• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

КҲФ тасдиқ кард: дар суқути чархбол 5 нафар ба ҳалокат расид

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда тасдиқ кард, ки бар асари садамаи чархболи МИ-8 рӯзи 12 август дар поёноби пиряхи Фортамбек “ду нафар аз сарнишинони чархбол аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон ва се нафар кӯнавардон аз ҷумлаи шаҳрвандони Федератсияи Русия ба ҳалокат расидаанд”. 12 куҳнавард ва яке аз сарнишинони чархбол бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол дода шуданд. Қаблан, тибқи маълумоти пешакӣ гуфта мешуд, ки ҳамаи куҳнавардон зиндаанд.

Соати 16: 30 рӯзи 12 - уми августи соли 2018 ҳангоми интиқоли куҳнавардоне, ки қуллаи Исмоили Сомониро фатҳ карда буданд, дар поёноби пиряхи Фортамбек дар баландии 4500 метр чархболи Ми-8 изтирорӣ ба замин нишаст. 

Ҳангоми парвоз дар чархбол 15 нафар куҳнавардон – 13 нафар шаҳрвандони Федератсияи Русия, 1 шаҳрванди Белорус ва як шаҳрванди Испания, ҳамчунин 3 халабон ҳузур доштанд.

Барои дақиқан муайян кардани ҳолати пешомада аз ҳисоби роҳбарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ВКД, КДАМ, Вазорати мудофиа, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳои марбутаи кишвар Комиссияи давлатӣ созмон дода шуд. Ҷараёни амалиёт зери назорати шахсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Тасмим гирифта шуд, ки барои наҷоти одамон ба ҷойи ҳодиса се чархбол бо наҷотдиҳандагон ва кормандони тиб фиристода шавад ва субҳи рӯзи 13-уми август ин се чархбол ба ноҳияи Лахш парвоз карданд. Ситоди фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар фурудгоҳҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияи Лахш созмон дода шуд.

13 – уми августи соли 2018 соати 11:00 бо вақти маҳаллӣ бо куҳнавардон иртибот барқарор карда шуд, ҷойи будубоши онҳо ва маҳалли суқути чархбол дақиқ гардид.

Барои интиқоли зарардидагони офат аз фурудгоҳи Лахш се чархбол бо наҷотдиҳандагон ва кормандони тиб парвоз карданд. Вақте ба ҷойи ҳодиса расиданд, муайян шуд, ки мутаассифона ду нафар аз сарнишинони чархбол аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон ва се нафар кӯнавардон аз ҷумлаи шаҳрвандони Федератсияи Русия бар асари ин фоҷеа ба ҳалокат расидаанд.

Ба куҳнавардони боқимонда ва халабони дигар, ки дар ин садама захмҳои гуногун бардоштанд, кумакҳои тиббӣ расонда мешаванд. Ҳамаи онҳо дар айни замон аз ҷойи офат ба макони амн интиқол дода шудаанд.

Тибқи маълумоти аввалия ва нишондоди халабон сабаби ин фоҷеаи мудҳиш номусоидии боду ҳаво-шамоли сахт буд, ки дидани пеши роҳро ба мушкил рӯ ба рӯ карда буд.

Дар бораи ҳодиса ва ҷараёни баргузории амалиёти наҷоти куҳнавардон Сафоратҳои Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Белорус ва Испания дар Тоҷикистон, ҳамчунин Вазоратҳои ҳолатҳои фавқулоддаи Русия ва Ҷумҳурии Белорус дар ҷараён гузошта шуданд.

Гуруҳи тафтишотӣ барои тафтиши сабабҳо ва ҳолатҳои рӯйдод таъсис ёфт.

То ин замон расман шахсияти куҳнавардон эълон нашудааст, аммо бархе манобеъи иттилоотӣ навиштаанд, ки инҳо 11 нафар шаҳрванди Русия, як нафар аз Белорус ва як шаҳрванди Испания мебошанд. Хабаргузории Mash тавассути Telegram-канали худ ному насаби куҳнавардонро нашр кардааст. Инҳо:

1. Дубина Виктор, соли таваллуд 1952

2. Барабанов Тимур, соли таваллуд 1986

3. Абросимов Александр, соли таваллуд 1971

4. Шихов Николай, соли таваллуд 1958

5. Миронов Сергей, соли таваллуд 1964

6. Андрей Родыген, соли таваллуд 1980

7. Сергей Матвеев, соли таваллуд 1977

8. Руслан Тараканов, соли таваллуд 1976,

9. Соболенко Александр, соли таваллуд 1970

10. Дмитрий Кумшаев, соли таваллуд 1964

11. Горбатюк Татьяна, соли таваллуд 1969

12. Труш Вячеслав, соли таваллуд 1974

13. Роберто Родриго, соли таваллуд 1969

14. Шубин Павел, соли таваллуд 1965

15. Фейгина Юлия, соли таваллуд 1976

будаанд.

Қуллаи Исмоили Сомонӣ баландтарин нуқта дар қаламрави собиқ Шӯравӣ аст, ки баландии он 7495 метр мебошадшаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter