• 11:33 – Покистон дар Рӯзи истиқлолият аз ҳамдилӣ бо Кашмир гуфт 
  • 16:48 – Лоиҳаи АТОМ: силоҳи ҳастаӣ – роҳ ба нокуҷо 
  • 11:41 – Дарахтон хушк мешаванд, масъулон чаро хомӯшанд? 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 21:16 – Трансфери сол: Криштиану Роналду ба “Ювентус” гузашт 
  • 14:08 – Шабе аз ҳазор шаб… Дар Душанбе “Зебоипарастӣ” ва “Орифона” муаррифӣ шуд 

Гумрук: масъулияте дар назди Давлату Миллат ва имону виҷдон

Хадамоти гумруки Тоҷикистон ба унвони муҳимтарин сохтори назоративу таъминотӣ дар як вақт ду масъалаи бузург ва хеле муҳимро иҷро мекунад: таъмин ва пур кардани буҷаи давлат ва мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ. Дар гузашта вобаста ба ин ки пур кардани буҷаи давлат чӣ масъулияти бузург ва дар айни замон миёншиканест, борҳо навиштем. 
Дарвоқеъ, ин соҳа яке аз манбаъҳои асосии даромади буҷаи давлат аст ва ба ин хотир, ҳамеша дар сархати гуфтугуҳост. Аммо дар бештари маврид паҳлӯи дигари фаъолияти ин ниҳод - мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ё ногуфта мемонад, ё корҳои анҷомдодашуда танҳо ба унвони ҳисоботи расмӣ пазируфта мешавад. Ҳол он ки ин дар як вақт ҳам масоили сиёсиву амниятӣ, ҳам маорифу тандурустӣ ва иқтисоду иҷтимоъ вобастагии амиқ маҳз ба ҳамин бахши фаъолияти гумрукчиён доранд.Ҳадаф аз зикри андешаҳои боло ин нест, ки фаъолияти ин бахши мақомоти гумруки Тоҷикистон ба таҳлили гирифта шавад. Танҳо ба хотири ин ки дар ин шабу рӯз мақомоти Тоҷикистон пешорӯи журналистон ҳисоботдиҳандаанд, то фаъолияти анҷомдодаашон ба ҷомеа пешниҳод карда шавад, бархе маълумотро аз фаъолияти гумрукчиёни кишвар пешниҳод менамоем, то ҳамон масъулияти бузург ва муҳиме, ки зикр шуд, бармало гардад.
Аз рӯи маълумоти расмии мақомоти гумруки Тоҷикистон, танҳо дар нимсолаи аввали соли равон 2261 ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин миқдор қонуншиканиҳо, ки нисбат ба ҳамаи онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ ё маъмурӣ кушода шудаанд, дар баробари ин ки миллионҳо сомонӣ ба буҷаи давлат зарар ворид карданд, метавонистанд ҷони даҳҳову садҳо нафарро ба хатар гузоранд, зиндагиву саломатии ҳазорҳои дигарро халалдор кунанд.
Маҳз ҳушёриву зиракӣ ва нахобидану давиданҳо буда, ки ин миқдор қонуншиканиҳо ошкор гарданд, амнияти ҷомеа таъмин, саломатии инсонҳо ҳифз карда шавад. Натиҷа ин буда, ки ҳамаи ин қонуншиканиҳо ба тарозуи қонун гузоштаву қонуншиканҳо аъмолашонро ҳисобӣ кунанд.

Дар ин давра барои қонуншиканиҳои гумрукӣ 45 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст, ки 3-тои он марбут ба гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор аст. Дар ин се ҳолат ҳамагӣ ба миқдори 49 кг 248 гр маводи мухаддир (42 кг 100 гр “ҳашиш” ва 7 кг 148 гр “героин”) аз қочоқ гирифта шудааст. Оё ин кам аст? Чӣ қадар инсонҳо метавонистанд заҳролуд шаванд ва ҷону саломатии худу наздиконро ба хатар гузоранд?
Танҳо дар нимсолаи аввал наздик ба 50 кг маводи мухаддирро ошкор кардани кормандони гумрук танҳо барои мисол оварда шуд. Фаъолияти анҷомдодаи Хадамоти гумрук ва воҳидҳои сохтории он дар самти мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукиро дар нимсолаи аввали соли 2018 баррасӣ кардаву маълумоти зеринро дастрас кардем:Гуфтем, 2261 ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҳисоби умумии қонуншиканиҳо 45 ҳолат парвандаи ҷиноятӣ ва 2216 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз шудааст. 1256 парванда барои баррасӣ ба суд ирсол карда шудааст. 1808 адад парванда ба итмом расонида шуда, 408 парвандаи дигар мавридӣ баррасӣ қарор дорад.
Аз рӯи баррасии ҳамаи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва парвандаҳои ҷиноятӣ ба маблағи 3 697 155 сомонӣ ҷарима, ба маблағи умумии 4 456 522 сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ситонида ва ба маблағи 2 828 498 сомонӣ молҳо мусодира карда шудаанд.
Дар ин давра нисбат ба ғайриқонунӣ ворид намудани молҳои зераксизӣ 3 парвандаи ҷиноятӣ (1 воситаи нақлиёти сабукрав, 41 100 литр сӯзишвории дизелӣ ва 1 кг 064 гр маснуоти заргарӣ) ва 213 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст:

1. Маҳсулоти сузишворӣ – 134 ҳолат (1 парвандаи ҷиноятӣ ва 133 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ) ба миқдори 253 322 литр, ки бо карорҳои судӣ ҷарима ба маблағи 357 802 сомонӣ ва ба маблағи 508 535 сомонӣ мол мусодира карда шудааст.
2. Маснуоти заргарӣ – 3 ҳолат (1 парвандаи ҷиноятӣ ва 2 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ) ба миқдори 1 кг 488 гр (нуқра – 423,42гр). Мавриди баррасӣ дар суд қарор дорад.
 3. Маҳсулотҳои спиртӣ - 62 ҳолат дар ҳаҷми 12 981 дона, ки бо қарорҳои судӣ қисман ҷарима ба маблағи – 9419 сомонӣ ситонида шуда, ба маблағи 9332 сомонӣ молҳо мусодира карда шудаанд.
4. Маҳсулоти тамоку - 6 ҳолат, ба микдори 20 500 қуттича ва 1210 кг тамоку, ки бо карорхои судӣ ҷарима ба маблағи 8700 сомонӣ, ба маблағи 13 500 сомонӣ мол мусодира гаштааст.
5. Дигар намуди молҳои зераксизӣ - 11 ҳолат (1 парвандаи ҷиноятӣ ва 10 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ), 5 ҳолат нисбат ба 136 адад қасқонҳои резинӣ, 3 воситаи нақлиёти сабукрав ва 2 ҳолат оид ба 480 дона нушокиҳои шарбатӣ ташкил дода, бо қарорҳои судӣ ҷарима ба маблағи 8780 сомонӣ ва ба маблағи 13 780 сомонӣ мол мусодира карда шудааст.

Ба ғайр аз ин, ҳолати зерини қочоқи молҳои зераксизӣ ошкор карда шудаанд:
- маснуоти заргарӣ - 190 кг 450 грамм (тилло – 38 кг 692 гр, нуқра – 117кг 750 гр, бижутерия – 34 кг 008гр);
- сӯзишвории дизелӣ – 446 856 литр;
- воситаи нақлиёт – 5 адад.
Дар маҷмуъ, аз маълумоти расмӣ бармеояд, ки аз тарафи кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқии Хадамоти гумрук молҳои гуногун ба расмияти гумрукӣ дароварда шуда, ба маблағи 7 959 405 сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ситонида ва ба буҷаи давлат ирсол гардидаанд.

Маълумоти дигар: дар ин давра воридоти ғайриқонунии молҳои зерин, ки метавонистанд ба саломатӣ хатарнок бошанд, ошкор ва боздошт гардиданд: ҳасиб - 1154 дона, ангишт – 512 тн, нуриҳои минералӣ – 233 тн, маҳсулоти қаннодӣ – 22 тн, лампаҳои тафсон – 10540 адад, меваи тар – 2500 кг, меваи хушк – 55 тн, чои хушк - 18 700 кг, тахта – 238м3, доруворӣ – 52 541 дона, 295 кг “хлороформ”, мизи стоматологӣ - 1 маҷмӯъ, асбобҳои тиббӣ – 1240 адад, ҷиҳози қатрагузаронӣ (капельница) – 3000 дона, атриёт - 3034 дона, парфумерия - 14 кг ва 2486 дона, матоъ - 2972 метр, либоса – 9850д, 45932кг, хуроки парранда – 20 тн, собун – 19 941 дона, техникаи маишӣ (мошинаи ҷомашуӣ, яхдон) - 53 адад, чиниворӣ - 21940 адад, 15065кг, фиттаҳои холӣ - 3000 дона, бозичаҳои кӯдакона – 26 000 дона ва ғайра.
Ҷиддияти масъала то ҷоест, ки нисбат ба ин ҳолатҳо 14 парвандаи ҷиноятӣ ва 1005 парвандаи ҳуқуқвайронунии маъмурӣ кушода шудааст. Дар натиҷа ба маблағи 871 453 сомонӣ ҷарима ва ба маблағи 6790 сомонӣ пардохтхои гумрукӣ рӯёнида шуда, ба маблағи 1 398 111 сомонӣ молҳо мусодира гардидаанд.
Хатарнокии маҳсулоти ба тариқи қочоқ ё ғайриқонунӣ ба қаламрави ҷумҳурӣ воридгардида бо ҳамин тамом намешавад. Дар нимсолаи аввал кормандони мақомоти гумрук 7 ҳолати воридоти ғайриқонунии маҳсулоти пастсифатро ошкор кардаанд, ки бевосита ба зидди саломатии аҳолӣ равона шудаанд. Аз ҷумла, 2 ҳолати воридоти дорувории пастсифат ба миқдори 52 394 дона, 1 ҳолати воридоти тухми пастсифати мурғ ба миқдори 185 400 дона, 1 ҳолати воридоти хамираи шоколади пастсифат ба миқдори 31 728 адад ва 660 кг ошкор карда шудааст. Парвандаҳои марбут ба воридоти доруворӣ ва хамираи шоколади пастсифат дар тафтишоти Прокуратураи генералӣ ва воридоти тухми пастсифати мурғ, ки тибқи ташхиси коршиноси лаборатории “Тоҷикстандарт” ба меъёрҳои стандартӣ аз рӯи тамғагузорӣ мувофиқат намекард, дар Агентии “Тоҷикстандарт” қарор дорад.Ҷинояти “анъанавӣ” – воридоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ ҳам дар канор нест. Дар 6 моҳи соли 2018 - 11 ҳолати маводи тарфгарӣ (хлопушка) ба миқдори умумӣ 82 730 дона ошкор карда шудааст. Аз рӯи ин ҳолатҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, ба мақомоти прокуратура ирсол шудааст.
Ҳамчунин, 7 ҳолати ғайриқонунӣ содирот намудан берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон сиккаҳои арзиши таърихию фарҳангӣ дошта ба миқдори 10 адад ошкор карда шудааст. Аз рӯи ин ҳолатҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз намуда, ба мақомоти прокуратура ирсол гардидааст.
Маҷмӯи фаъолияти мақомоти гумруки ҷумҳуриро наметавон бо ҳамин маълумоти расмӣ ҷамъбаст намуд. Ҳаминро метавон хулоса кард, ки ин муҳимтарин соҳаи иқтисодиву ҳуқуқии ҷумҳурӣ вазифаҳои дарпешистодаашро бо масъулияти том иҷро мекунад. Зеро ин масъулият дар назди Давлату Миллат, дар назди виҷдону имон аст.
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter