• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад

Суханронии Сафири Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Никитюк дар қабули расмӣ ба муносибати 27-умин солгарди истиқлолияти Украина ва эҳёи давлатдории якасраи Украина
Анъанаҳои давлатдории украинҳо аз давраи Киеви Рус сарчашма мегиранду нахустин конститутсияи аврупоиро гетмани Сечи Запороже Пилип Орлик навишта буд.

Аммо орзуи украиниҳо барои сохтани давлати соҳибихтиёр бори аввал дар давраи инқилоби Украина солҳои ҳазору нуҳсаду ҳабдаҳ - ҳазору нуҳсаду бисту як пурра амалӣ шуд.

Бисту дуюми январи соли 1918 Универсали чоруми Радаи Марказии Украина Ҷумҳурии халқии Украинаро давлати “мустақил, ба касе вобастанабуда ва озоди халқи украин” эълон кард.

Ба барпокунии институтҳои асосии ҳокимияти давлатӣ, эътирофи байналмилалӣ ва ҷорӣ кардани муносибатҳои дипломатӣ бо як қатор мамлакатҳо нигоҳ накарда, Ҷумҳурии халқии Украина ба ҳуҷуми мусаллаҳонаи болшевикон муқобилият карда натавонисту ҳамагӣ то соли ҳазору нуҳсаду бисту як боқӣ монд.

Марҳилаи наву бебозгашти сохти давлатдории миллӣ мисли Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дафъа бинобар парокандашавии мантиқиву ногузири Иттифоқи Советии тоталитарӣ муяссар гашт.

Бисту чоруми августи соли ҳазору нуҳсаду наваду як Радаи Олии Украина санади эълон кардани истиқлолияти давлатии Украинаро қабул кард, ки ҳоло мо бисту ҳафтумин солгарди онро бо садсолагии эҳёи давлатдории Украина ҷашн мегирем.

Украинаи имрӯза давлати муосири демократӣ, ҳуқуқбунёд ва босуръат тараққикунандаи аврупоӣ аст, ки ба оянда бо боварӣ менигарад ва озодии хешро ҳимоя карда метавонад.

Ман ҳоло аз мулоқоти сафирон дар Киев баргаштам. Мо дар намоиши ҳарбӣ будем, бо роҳбарияти давлат вохӯрдем, Донбассро дидем. Мухтасар гӯем, натиҷаҳои мулоқот чунинанд.

Украина мунтазам ба мақсади стратегияш - узви комилҳуқуқи Иттиҳоди Аврупо ва НАТО гаштан наздик мешавад. Иқтисодиёти мамалакат рушди босуботро нишон медиҳад. Қувваҳои мусаллаҳи мо дар чор соли охир ба зинаи сифатан нави иқтидори ҳарбӣ баромаданд.

Ман ифтихор дорам, ки Ватанамро дар Тоҷикистони дӯст муаррифӣ мекунам ва бо истифода аз ин имконот барои табрикоти гарми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати бисту ҳафтсолагии Истиқлолияти Украина аз самими қалб минатдорӣ баён мекунам.

Ба дур будани мавқеи географӣ нигоҳ накарда, Украина ва Тоҷикистон умумияти зиёд доранд ва дӯстии мо дар пояи эҳтироми ҳамдигар ва анъанаҳои неки дерина қарор дорад.

Дар Украина саҳми тоҷиконро барои озод намудани мамлакати мо аз натсистон дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон ва бартараф намудани оқибатҳои садамаи Чорнобил самимона пос медоранд.

Тобистони соли ҷорӣ ман бо ҳамсарам дар Киев бо камоли хурсандӣ аз китобхонаи ба номи Садриддин Айнӣ дидан карда, сафи хонандагони онро пурратар кардем. Ба наздикони устод Айнӣ барои ба ин китобхона туҳфа намудани асарҳои ин устоди бузург сипосгузорам.

Давлатҳои мо истиқлолияташонро дар як сол ба даст оварда, дар муносибатҳои дуҷонибаи хеш ба комёбиҳои зиёд расиданд.

Ба солҳои охир болоравии гардиши савдо байни давлатҳои мо хос аст. Ҳамасола барои таҳсил аз ҳисоби буҷаи давлатии мо бист донишҷӯи тоҷик ба Украина равон карда мешаванд. Украиниҳо дар иншооти муҳимтарини гидроэнергетикии Тоҷикистон фаъолият мекунанд.

Корҳои амалӣ кардани қарорҳои Комиссияи муштараки байнидавлатии Украина ва Тоҷикистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки дар Киев хоҳад гузашт, ба муносибатҳои дуҷонибаи мо неруи тоза мебахшад.
Мардуми Украина низ беқаророна Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Украинаро интизоранд.

Соли 2018 дар Тоҷикистон "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гаштааст. Тоҷикистон арзишҳои зиёдро метавонад ба маърази сайёҳони ҷаҳон пешкаш намояд. Бояд таваҷҷуҳи афзуншавандаи украиниҳоро низ барои сафар кардан ба Тоҷикистон қайд намоям.

Сафоратхонаи мо ба паҳн намудани иттилоот оид ба кишвари зебои Шумо, аз ҷумла бо истифодабарии имконоти шабакаҳои иҷтимоии “Facebook” ва “Twitter” фаъолона мусоидат мекунад.

Умеди комил дорам, ки ба наздикӣ мамлакатҳои мо хатсайри мустақими ҳавоиро барқарор мекунанд ва расидан ба пойтахту дигар шаҳрҳои давлатҳои мо боз ҳам хубтару осонтар мегардад.

Сиёсати боровари “дарҳои кушода” ва устувор кардани ҳамкории минтақавӣ, ки Тоҷикистон мегузаронад, қобили таваҷҷуҳ аст.

Комёбиҳои мамлакати Шумо дар ҳалли масъалаҳои энергетикӣ, нақлиёт ва озуқа, ташаббусҳои оламшумул оид ба об, ки Тоҷикистон худро мутлақо пешсаф нишон дод, моро мутаассир менамоянд.

Дар ин ҳошия Украина бо Тоҷикистон дар саҳнаи байналмилалӣ, аз ҷумла дар чорчӯбаи ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкории минбаъдаро давом хоҳад дод.

Соли 2018 на танҳо бо чунин санаҳои муҳими 27-солагии Истиқлолияти Украина ва Тоҷикистон, инчунин садсолагии давлатдории Украина қайд шудааст.

Панҷоҳ сол қабл, бисту якуми августи соли 1968 қӯшунҳои советӣ ба Чехословакияи мустақил бо зӯрӣ даромада, кӯшиш намуданд, ки сабзаҳои демократии “Баҳори Прага”-ро поймол кунанд.

Тарси реҷаи тоталитарии советӣ беҳуда набуд. Имрӯз Чехия ва Словакия давлатҳои мустақилу демократии аврупоӣ, аъзои Иттиҳоди Аврупо ва НАТО мебошанд.

Даҳ сол қабл, ҳафтум ба ҳаштуми августи соли 2008 ҳамон “империяи бадӣ” бо қӯшунҳои худ ба минтақаи мустақили Гурҷистони озодидӯст зӯран даромаду оқибат дар Абхазия ва Осетияи ҷанубии гурҷӣ реҷаҳои лухтакмонанд ҷорӣ карда шуданд.

Аммо равиши таърихро ба қафо гардонда намешавад. Гурҷистони имрӯза давлати демократии муваффақгашта, иштирокчии фаъоли тарғибгарони сулҳовар ва бо дурнамои равшани дохилшавӣ ба НАТО мебошад.

Ва ниҳоят, ин аллакай соли панҷуми ҷанги Федератсияи Россия зидди Украина буда, ба муқобили чашмдошти таҷовузкор раванди ваҳдати миллати украин, устувор намудани қудрати мудофиавии мо ва ҳамроҳшави ба Иттиҳоди Аврупо ва НАТО-ро тезонд.

Дар Киев ман боз бо ваколатдори Президенти Украина оид ба халқи Қриму тотор Мустафо Джемилев як вохӯрии муҳим доштам. Ман бо хушнудӣ ба ӯ паём додам, ки болои сафоратхонаи мо дар шафати Парчами давлатӣ парчами миллии халқи Қриму тотор - халқи аслии Қрим афрохта шудааст.

Аз фурсат истифода бурда, ба он давлатҳое, ки қотеона кӯшиши ғасби Ҷумҳурии мухтори Қрим ва бо реҷаи кремлӣ муваққатан забт кардани қисми Донбасси Украинаро муҳокима намуда, бар зидди вайронкор пайдарҳам муҷозоти иқтисодӣ мебанданд ва бечуну чаро озод кардани маҳбусони сиёсии украиниро, ки Кремл ғайриқонунӣ нигоҳ медорад, талаб мекунанд, миннатдории самимӣ баён мекунам.

Бо мақсади зудтар қатъ кардани оташ дар Донбасс ва озод намудани Ҷумҳурии мухтори Қрим Украина дар қисмати муваққатан ишғолшудаи Донбасс вазифаи махсуси сулҳовари Созмони Милали Муттаҳид, сохтани барномаи байналмилалии “Дӯстони озодкунии Қрим”-ро ба роҳ монд.

Дар ҳалли ин масъалаҳо аз ҷониби Тоҷикистони дӯст, ки таҷрибааш оид ба танзими низои мусаллаҳона дар минтақаи худаш дар солҳои навадуми садаи гузашта бо иштироки фаъолонаи Созмони Милали Муттаҳид ва Ташкилоти бехатарӣ ва ҳамкорӣ дар Аврупо аҳамияти муҳими байналмилалӣ дорад, дастгирӣ умед дорем.

Дар охир бори дигар тамоми тоҷиконро бо бисту ҳафтумин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегӯям.
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter