ТАРКИШ ДАР ЛОҲУР. Тири куҳнаи гранатамёт дар полигони дивизияи 201-и Русия ноболиғро кушт
- 03.02.2019, 22:38,
- Иҷтимоӣ
- 0
- 212
Facebook
Вконтакте
Одноклассники
Google+
Дар натиҷаи таркиши тири куҳнаи гранатамёт дар полигони дивизияи 201-и Русия, воқеъ дар мавзеъи Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ, як хонандаи мактаб ба ҳалокат расидааст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо тасдиқи ин маълумот гуфт, ин ҳодиса қабл аз зуҳри 3 феврал дар ҳоле рӯй додааст, ки Сироҷиддин Раҷабов, соли таваллудаш 2002, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Лоҳур, деҳаи Қосимобод, хонандаи синфи 9-уми МТМУ рақами 90 ноҳияи Рӯдакӣ, “дар майдони машқгоҳи (полигони) Қисми ҳарбии 201-и Федератсияи Русия, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Лоҳур бо мақсади ҷамъоварӣ кардани оҳанпора рафтааст”.Сироҷиддин дар майдони мазкур тири куҳнаи гранатамёти пайдо кардаашро барои гирифтани қисмати оҳанпораи он бо санг зарба задааст. Дар натиҷа таркиш ба вуҷуд омада, бино ба маълумоти манбаъ, ноболиғ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мақомот таҳқиқи ин ҳодисаро шурӯъ кардаанд.шаблоны для dle 11.2
Шарҳи худро бинависед:
- Пурбаҳстарин
- Имрӯз
- Серхонанда
Мо дар сомонаҳои