• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

Туула Юрёля: Аз Тоҷикистон хотироти хуб мебарам

Фаъолияти Туула Юрёля дар мақоми роҳбари Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Душанбе ба анҷом расид. Рӯзи 20-уми сентябр ба муносибати анҷоми даври кории дипломати калони САҲА дар Тоҷикистон хабарнигорон ба мусоҳиба даъват шуданд. 
Дар рафти ин суҳбат хабарнигори “ИмрӯзNews” бо чанд суол бо хонум Туула Юрёля муроҷиат кард.

ИмрӯзNews: - Бо чӣ табъе Шумо Тоҷикистонро тарк мекунед? Дар замони роҳбарии Шумо САҲА дар кишвари мо чӣ дастовардҳое дошт?
Туула Юрёля: - Ташаккури зиёд. Хеле хушнудам, ки дар арафаи хайрухуш барои ташкили ин суҳбат шароит фароҳам омад.
Ду соле, ки дар Тоҷикистон гузаронидам, марҳилаи хеле аҷиб буд ва ҳоло эҳсоси аҷибе маро фарогир аст, мешавад гуфт, ки ин як эҳсоси талху ширин аст. Нуктаи ғамангез ин аст, ки ба ман зарур аст, дӯстони хуб ва ҳамкорони хубамро, ки ин ҳама вақт бо онҳо кор кардам, пушти сар гузорам, аммо ҳамеша бояд ба оянда нигарист.
Ман бисёр ифтихор мекунам, ки як ҷузъи ин коллективи қавиирода дар ҳайати Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе будам. Ҳамчунин, кор бо ҳамкорони хуби тоҷикистонӣ, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи байналмилалӣ хушҳолкунанда буд. Ду соле, ки ин ҷо гузаронидам, муҳимияти кореро, ки дар ин ҷо анҷом додем, собит сохт. То замоне ки ман ба ин вазифа таъин гардидам, албатта, оид ба фаъолияте, ки САҲА дар ин ҷо пеш мебарад, медонистам, аммо идомаи кор дар ин ҷо ба ман муҳимияти ин фаъолиятро бештар нишон дод.

ИмрӯзNews: - Шумо кадом чолишҳо ва имкониятҳоро барои ҷумҳурии мо метавонед қайд намоед?
Туула Юрёля: - Аввалан, чолишҳо аз ҷойгиршавии геополитикии Тоҷикистон ба вуҷуд меоянд ва дар ин замина бояд вазъият дар шимоли Афғонистонро қайд намуд. Дар марҳилаи солҳои зиёд Тоҷикистон бо ин вазъ рӯ ба рӯ мегардад, ҷумҳурие, ки роҳи баромад ба баҳр надорад ва албатта, ин ба рушди иқтисодии кишвар таъсир мерасонад.
Беҳтарсозии муносибатҳо бо Ӯзбекистон ин рушди нави минтақавӣ мебошад ва албатта, хеле омили муҳим ва мусбӣ ба ҳисоб меравад, ки дар таърих саҳифаи навро мекушояд. Шахсан, маро ин ҳолат хеле хушҳол месозад ва ҳатто баъди рафтан аз ин ҷо ман динамикаи рушдро, ки чӣ гуна ҷумҳурӣ минбаъд низ рушд меёбад, ботаваҷҷуҳ назорат хоҳам кард. Ман фикр мекунам, ки Дафтари мо ҳам дар ин тағйироти мусбӣ ва роҳи минбаъдаи рушд саҳм мегузорад.

ИмрӯзNews: - Вазъи озодии суханро дар Тоҷикистон ва нақши матбуоти феълӣ дар тақвияти демократия дар кишварро чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Туула Юрёля: - Биёед аз нуқтаи назари САҲА, аз мавқеъи мо шурӯъ мекунем. 57 давлати иштирокчии САҲА бо иттифоқи оро ба ин хулоса расиданд, ки озодии ВАО ҳуқуқи асосии инсон ба ҳисоб меравад.
Озодона баён кардани андеша яке аз бунёдҳои асосии рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳсуб мегардад. Ин бевосита ба таъмини амният, субот ва шукуфоии кишвар алоқаманд аст. Ҳукуматро зарур аст, ки талаботи аҳолиро шунавад, барои он ки ба ин заруратҳо посух диҳад ва чора андешад. Ва нақши ВАО ин аст, ки ин масоилеро, ки ҷомеаро ба ташвиш меорад, муайян карда, ба ҳукумат расонад, таваҷҷуҳи ҳукуматро ба ин масоил ҷалб созад.
Ман бисёр хушҳолам, ки бо мақомоти Тоҷикистон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО дар масъалаи ҳифзи ҳуқуқи журналистон ва таҳкими сатҳи касбии журналистон ҳамкории зич доштем ва дорем. Масалан, мо бо Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон кор мекунем. Тамоюли хеле аҷиб ин аст, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон ба пахши рақамӣ мегузаранд, ҳарчанд ин амр дар саросари ҷаҳон чолишҳои наверо ба миён меорад. Тоҷикистон дар ин самт талоши зиёд мекунад ва ман хеле хушҳолам, ки мо дар ин самт кумаку дастгирӣ мекунем.

ИмрӯзNews: - Соли 2017 ваколати САҲА дар Тоҷикистон тағйир ёфт. Шумо ба чолишҳое, ки баъди тағйири ваколат ба миён омаданд, чӣ гуна бархӯрд кардед?
Туула Юрёля: - Тавре қаблан гуфтам, ваколати нав моро комилан қонеъ мекунад ва ман аз ваколате, ки дарёфт намудем, розиям. Чизе ки шахсан ба ман ва Дафтари мо марбут аст, мо қабл аз ҳама, дар бораи ин андешидем, ки чӣ гуна бо ваколати нав ба таври муассир фаъолият кунем. Мо дар ин бора андешидем, ки чӣ гуна эҳсоси масъулияти маҳаллӣ (аз англисии “local ownership”), яъне масъулият дар сатҳи маҳаллро мустаҳкам намоем. Ва мо кушидем, ин фаҳмишро дар миёни идораҳои давлатӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба вуҷуд оварем, ки мо дар якҷоягӣ барои дастёбӣ ба натиҷаҳои муштарак фаъолият мекунем. Ин маънои онро дорад, ки мо мехоҳем мутмаин бошем, ки фаъолияти мо барои ноил шудан ба натиҷаҳои устувор ва пойдор равона шудааст. Барои ҳамин, мо бояд ба фаъолияте машғул шавем, ки афродеро, ки дастраскунандаи натиҷаҳои ин фаъолият ба ҳисоб мераванд, қонеъ намояд ва он бояд барои дастёбӣ ба ҳадафҳои умумӣ равона шуда бошад.
Дар натиҷа мо дар вазъи хеле хуб қарор гирифтем ва ҳоло, ки ман меравам, эътимод дорам, ки робитаи мо самаранок хоҳад буд ва барои дастёбӣ ба ҳадафҳои умумӣ равона хоҳад шуд.
Ва ман умед дорам, ки натиҷаҳояи фаъолияти мо дар оянда хеле беҳтар хоҳанд шуд, дар муқоиса ба он ки қаблан буданд.

ИмрӯзNews: - Дар вазъи кунунии ҷаҳон то чӣ андоза САҲА созмони муҳим ба ҳисоб меравад?
Туула Юрёля: - Мехоҳам ёдовар шавам, ки ман шаҳрванди Финландия мебошам ва қайд кардан зарур аст, ки пеш аз САҲА созмони дигар мавҷуд буд, ки Ҷаласаи амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ном дошт. Он аввалин маротиба дар соли 1975 ба вуҷуд омад ва ҳуҷҷат оид ба ташкили ин созмон – Санади ниҳоии Хелсинки – дар Хелсинки, пойтахти Финландия, ба имзо расид. Дар 40 соли охир (САҲА беш аз 40 сол аст, ки арзи ҳастӣ дорад) дар хусусиятҳои фаъолияти САҲА ва умуман, дар рушди ҳодисаҳо дар тамоми ҷаҳон тағйироти зиёд ворид шуд. Фикр мекунам, дар натиҷаи ҳамин консепсияи амнияти умумӣ ба вуҷуд омад, ки дорои арзишҳои худ мебошад ва то ҳанӯз муҳим ба ҳисоб меравад. Барои он ки сулҳи пойдор танҳо аз назорати силоҳ ва чораҳои амниятӣ вобаста нест. Ҳамчунин зарур аст, ки идоракунии самарабахш таъмин шавад, бояд рушди иқтисодӣ, ҳифзи муҳимти зист, риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонунро таъмин кард.
Барои ҳамин САҲА ба ҳамаи ин масъалаҳо машғул мешавад.
Ба ғайр аз ин, САҲА ба таври анъанавӣ барои баррасии масъалаҳои баҳсбарангез майдон пешниҳод месозад. Ин ҳам омиле ба ҳисоб меравад, ки барои мувофиқаи ҷонибҳои муноқишакунанда нигаронида шудааст ва барои расидан ба сулҳу суботи дарозмуддат равона шудааст.
Ҳамчунин, САҲА барои қатъи муноқишаҳо ва идоракунии муноқишаҳо дар минтақаҳое, ки САҲА фаъол аст, кӯшиш ба харҷ медиҳад. Барои мисол мешавад ҳаводиси Украинаро овард, ки зарурати зиёд ба коҳиш ва суст кардани шиддати танишҳо, назорати созишномаҳои имзошуда оид ба танзими муноқишаҳо ва расидан ба эътимоди умумии муштараки байни тарафҳои ҷангҷӯ равона шудааст.


ИмрӯзNews: Хонум Туула Юрёля, дар чорабиниҳои расмӣ Шумо ҳамеша либосу костюмҳои миллии тоҷикии бо услубҳои муосир дӯхташударо мепӯшед. Дар ватанатон ҳам ин корро идома медиҳед?
Туула Юрёля: - Албатта! Ман кайҳо ба дизайни муосир ва анъанавии этникии либосҳои миллии тоҷикӣ ва унсурҳои гулдузии пӯшиданиҳои анъанавӣ таваҷҷуҳ доштам. Ҳамчунин, бо як тарроҳи либос шинос шудам, ки шахсан барои ман либос омода месозад ва онҳо ба салиқаи ман мувофиқанд.
Ман чизҳои беназир ва хотироти хубе аз Тоҷикистон дорам, ки бо худ ба ватан мебарам.

Cуҳбати 
Муним Оламов
ИмрӯзNews
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter