• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

Силоҳи ҳастаӣ – роҳ ба нокуҷо. Лоиҳаи АТОМ муҳимтарин дастовард дар ин самт аст

Аз лаҳзаи ба даст овардани истиқлолият Қазоқистон барои ояндаи накӯтар ва ҷаҳони озод аз ҳастаӣ на танҳо дар қаламрави худ, балки фаротар аз марзҳояш мубориза мебарад. Қазоқистон дар соҳаи паҳн накардан ва халъи силоҳи ҳастаӣ кашшоф буда, борҳо ҳамчун ташаббускори дигаргуниҳои бузург ва намуна барои бисёр кишварҳо баромад кардааст.
29 августи соли 1991 бо фармони Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев қарордоди таърихии он – басташавии майдони озмоишҳои ҳастаии Семипалатинск ба расмият дароварда шуд. Соли 1993 Қазоқистон яке аз аввалин кишварҳои ИДМ буд, ки ба Паймони паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ ҳамроҳ шуд ва соли 1992 иштироккунандаи Паймони манъи ҳамаҷонибаи озмоишҳои ҳастаӣ гардид. Қазоқистон худро ҳамчун кишваре нишон дод, ки ба он дар бобати сиёсати мунтазам дар соҳаи паҳн нагардидани силоҳи ҳастаӣ такя кардан мумкин аст. Яке аз қадамҳои муҳимтарин дар ин бобат таъмини бехатарии маводи ҳастаии дар кишвар мавҷудбуда гардид. Қазоқистон пас аз ИМА, Русия, Украина чорумин кишвар аз ҷиҳати миқдори кулоҳаки ҳастаӣ буд, аммо аз аслиҳаи ядроӣ, ки аз ИҶШС ба мерос монда буд, ихтиёран даст кашид.

Лозим ба ёдоварист, ки Қазоқистон на танҳо маҷмӯи стандартии ӯҳдадориҳоро бар дӯши худ гирифт, ки дар Паймон оид ба паҳн накардани аслиҳаи ҳастаӣ пешбинӣ шуда буд, балки якҷоя бо ҳамсоягон минтақаи озод аз силоҳи ҳастаиро дар Осиёи Марказӣ таъсис дод. Панҷ ҷумҳурии Осиёи Марказӣ ихтиёран уҳдадориҳои иловагиро, ба монанди имзои шартномаҳо бо МАГАТЭ оид ба санҷишҳои дақиқтари фаъолияти ҳастаӣ, бар дӯши худ гирифтанд.
Таърихи фоҷиабори озмоишҳои ҳастаӣ дар хоки Қазоқистон ва оқибатҳои вазнинтарини башариву муҳити зист ба Қазоқистон ҳуқуқи маънавӣ медиҳад ва ҳатто вазифадор мекунад, ки ҷомеаи байналмилалиро аз хатари ҳастаӣ ба муҳити атроф ва тамоми инсоният огоҳ намояд.
Қазоқистон яке аз иқдомҳои муҳимро барои ба даст овардани ҷаҳони озод аз ҳастаӣ ба амал овард ва маъракаи байналмилалии Лоиҳаи АТОМ-ро барои муттаҳид намудани афкори ҷомеа бар зидди озмоишҳои силоҳи ҳастаӣ ва баъдан дасткашии пурра аз мусаллаҳшавии ҳастаӣ роҳандозӣ намуд. Номи ин лоиҳа ихтисораи чор калима ба забони англисӣ ғояи асосии барномаро хубтар аз ҳама ифода мекунад - AbolishTesting - OurMission (Манъи озмоишҳо – Рисолати Мост).
Лоиҳаи АТОМ – ташаббуси ҷаҳонии Қазоқистон дар соҳаи силоҳпартоии ҳастаӣ ва дипломатияи ҷомеавӣ бори нахуст дар Остона соли 2012 аз ҷониби Н.Назарбоев дар ҳамоиши байналмилалии “Аз манъи озмоишҳои ҳастаӣ – ба ҷаҳони озод аз силоҳи ҳастаӣ” дар Рӯзи байналмилалии амалиёт бар зидди озмоишҳои ҳастаии СММ – 29 август эълом гардид.

Дар чаҳорчӯби ин лоиҳа ҳар як инсон дар рӯи Замин, ки мухолифи силоҳи ҳастаӣ аст, метавонад дар зери арзномаи онлайнӣ ба ҳамаи ҳукуматҳои ҷаҳон бо даъвати абадан даст кашидан аз озмоишҳои ҳастаӣ имзо кунад, то ки ба фавран эътибор пайдо намудани Паймони манъи ҳамаҷонибаи озмоишҳои ҳастаӣ ноил гардад ва ҳамин тариқ, ба сӯи ҷаҳони озод аз таҳдиди ҳастаӣ қадами муҳим гузорад.
Дар тӯли солҳои фаъолияташ лоиҳаи АТОМ оид ба муттаҳидсозии афкори ҷомеа бар зидди озмоишҳои ҳастаӣ қадамҳои назаррас гузошта, на танҳо дар дохили Қазоқистон, балки берун аз он низ корҳои зиёдеро ба анҷом расонид. Дар кишварҳое ба монанди Норвегия, Нидерландия, Швейтсария, Италия, Русия, ИМА, Финландия, Австрия, Ҷопон, Мексика ва Олмон муаррифии Лоиҳаи АТОМ ва ҳамчунин намоиши мусаввараҳои рассоми машҳури қазоқистонӣ, сафири ифтихории лоиҳа Карипбек Қуюқов низ баргузор гардиданд. Зимни муаррифӣ ширкаткунандагони Лоиҳаи АТОМ дар бобати кӯшишҳои зиддиҳастаии Қазоқистон, таърихи фоҷианоки майдони озмоишии Семипалатинск нақлҳо мекунанд ва аз натиҷаҳои даҳшатбори озмоишҳои ҳастаӣ огоҳӣ медиҳанд.
Лоиҳаи АТОМ бо созмонҳои зиёди байналмилалӣ, ки ташаббусҳои зиддиҳастаии Қазоқистонро дастгирӣ мекунанд, ба монанди: Созмони Милали Муттаҳид, Комиссияи омодагии Ташкили Паймони манъи ҳамаҷонибаи озмоишҳои ҳастаӣ, Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Парламентиён барои паҳн накардан ва халъи силоҳи ҳастаӣ, Тадбирҳои байналмилалӣ барои манъи аслиҳаи ҳастаӣ ва ғ. ҳамкорӣ менамояд.
Дар ҳамаи кишварҳо кӯшишҳои Қазоқистон дар рисолати мушкили силоҳпартоии ҳастаӣ дастгирию ҷонибдорӣ карда мешаванд. Дар мӯҳлати кӯтоҳи мавҷудияти худ Лоиҳаи АТОМ дар муттаҳид сохтани одамон дар тамоми ҷаҳон ки аз мубориза ба муқобили озмоишҳо ва силоҳи ҳастаӣ канорагирӣ намекунанд, пешрафти назаррасро ноил гардид. То имрӯз 310 000 мардуми зиёда аз 100 кишвар ба зери ин арзнома имзо гузоштаанд ва Лоиҳаи АТОМ бо ин дастовард қонеъ нагардида, ба кори худ идома хоҳад дод.
Ёдрас мекунем, ки дар соли 2006 аз ҷониби ҳамаи панҷ ҷумҳурии минтақа - Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон Қарордод оид ба таъсиси минтақаи беядроӣ ба имзо расида, он аз соли 2009 ин ҷониб фаъол аст.
Протокол ба созишнома соли 2014 аз ҷониби панҷ кишвари абарқудрати ҳастаӣ - Чин, ИМА, Фаронса, Бритониёи Кабир ва Русия ба имзо расид ва ин кишварҳо уҳдадор шуданд, ки нисбат ба давлатҳои иштироккунандаи минтақаи Осиёи Марказӣ аз истифодаи яроқи ҳастаӣ худдорӣ мекунанд ва ҳатто аз таҳдиди истифодаи он.

Қаблан зимни як нишаст дар Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон ҳам гуфта шуд, ки муҳофизат аз хатарҳои яроқи ҳастаӣ уҳдадории стратегии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.

Маълумотнома
28-уми сентябри соли 1993 Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев зимни суханрониаш дар нишасти 48-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид мавқеи худро дар мавриди чӣ гуна безарар гардонидани Осиёи Марказӣ аз хатарҳои ҳастаӣ баён намуда буд. Шуруъ аз соли 1993 тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Шартнома дар бораи манъи паҳншавии силоҳи ҳастаӣ ва Шартнома дар бораи манъи умумии озмоишҳои ҳастаӣ ҳамроҳ шуданро оғоз карданд.
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Қазоқистон 13-уми декабри соли 1993 шартномаи мазурро тасвиб намуд. Қирғизистон 5 июли соли 1994 ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 январи соли 1997 ин созишномаро ба тасвиб расониданд.
26 майи соли 1995 дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон дар майдони зеризаминӣ охирин неруи ҳастаӣ нобуд карда шуд.
Ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчунин протоколи иловагиро ҷонибдорӣ намуданд. Протоколи иловагиро Ҷумҳурии Ӯзбекистон 22 сентябри соли 1998 имзо ва 21 декабри соли 1998 ба тасвиб расонид. Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 июли соли 2003 ин протоколи иловагиро имзо ва 14 декабри соли 2004 ба тасвиб расонид. Ҷумҳурии Туркманистон, ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Қирғизистон низ ин протоколро ба тасвиб расониданд.
Ҳамин тавр, моҳи декабри соли 2009 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид 29-уми августро Рӯзи байналмилалии амалҳо алайҳи озмоишҳои ҳастаӣ эълон кард.
Аз ҳамон вақт инҷониб дар ин рӯз дар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон оид ба дурнамои сиёсати ҷаҳонӣ дар самти пешгирии паҳн нашудани яроқи ҳастаӣ, нақши кишварҳои минтақа дар таҳкими сиёсати ҳудуди бидуни ҳастаӣ дар Осиёи Марказӣ, мақоми беҳастаии кишварҳои минтақа ва бахусус Қазоқистон, чун кафолати амнияту суботи минтақаи Осиёи Марказӣ ва масъалаи партовҳои боқимондаи замонҳои Шӯравӣ дар кишварҳои собиқ, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ, чорабиниҳои гуногун баргузор мешаванд.
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
еврокар аренда машин ----- Банковская сфера -----
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter