолат дарҳои чархбол аз дарун қуфл гашта буданд ва дигар имкони аз берун боз намудани онҳо ҳам набуд. Ба назар чунин мерасид, ки сарнишинон қасдан дарҳои чархболро, ки афсарон он ҷо қарор доштанд, намекушоянд. Хостам автоматамро гирифта, ҷониби вертолёт давида ба сарнишинон фармон диҳам, ки дарҳоро аз дохил кушоянд, аммо рафиқонам маро дошта гуфтанд, ки аллакай дер шудааст. Чархбол аз дохил сӯхта об шудан мегирифт, то мо рафта бандҳои мустаҳками симпечу танки зиреҳпӯш пайдо карда чархболи чаппашударо бардоштем, ки сарнишинон худро аз тирезаҳо ба берун ҳаво дода буданду нафарони дар дохилбуда ҳамагӣ сӯхта, ҳалок шудаанд. Дидан ва бардошти он лаҳзаҳо бароямон бисёр душвор буд, чунки он ҷо рафиқон ва ҳамхизматони мо буданд ва метавонистам, ки якеи онҳо ман бошам. Фақат даъвати қумандони афғон, ки маро ба дигар чархбол хост, аз марг раҳо кард.
Ҳаминро илова кардан мехоҳам, ки ҷанг дар ҳама давру замон мафҳуми ногуворо ва манфурест ва ҳар инсон бояд ба қадру қиммат ва арзиши сулҳи бадастомадаи Тоҷикистон, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, бирасад ва шукргузорӣ намояд.

Аз Файзалӣ Саидов, ки бар замми хуб набудани саломатиаш айни ҳол сардори Хоҷагии деҳқонии “Файзи саҳар” дар ноҳияи Ваҳдат мебошад ва дар замин софдилонаву содиқона фаъолият менамояд, барои суҳбати самимона изҳори сипос намуда, чунин хулоса намудем, ки воқеан ҳам дар тули зиёда аз 40 сол ҷанги Афғонистон мисле ки ба як ҷузъи дилбазани ҳаёти мардуми ҷафодидаи ин кишвар табдил ёфтааст. Орзуи деринаи мардуми ин минтақаи барои Ватани мо ҳаммарзу ҳамсоя мисли тамоми аҳли сайёра ҳамагӣ дар сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ намудан ва дигар надидани яроқу аслиҳа мебошад. Мо низ таманно менамоем, ки бигузор ормонҳои чандинсолаи ин мардум пиёда гардад ва оташи ҷанг дар тамоми рӯи олам хомӯш шавад...

Таҳиякунанда ва мусоҳиб
Моҳсафари Яҳёзод



шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter