• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

Ҷиноят кушода шуд: ҳамла ба сайёҳон кори дасти наҳзатиён будааст

Дар натиҷаи амалиёти махсуси мақомоти қудратии Тоҷикистон вобаста ба ҳодисаи куштори сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара 5 нафар боздошт ва 4 нафари дигар кушта шудаанд. Ҳамаи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.
Ҷиноятро бо ин мошин содир кардаанд


Вазорати корҳои дохилӣ бо нашри маълумотномаи муфассал оид ба ин ҳодиса ва амалиёти махсуси мақомот гуфт, ин ҷиноятро аъзои фаъоли Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати исломӣ содир кардаанд. Аз ҷумла, боздоштшуда Абдусамадов Ҳусейн Абдусамадович ҳангоми пурсиш эътироф кардааст, ки ӯ роҳбари гуруҳи муташаккили ҷиноятии мазкур буда, дар Эрон таълимоти идеологӣ ва ҳарбӣ-диверсионӣ гирифтааст ва дар ҳамон ҷо “бо роҳи додани байъат ба Ҳизби экстремистии наҳзати исломӣ шомил гардидааст”.

ВКД мегӯяд, 29 июли соли 2018, тахминан соати 15:30-дақиқа, гуруҳи мусаллаҳи ҷинояткорон бо автомашинаи тамғаи “Леганзе”, рақами қайди давлатиаш 74-98 ВН 03 дар шоҳроҳи Кӯлоб – Душанбе дар ҳудуди деҳаи Сафобахши ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон (дар км 81) бо суръати баланд ба 7 нафар сайёҳони хориҷӣ – шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Шветсария, Нидерландия ва Франсия, ки бо воситаи велосипедҳо аз самти Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат менамуданд, ҳуҷум карданд:

“Пас аз онҳоро зада, аз по афтонидан, бо мақсади куштан бо олотҳои халандаю бурранда аз қабили кордҳои калон ва табарҳо ба узвҳои ҳаётан муҳими сайёҳон зада, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ расонида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд”.

Дар натиҷа 4 нафар сайёҳони хориҷӣ – Аустин Ҷей, Лаурен Анне Мунотз шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Воке Рен Виллем шаҳрванди Нидерландия, Хамел Маркус шаҳрванди Шветсария ба ҳалокат расида, 2 нафари дигар Ким Айрис ва Дименд Мари Клер шаҳрвандони Шветсария дар ҳолати вазнин ба беморхонаи ноҳияи Данғара бистарӣ карда шудаанд. Шаҳрванди Франсия Казабат Гуиллаюм Ҷеан осеб надидааст.

Ҳамон замон ба таври фаврӣ Ситоди байниидоравии махсус таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ А.Аламшозода таъсис дода шуд, ки он фаъолияти худро оғоз намуд. Дар он кормандони Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ шомил гардиданд, ки амалиёти махсус ва дигар чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯиро барои кушодани ҷиноят оғоз намуданд.

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҷойи ҳодиса таъҷилан ҳозир шуда, оид ба ҳодисаи рухдода бо аломатҳои одамкушӣ аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, амалиётҳои таъхирнопазири тафтишотӣ-оперативӣ ҷиҳати ошкоркунии ҷиноят ва дастгир кардани ҷинояткорон ба роҳ монда шуд.

Ҳангоми ҷустуҷӯи ҷинояткорон бо ёрии сокинони ноҳия автомашинаи дар содиркунии ҷиноят истифодагардида дар деҳаи Торбулоқи ноҳияи Данғара дарёфт карда шуд. Баъдан ҷинояткор Абдусамадов Ҳусейн Абдусамадович дастгир карда шуд.
Абдусамадов Ҳусейн Абдусамадович

Ҷинояткори дигар – Юсупов Аслиддин Садриддинович бинобар сабаби нишон додани муқобилияти мусаллаҳона бо истифода аз табар ба баногӯши корманди мақомоти корҳои дохилӣ – муовини аввали сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД подполковники милитсия Назарзода Ҷумахон Маҳмадрасул зарба задан, безарар гардонида шуд. Дар натиҷа ба Назарзода Ҷ.М. зарари вазнин ба саломатӣ расонида шуд.
Юсупов Аслиддин Садриддинович

Дар вақти азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ва автомашина далелҳои шайъӣ, ба монанди корд ва табари хунолуд, як телефони дастӣ, 2 борхалта, пойафзоли варзишӣ, 2 адад шиноснома ба номи Маҷидов Асомиддин ва Сафаров Зафар, зода ва сокинони ноҳияи Панҷ дарёфт ва гирифта шуданд.
Ғаниев Кароматулло Исматуллоевич

Ҳангоми пурсиш дастгиршуда Абдусамадов Ҳ.А. тасдиқ кард, ки ӯ роҳбари гуруҳи муташаккили ҷиноятии мазкур мебошад. Аз нишондоди Абдусамадов Ҳ.А. бармеояд, ки номбурда дар солҳои 2014-2015 чор маротиба ба шаҳрҳои Қум ва Мозандарони Ҷумҳурии Исломии Эрон рафта, таълими идеологӣ, ҳарбӣ-диверсионӣ гирифта, дар он ҷо бо аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати ислом, ҷинояткори дар ҷустӯҷӯ қарордошта Убайдов Носирхӯҷа Аҳтамович бо тахаллуси "Қорӣ-Носир" вохӯрӣ намуда, бо роҳи додани байъат ба Ҳизби экстремистии наҳзати Ислом шомил гардидааст.
Шарипов Диловар 

Фармоишгари ҷиноят Убайдов Н.А., ки аз соли 1992 аъзои фаъоли ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати ислом мебошад, аз соли 2015 дар ҷустуҷӯи расмӣ (бо моддаи 187 КҶ) қарор дорад.

Сипас Абдусамадов Ҳ.А. бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятию давлатии Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Убайдов Н.А. ҷинояти мазкурро бо бераҳмии махсус бо дигар шариконаш содир намуданд. Пас аз содир намудани ҷиноят онҳо мақсад доштанд, ки тавассути ноҳияи Панҷ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор намуда, ба гуруҳҳои террористӣ пайваст шаванд.
Назаров Ҷамшед

Муайян гардид, ки бародари Абдусамадов Ҳ.А. Абдусамадов Бахтиёр Абдусамадович бо тахаллуси «Мулло Умар» аъзои ташкилоти террористии «Ҳаракати Исломии Туркистон» ба ҳисоб рафта, айни ҳол барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористӣ-экстремистидошта адои ҷазои ҷиноятӣ дорад.

Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва амалҳои тафтишӣ 4 нафар ҷинояткорон – Маҷидов Асомиддин, Сафаров Зафар, Юсуфов Ҷаъфариддин дар деҳаи Осмондараи ноҳияи Данғара аз тарафи гуруҳи оперативӣ дарёфт гардида, бинобар сабаби ҳуҷуми мусаллаҳона бо олотҳои халандаю бурранда, аз ҷумла корд, табар, дост ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ номбурдагон дар ҷойи ҳодиса безарар гардонида шуданд.
Сайфиддинов Вайсиддин

Ба гумонбарии алоқа ба ин гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ сокинони шаҳри Кӯлоб Шарипов Диловар, Назаров Ҷамшед, сокини ноҳияи Ҷайҳун Сайфиддинов Вайсиддин ва барои маблағгузорӣ намудани ин гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ бошад, сокини шаҳри Норак Ғаниев Кароматулло Исматуллоевич дастгир карда шудаанд.

Бояд қайд намуд, ки ҷинояти мазкур пурра ошкор гардида, гумонбаршудагон Абдусамадов Ҳусейн Абдусамадович 11.06.1985 соли таваллуд, зодаи ноҳияи Панҷ, сокини шаҳри Душанбе дастгир шуда,
- Маҷидов Асомиддин Ёрмаҳмадович, соли таваллуд 14.01.1999, сокини ноҳияи Панҷ, ҷамоати С. Кабуд, деҳаи Селга;
Маҷидов Асомиддин Ёрмаҳмадович
- Сафаров Зафарҷон Ҷумаевич, соли таваллуд 14.11.1999, сокини ноҳияи Панҷ, ҷамоати С. Кабуд, деҳаи Селга;
Сафаров Зафарҷон Ҷумаевич
- Юсупов Ҷаъфариддин Садриддинович соли таваллудаш 11.01.1997, сокини шаҳри Норак, кӯчаи Тургенева, хонаи 14, ҳуҷраи 23;
Юсупов Ҷаъфариддин Садриддинович
- Юсупов Аслиддин Давлатбекович, соли таваллуд 26.03.1992, сокинони шаҳри Норак, кӯчаи Тургенева, хонаи 14, ҳуҷраи 23 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳо безарар карда шуданд.
Юсупов Аслиддин Давлатбекович

ВКД Тоҷикистон мегӯяд, дастгиршуда Абдусамадов Ҳусейн қаблан барои содир намудани ҷинояти қаллобӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷиноятҳои вазнин дар ҳудуди Федератсияи Россия маҳбас шуда буд.
Ҳамчунин, маълум карда шудааст, ки Абдусамадов Ҳусейн ба Маҷидов Асомиддин Ёрмаҳмадович ва Сафаров Зафарҷон Ҷумаевич хешу табори наздик ва Юсупов Ҷаъфариддин ва Юсупов Аслиддин бародари якдигар мебошанд.
Мақомот мегӯянд, оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ барои одамкушӣ оғоз шудааст, вале тафтишот дигар фарзияҳои эҳтимолиро низ истисно намекунад.Рафти тафтиши парвандаи ҷиноятӣ бевосита таҳти назорати Роҳбари давлат қарор дорад.
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
прокат авто в мадриде дешево ----- Банковская сфера -----
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter