• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 14:49 – Илми тоҷик. Чаро фолбинҳо муваффақтаранд? 
  • 20:28 – Мирасрор АҲРОРОВ: Воқеияти ТАЛКО-ро дидам. Ӯзбекистон аз харидорони асосии алюмини тоҷик мешавад 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 12:49 – Аз Душанбе то Помир бо “Тселл” (36 акс) 

Шогуна Собир: Мактабҳои хусусӣ бояд баста шаванд

Маблағи соли таҳсил дар Cambridge Worldwide Academy 14 000 - 15 000 доллари ИМА (бо тахфиф 7 000 – 7 500 доллари ИМА) ва дар Quality School International 4000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Мактабҳои хусусӣ дорои кадом афзалиятҳо мебошанд? Ва маҳз кӣ аз ин афзалиятҳо истифода мебарад?
Шогуна Собир
таҳлилгари
масоили иҷтимоӣ

Мактабҳои хусусӣ беҳтар муҷаҳҳаз гардида, дар онҳо шароит фароҳам оварда шудааст. Аз ин лиҳоз бисёриҳо мепиндоранд, ки ин мактабҳо аз тамоми мактабҳои ройгони давлатӣ бартарӣ доранд ва бинобар ин, аксарияти наврасону ҷавонони тоҷик он ҷо таҳсил кардан мехоҳанд.

Чунин мактабҳо мисоли возеҳи онанд, ки иқтисодчиён хадамоти мақомӣ ё статусӣ меноманд. Арзиши чунин хизматрасонӣ на аз рӯи омилҳои ғайривоқеӣ, балки аз рӯи тавонмандии мардум муайян карда мешавад. Дар ин ҳолат бартарият доштани мактабҳои хусусӣ аз давлатӣ муҳим нест. Бо вуҷуди пешниҳоди таълими пастсифат шуҳрати хуб баровардан комилан мумкин аст. Охир мақом ва сифат – ин ду чизи мухталифанд.

Ва ҳатто агар сифати таълим ба инобат гирифта нашавад ҳам, мактабҳои хусусӣ (хориҷӣ ва маҳаллӣ) якуякбора аз рӯи чанд омил зарар мерасонанд. Қисми зиёди аҳолӣ имкони истифода аз чунин мактабҳоро надорад, зеро ба ҳисоби миёна, одамон дар кишвар тамоми сол ҳамон маблағеро, ки масалан CWA дар як моҳи таҳсил мегирад, ба даст меоранд. Аз ин рӯ, ҳавасмандгардонии мактабҳои хусусӣ маънии рағбати некуаҳволии танҳо қисми микроскопии аҳолиро дорад, ки бе ин ҳам дар муқоиса бо аксарият имконияти зиёд дорад.

Мактабҳои хусусӣ аксар вақт ба хатмкунандагони худ нисбат ба хонандагони мактабҳои муқаррарӣ афзалиятҳои рақобатӣ мегузоранд. Гарчанде ин на танҳо барои таълимоти хуб, балки ҳамчунин барои нуфузи худи ҳамин мактабҳо сурат мегирад. Қисми боқимондаи ҷомеа низ дар ҳолати ногувор қарор мегирад. Аввалан, хатмкунандагони мактабҳои давлатӣ таълими пастсифат мегиранд (агар таълим дар мактабҳои хусусӣ воқеан беҳтар бошад), дуввум, онҳо умеди худро аз рақобати одилона мекананд. Ин ҳатто ба он хонандагоне дахл дорад, ки ба худомӯзӣ машғул ҳастанд, то он донишеро, ки дар мактаб гирифта натавонистаанд, аз худ намоянд.

Мавҷудияти мактабҳои хусусӣ ҳамчунин шумораи сармоягузориро, ки барои беҳтар намудани мактабҳои давлатӣ равона шудаанд, коҳиш медиҳад. Агар дар кишвар танҳо мактабҳои ройгони давлатӣ фаъолият дошта бошанд, он гоҳ шахсони доро зарурати беҳтар намудани онҳоро ҳис мекунанд, зеро дарк менамоянд, ки маҳз дар ин мактабҳо фарзандони онҳоро лозим меояд таълим гиранд. Шахсони доро одатан зарурати беҳтар намудани дунёеро, ки онҳо ҷузъи он ҳастанд, намебинанд.

Дар Тоҷикистон дунёи сарватмандон бе ин ҳам аз дунёи мардуми одӣ комилан дур аст. Мактабҳои хусусӣ тақсимоти бе ин ҳам тақсимшудаи ҷомеаро танҳо тақвият мебахшанд. Маҳз аз пушти онҳо барои таҳсилоти кӯдакони табақаҳои гуногуни ҷомеа имконияти боз ҳам кам мемонад. Ҳамаи ин ба он оварда мерасонад, ки донишҷуён аз оилаҳои сарватманд он мушкилотеро, ки бо онҳо аксарияти одамон дучор мешаванд, то охир дарк нахоҳанд кард.

Ва ниҳоятан, мавҷудияти мактабҳои хусусӣ ба қобилияти давлат ҷиҳати ғамхорӣ ба мактабҳои давлатӣ таъсири манфӣ мерасонад. Мактабҳои хусусӣ боварии аҳолиро ба низоми таълими давлатӣ коста мегардонанд. Дар одамон чунин таассурот эҷод мегардад, ки мактабҳои давлатӣ ба ҳеҷ чиз ба кор намеоянд. Возеҳ аст, ки ширкатҳои хусусӣ бо маҳдудияти кормандон назар ба Вазорати маорифи давлат метавонанд муассисаҳои таълимии бештар мукаммалро таъсис диҳанд. Ҳамчунин аниқ аст, ки давлат беҳтаршавии таълимро танҳо барои қисми маҳдуди аҳолӣ маъқул медонад. Он ин корро ба таври мустақим бо додани иҷозат барои таъсиси мактабҳои хусусӣ ва ба таври ғайримустақим бо додани беҳтарин мактабҳо ба онҳо анҷом медиҳад.

Бисёр хуб мешуд, ки дар ин самт сиёсате татбиқ мешуд, ки ҷомеаро муттаҳид созад. Метавон аз чунин кишваре ба монанди Финляндия мисол овард. Дар Финляндия ба мактабҳо ва донишгоҳҳои хусусии пулакӣ иҷозаи фаъолият дода нашудааст. Мактабҳо маблағгузории миёна карда мешаванд, вале новобаста аз мавқеи ҷойгиршавиашон дар онҳо таълим хуб ба роҳ монда шудааст. Кӯдаконро ба соли дуюм намемонанд ва дар синфҳои поёнӣ вазифаи хонагӣ комилан вуҷуд надорад. Низоми таълим дар Финляндия яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон маҳсуб мешавад.

Низоми анъанавии таълим, ки интизоми ҷиддӣ ва иҷрои бегуфтугӯи амру фармонро фаро гирифтааст, ба хонандагон имкон намедиҳад, ки бо омӯзгорон ба мунозира бархезанд ё он чӣ ки онҳоро меомӯзонанд, зери суол баранд. Ин низом барои қонеъ гардонидани талаботи инқилоби саноатӣ эҷод гардида буд, замоне ки фабрикаҳо ба шумораи зиёди коргароне эҳтиёҷ доштанд, ки саволҳои зиёдатӣ намедоданд. Чунин низоми таълим, масалан дар Тоҷикистон, Британияи Кабир ва ИМА истифода бурда мешавад. Самаранокии он нисбат ба низоми таълими Финляндия хеле паст аст.

Такмили низоми таълими Тоҷикистон талоши зиёд ё тағйироти куллро дар буҷаи кишвар талаб намекунад. Мактабҳо на танҳо ба технологияи муосир, маводи таълимӣ ва Интернет, балки ба омӯзгорони хубе, ки касби омӯзгориро вазифаи ҷонии худ медонанд, ниёз доранд. Барои он ки омӯзгорон аз майли порагирӣ даст кашанд, бояд меҳнати онҳо хуб қадр карда шавад. Омӯзгорони таҷрибадор, кордон ва меҳрубон метавонанд барои ба муваффақият ноил шудани кӯдакон дар мактаб мусоидат намоянд. Хонандагон он гоҳ ба таълим муносибати ҷиддӣ менамоянд, ки ба онҳо боэҳтиром, бе доду вой ва бе таҳқир муносибат кунанд. Муаллимон бояд дар хонандагон на ҷисм барои фишороварӣ, ҷазодиҳӣ ва пастзанӣ, балки иқтидори бузургро бубинанд. Таълиме, ки ба пурра кушодани иқтидори хонандагон равона гардидааст, ҳатман ба тамоми ҷомеа манфиат меоварад.

Тағйироти барномаҳои таълимӣ бо мақсади пурзӯр гардонидани шароити дохилшавӣ ба муассисаҳои олии омӯзгорӣ ва хатм, тавре ки дар Финляндия ба роҳ монда шудааст, низ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Мактабҳо бояд ҷомеаро муттаҳид созанд ва ба он манфиат оваранд. Ҷомеаи муосир бе ин ҳам ба нобаробарии иҷтимоӣ тақсим шудааст ва мактабҳои хусусӣ бо додани афзалият ба онҳое, ки онро доранд, вазъиятро танҳо дучанд мегардонанд. Таҳсилоти аҳолиро набояд яке аз хизматрасониҳои бозори озод ҳисобид. Мактабҳо набояд рақобат байни талабагонро рағбат бахшанд ва аз ин рӯ, наметавонанд хусусӣ ё мустақил бошанд. Давлат бояд барои фароҳам овардани таҳсилоти ройгони босифат, ки барои ҳамаи табақаи ҷомеа баробар аст, масъулият дошта бошад.
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
Таҳлил ва пешниҳоди Шогунаи Собир дуруст ва бамаврид аст.. Воқеан, чунин аст. Оиди ин камбудиҳои соҳаи маориф, Вазорати Маориф ва сохторҳои дахлдор бояд ҷиддӣ кор кунанд. 
Бо муаллиф розиам. Дуруст мегуянд.
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter