• 11:15 – Таҳлилгар: ҲНИ ба амалиёти бузурги зиддимиллӣ омодагӣ мегирад 
  • 11:36 – ЧАРО ХУДОРО БО АРАБӢ ШИНОСЕМ? Мо араб нестем, даъват ба намоз ва дигар қироатҳо бояд бо тоҷикӣ садо диҳанд... 
  • 20:28 – Мирасрор АҲРОРОВ: Воқеияти ТАЛКО-ро дидам. Ӯзбекистон аз харидорони асосии алюмини тоҷик мешавад 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 12:56 – Туркия ва мактабҳои машкуки “Маориф” 
  • 21:16 – Трансфери сол: Криштиану Роналду ба “Ювентус” гузашт 
  • 12:49 – Аз Душанбе то Помир бо “Тселл” (36 акс) 

Илми тоҷик. Чаро фолбинҳо муваффақтаранд?

Чанде пеш зимни як ҳамоиши ҷамъбастӣ “мағзи милат” - Академияи улуми кишвар ғалберро аз об бардошт. Маълум гардид, ки дар зарфи 1 сол дастовардҳои илми тоҷик кам набуданд.
 
Наҷмиддин Шоҳинбод

Ҳанӯз 7 сол пеш дар мавсими тағйироти кадрӣ дар даҳлези болоии Ҳукумат бисёриҳо гумон надоштанд, ки Пешвои миллат ниҳоят аз ислоҳоти мағзи миллат -илм шурӯъ мекунад. Икдоми басо хирадмандона буд. Зеро аз байни 9 миллион аҳолӣ 200 вазирро пайдо кардан мумкин ҳасту аз 9 миллион пайдо шудани Бобоҷон Fафурову Осимии сонӣ басо мушкил гаштааст.

Тибқи Қарори Ҳукумат, Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ бо Институти забон ва адабиёт, институтҳои давлат ва ҳуқук бо ҳамин гуна сохтори бахши фалсафа, геология бо зилзиласанчӣ, демография бо иқтисод, ботаника бо физиологияи растаниҳо муттаҳид шуданд. Аз даҳ пажӯҳишгоҳ 5 сохтори нав таъсис гардид. Акнун рамзан гӯем, пас аз якҷоя кардани илми геология бо пажуҳишгоҳи заминҷунбӣ - олимони соҳаи геология дар болои замин меҷунбанд.
Ба назарам, ин тасмими муҳими миллӣ даҳ сол дер қабул гардид. Барои Тоҷикистон нисбат ба Институти демография, Пажуҳишгоҳи коркарди пусти чорво ва партовҳо заруртар аст. Яъне, сохтору барномаи миллии Академияи илмҳо бояд ба ниёз, тақозо ва инкишофи мамлакат мусоидат намояд. Алҳол мо нисбат ба олимони унвондори улуми дақиқи истеҳсолӣ, унвондорони сиёсатшиносиву филологӣ зиёдтар дорем. Аз кашф кардани ташдид дар ҳиссачаи номуайяни ҷумлаи мураккаб иқтисод инкишоф намеёбад. Президент Авраам Линколн соли 1864, пас аз як соли ифтитоҳи Маркази илмии ИМА, ба як дӯсти олимаш гуфт, “Ба ман алҳол таърихи қабилаҳои симинолҳои таҳҷоӣ зарур нест. Ба ман тарзи хӯрондани онҳоро тадқиқ кун. Воқеан, ман ба хондани ҳисоботҳои ҷилд–ҷилди шумоён вақту ҳавас надорам. Барои ман кашфиёти аҳамияти иқтисодидошта дар як саҳифа бас аст”.


Барои рушди илм аз бузургони миллат Рудакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ иқтибос оварда, насиҳат кардан кофӣ нест. Илм маблағ мехоҳад. Албатта, буҷаи иҷтимоии ҷумҳурӣ Академияро хӯронда наметавонад. Имрӯз зарурате пеш омадаст, пажуҳиш ба фурӯш бароварда шавад. Дар дигар кишварҳо барои кашфиёташон баъзан он қадар маблағҳое медиҳанд, ки барои як олим ё рисоланависи тоҷик комилан тасаввурношуданист. Масалан, вақте олими ҷопонӣ Харихито пажуҳиши бахши сабти электронии харитаи роҳро ба анҷом расонид, аз ширкати “Тойота” 600 миллион доллар тақдимаш карданд.

Соҳибкорони пулдор кам надорем, олимони воқеии беманзилу бепуштибон ҳам. Гоҳу ногоҳ барои ин ё он шоир ё ҳунарманд манзил диҳед, дастгирияш кунед мегӯему боре набуда, кашфиёти як олимамонро дастак карда, ҳамин тавр, даъво пеш орем. Албатта, ин ҷо мушкили дигар ҳам аст – таблиғ ё муаррифӣ. Поинтар мегӯям.

Аммо ҳоло вақти он аст, ки ҳамаи институтҳои бахши тандурустиву кишоварзӣ ба ихтиёри Академияи илмҳо дода шуда, дар асоси татбиқи илм дар истеҳсолот маблағ гиранд. Вазоратҳо ва дигар сохторҳои онҳо бояд чун муштарӣ аз онҳо дастурҳои илмиро харидорӣ кунанд.

Ҳамзамон, ба атроф нигариста, сохтори илмро тартиб додан зарур аст. Мо 97 фоиз куҳ дорему пажуҳишгоҳи куҳшиносӣ ва сангшиносӣ надорем. Соли 2008 олими навраси тоҷик Азими Fафурӣ дар олимпиадаи физикҳои ИМА сазовори медали тилло гардид. Ӯ роҳҳо ва усулҳои аз гил ва лойқа истеҳсол кардани қувваи барқро кашф намуд. Дар ин бора нашрияҳои бонуфузи ҷаҳон хабар дода буданд. Аммо мо ҷуз ин ки гуфтем, “ӯ ҳамватани мосту аз буданаш ифтихор дорем”, барояш чӣ кардем?

Мактабҳои олии ҷумҳурӣ захираи асосии Академияи илмҳост. Дар 76 мамлакати дунё пажуҳишҳои илмӣ дар донишгоҳҳо амалӣ мешавад. Аз 2000 олимони Академияи илмҳои ИМА 820 нафарашон дар Донишгоҳҳо ҳастанд. Зарур аст, ки Академияи илмҳои Тоҷикистон ҳам ба донишгоҳҳо кӯчад. Он вақт фосила ва қоғазбозии байни донишгоҳ ва илм низ кам мегардад.

Барои баровардани ниёзи молиявии илмомӯзӣ ё кашфиёти илмӣ мисли давлатҳои Ҷопон, Ҳиндустон ба пажӯҳишгоҳҳои илмӣ роҳи васеи тиҷоратро кушодан зарур аст. Соли 2009 Академияи илмҳои Ҷумҳурии Белорус ярмарка-намоиши маҳсулоти Институтҳои тадқиқотиро ташкил кард, ки дар натиҷа 23 номгӯй ихтирооти истеҳсолии олимонаш аз ҷониби ширкатҳои Аврупо харида шуданд.

Илми тоҷик реклама мехоҳад. Воқеан, ҳанӯз ҳам бими мардум, ширкату корхонаҳо аз реклама кам нагардидааст. Иқтисоди махуф ва бо ин роҳ пулшӯии як идда корхонаву ширкатҳо ба ин “омили дастовардҳо” доғи сиёҳ гузоштааст. Агар даврони соҳибистиқлолиро ба назар гирем, дастовардҳои илми тоҷик дар ин 27 сол кам нестанд. Аммо бо сабаби набудани таблиғ аксар корҳои илмиамон фонди китобхонаҳоро пур кардаанду ҳисоботи масъулинро ва тамом.

Дар замони Шӯравӣ фақат тавассути ҷамъияти “Дониш” 1600 нафар эҷодкорону олимон байни мардум суҳбату мулоқотҳо мегузаронданд. Илм хел фаврӣ ба таҳаввулоти замон вокуниш нишон медод. Дар шароити имрӯз комилан баръакс. Чанд сол пеш бо воҳимаи чанд фолбин як шабонарӯз мардуми пойтахт дар кӯча зилзилаи заминкафро интизорӣ кашиданд, - чизе ки маълум шуд, дурӯғ аст. Аммо олимони зилзиласанҷи ҷумҳурӣ, ки тадқиқоташон дар хориҷи кишвар низ эътироф шудааст, то замоне ки ин овоза кулли ҷумҳуриро фаро нагирифту мардум шабро дар кӯчаҳо рӯз накарданд, хомӯш буданд. Аслан, мардум дар бораи онҳо чизе намедонист. Ҳамон воҳима бори аввал номи ин институтро миёни мардум баровард.

Дар омади гап, имрӯз ҷунбиши хеле хатаровари фолбинону табибони фолкушо ҷомеаро пурра фаро гирифтаст. Ин ҷунбиш, ки аслан тиҷорати сердаромад аст, дар ҷомеа руҳафтодагӣ, нобоварӣ, мунтазирӣ, бимзадагиро паҳн менамояд. Агар мо Иститути расадхонаҳо ва нуҷумшиносии фаъол медоштем, бозори фолбинҳо танг мешуд.

Ин маънои онро дорад, ки ҳар қадар иттилоот дар бораи илм ва олимон зиёд бошад, ҳамон қадар шавқу рағбат ба илм меафзояд.

Айни ҳамин масъаларо ар суханронии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз дарёфтам, ки зимни суханрониаш дар ҷаласаи ҳисоботии Академияи илмҳо иброз дошт. Вай гуфт, тибқи ҳисоботи пешниҳодкардаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, ин ниҳод аз буҳрон баромадааст, аммо бо илм бо таври маснӯӣ муносибат карда намешавад:

“Масалан, омӯхтани забонҳои хориҷӣ барои кормандони маориф ва илм нигаронкунанда аст, чунки аксар олимон ҳангоми дифоъ аз рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ матни пешниҳодшударо бо забони адабии русӣ қироат карда наметавонанд. Дар илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ, илмҳои ҷомеашиносӣ, бахусус таърих, забон, адаб, фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ мушкилиҳои назаррас ҳастанд, ки рафъи онҳо вазифаи АИ ҶТ маҳсуб мешавад”,-гуфт Раҳмонзода.

Ба назарам чунин намуд, ки Ёрдамчии Президент ба таври дипломатӣ кӣ будани бархе олимонамонро гӯшрас кард. Ва дуруст ҳам ҳаст. Тасаввур кунед, тибқи хабарҳо, чанде пеш киштии моҳнаварди хитойиҳо дар Моҳ пахта корид. Пахта ба нашъунамо сар кард. Аммо олимони соҳаи кишоварзии мо ду даҳсола боз дар водии Бешкент пахтаро сабзонида наметавонанд.

Ин таъкиди ҷиддӣ бархӯрди ҷиддиро тақозо мекунад. Шармандагиҳое, ки соли гузашта “Диссернет” фош кард, бояд дарс бошаду ҳар олими тоҷик бояд дар виҷдонаш “диссернет”-и алоҳида дошта бошад. Сари ҳар нуктаи пажуҳишаш фикр кунад, ки он ба иқтисод ва истеҳсолот чӣ манфиат меорад.шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
Дар 76 мамлакати дунё пажуҳишҳои илмӣ дар донишгоҳҳо амалӣ мешавад. Аз 2000 олимони Академияи илмҳои ИМА 820 нафарашон дар Донишгоҳҳо ҳастанд. Зарур аст, ки Академияи илмҳои Тоҷикистон ҳам ба донишгоҳҳо кӯчад. Он вақт фосила ва қоғазбозии байни донишгоҳ ва илм низ кам мегардад.
  Ин маънои онро дорад, ки ҳар қадар иттилоот дар бораи илм ва олимон зиёд бошад, ҳамон қадар шавқу рағбат ба илм меафзояд.

 СУПЕР МАҚОЛА! БРАВО Наҷмиддин Шоҳинбод!!!
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter