• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 14:49 – Илми тоҷик. Чаро фолбинҳо муваффақтаранд? 
  • 20:28 – Мирасрор АҲРОРОВ: Воқеияти ТАЛКО-ро дидам. Ӯзбекистон аз харидорони асосии алюмини тоҷик мешавад 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 12:49 – Аз Душанбе то Помир бо “Тселл” (36 акс) 

Амонова: Зери тарсу таҳдид ба судя Сафарализода туҳмат кардам

Як айбдоршаванда дар қазияи парвандаи “қаллобии судя”-и шаҳри Турсунзода эътироф кардааст, ки ба судя Муҳаббат Сафарализода туҳмат намудаву дар натиҷа ӯро қурбони дурӯғҳояш кардааст.
Сокини шаҳри Турсунзода Раҳима Амонова, ки низ дар ин парванда ҳамчун миёнарав ё шарики ҷиноят шинохта шудаву нисбаташ бо моддаҳои 247, қисми 4, банди “б” ва моддаҳои 36, қисми 5, 32 қисми 3, 320 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст, дар шикоят ба Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон гуфтааст, таҳти фишори мақомоти тафтишот зидди судя Сафарализода нишондод дода буд.

Айни замон ин парванда барои омӯзиш ва хулосабарорӣ дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон қарор дошта, ба гуфтаи манобеъи огоҳ, рӯзҳои наздик маълум мешавад, ки онро барои моҳиятан баррасӣ шудан ба суд фиристанд, ё ба тафтишоти иловагӣ баргардонанд.

Муфаттишони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон судя Сафарализодаро ба он гумонбар медонанд, ки гӯё барои ба фоидаи шаҳрванд Мукаррамахон Усмонова ҳал намудани парванда оид ба барқарор кардани муҳлати даъво ва беэътибор донистани шартномаи харидуфурӯши манзили истиқоматӣ аз ӯ дар ду ҳолат тавассути миёнаравии Раҳима Амонова 3 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

Тибқи фарзияи тафтишот, гӯё Усмонова М. “бехабар аз нияти қаллобонаи Сафарализода М. аризаи даъвогии худро омода намуда, онро санаи 2 майи соли 2018 ба суди шаҳри Турсунзода супорид”. Амонова Р. бошад, аввалҳои моҳи май дар утоқи корияш аз Усмонова М. маблағи 3000 сомониро барои ба судя Сафарализода М. додан гирифта, дар идома барои ба пешбурди худ қабул намудани аризаи даъвогӣ аввал 1000 сомонӣ ва миёнаҳои моҳи май 2000 сомонии дигар дар утоқи кории худ ба судя Сафарализода М. додааст. Дар идома гӯё Сафарализода М.С. маблағи 3000 сомонии аз Усмонова М. тавассути Амонова Р. бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ гирифтаашро ба манфиати шахсии худ сарф намуда, бар ивази он амали ваъданамудаашро иҷро накардааст.

Аммо Амонова мегӯяд, ҳолати кор чунин набуда, зимни нишондоди аввал аз тарс ва зери таҳдиди ба ҳабс гирифта шуданаш чунин нишондод дода буд:

“Қайд менамоям, ки ин ҳолатро мақоми тафтиш аз рӯйи нишондоди аввалияи ман, ки дар ҳолати ҳаяҷони сахти руҳӣ қарор доштам ва ин ҳолат дар он сабаб буд, ки манро бегоҳӣ дастгир карда, ба Агентӣ оварда, якчанд шахсон манро пурсиш гузаронида, аввал гуфтанд, ки нисбати Муродов Фирдавс ва як судя нишондод деҳ ва баъдан таҳдид намуданд, ки ба ҳабс мегирем, аз сабаби он ки ман панҷ кӯдаки хурдсол, ки хурдияш дусола мебошад, ба тарс афтода, дигар ба фикри кӯдаконам афтида, чӣ гуфтанамро надонистам...

Дар ҳақиқат, ман нисбати ӯ туҳмат кардам, ба ӯ ман маблағи додаи Усмоноваро надода, балки пурра ба эҳтиёҷоти худам сарф намуда будам.

Вақте ки ман натиҷаи амалҳои туҳматонаи худамро нисбати Сафарализода М. дарк кардам, ман пурра аз нишондодҳои бардурӯғи додаи худам даст кашидам”, - шикоят кардааст ӯ ба Прокурори генералӣ, ки нусхааш ба “ИмрӯзNews” дастрас шуд.

Дар ҳамин ҳол, дар гуфтугӯи телефоние ҳам, ки баъдан байни судя Сафарализода М. ва Амонова Р. сурат гирифтааст, ин шаҳрванд дақиқан гуфтааст, ки кадом муфаттишони Агентӣ ба ӯ фишор овардаанду таҳдидаш кардаанд. Дар ин сабт шунида мешавад, ки Амонова такроран мегӯяд, дарвоқеъ, зери тарсу ҳарос нафаҳмид, ки чӣ кор кард.

Амонова дар шикояташ ба Прокурори генералӣ гуфтааст, байни ӯ ва Сафарализода М. якчанд маротиба муносибатҳои қарзӣ буд ва аз тарс гуфт, ки маблағро ба судя додааст.

Ба “ИмрӯзNews” маълум шуд, ки он замон дар асоси таклифи Раиси Суди шаҳри Турсунзода, вобаста ба ташрифи меҳмонони олиқадр, тасмим гирифта мешавад, ки бинои суд аз ҳисоби судяҳо ва кормандони суд таъмир карда шавад. Судя Сафарализода дар суҳбати кутоҳ бо хабарнигори рӯзнома тасдиқ кард, ки таъмири бинои суд иродаи худи кормандон ва судяҳо буд ва таклифи Раиси суд якдилона қабул шуд. Аммо ӯ он лаҳза барои “ҳаққи таъмир” бо худ маблағ надошт ва то замони маошгирӣ барои гирифтани қарз ба Амонова Р. муроҷиат кард. Амонова ҳам гуфтааст, судя аз ӯ қарз гирифт:

“Маблағи қарзи ба Сафарализода М. додаамро ман аз ҳисоби қарзи аз ломбрад гирифтаам дода будам. Қаблан ман якчанд маротиба бо сабабҳои ниёз доштан аз Сафарализода М. қарз гирифта будам. Ҳатто рӯзи 31 декабри соли 2017 ҳангоми маош гирифтанаш аз ҳисоби музди маошаш ба ман қарз дода буд”,-шарҳ додааст Амонова.

Дар ин ҷо вай эътироф кардааст, ки тавассути маблағи 3000 сомонӣ ба фоидаи шаҳрванд Усмонова М. ҳал кардани парвандаи мазкур роҳи андешидаи худаш буда, бо Сафарализода М. дар хусуси баррасии аризаи Усмонова М. ва гирифтани маблағи 3000 сомонӣ ягон маслиҳат накарда буд:

“Аз сабаби он ки Усмонова М. худаш ба ман пешниҳод кард, ки корашро буд кунам ва гуфт, ки маблағи калон медиҳад, ман, ки ба маблағ муҳтоҷ будам, хостам дигар аз бонк қарз нагирам ва маблағи ӯро истифода кунам. Ба ҳамин восита ӯро бовар кардам, ки кори ӯро иҷро мекунам ва маблағҳояшро гирифта, ба эҳтиёҷотам сарф намудам”, - эътироф кардааст вай.

Ёдрас мекунем, ки собиқ судяи Суди шаҳри Турсунзода Муҳаббат Сафарализода 23 ноябри соли 2018 бо фармони Президенти Тоҷикистон “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” аз вазифа барканор шуд.

Охирҳои моҳи декабр мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар доданд, ки парвандаи ӯро, ки ба “қаллобӣ бо истифода аз мақоми хизматӣ” айбдор дониста мешавад, барои гирифтани хулосаи ниҳоӣ ба Прокуратураи генералӣ фиристоданд.шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter