• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

Масъулияте, ки Оғохони IV дорад...

Аз 11 июли соли 2017 то 11 июли соли 2018 Волоҳазрат Оғохон Ҷашни Алмосии худро, ё ки 60-умин солгарди худро ҳамчун Имоми 49-уми ирсии (пешвои руҳонии) мусулмонони шиаи Исмоилия дар ҷаҳон қайд кард. Ин ҷашн дар тамоми ҷаҳон ҷомеаи ҷаҳонии исмоилӣ, шарикони Ташкилоти Оғохон оид ба рушд ва инчунин ҳукуматҳо ва сарварони ҷамоати диндоронро ба ҳам овард.

Семин Абдулла
роҳбари Идораи иртиботи
Ташкилоти Оғохон оид ба рушд


Ҳанӯз 11 июли соли гузашта ташаббусҳои муҳимми аз тарафи Оғохон эълоншуда оид ба уҳдадории ҷаҳонӣ ба ҳамкорӣ дар асоси принсипҳои ахлоқӣ дар амал, сулҳ ва гуногунандешӣ оғоз мегардад.
Дар давоми шаш даҳсолаи гузашта Оғохон сифати зиндагии миллионҳо одамонро дар ҷаҳон баланд бардоштааст. Ӯ дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, эҳёи фарҳангӣ ва васеъ намудани имкониятҳои иқтисодӣ фаъолият намуда, зимнан барои бартарияту беҳтар намудани шароити зист ва имконот дар аксарияти минтақаҳои дурдасттарину нооромтари ҷаҳон мусоидат намудааст.
Аз рӯи анъанаи ахлоқии ислом, роҳбарони динӣ на танҳо дину мазҳабро тафсир медиҳанд, балки инчунин масъулият доранд, ки барои беҳтар намудани сифати ҳаёти ҷамоати худ ва ҷамъиятҳое, ки байни он зиндагӣ доранд, кӯмак расонанд. Барои Оғохон ин маънои бахшидани ҳаёти хеш ба ҳалли нигаронии ҷаҳони рӯ ба тараққиро дорад.

Оғохон ва ҷамоати мусулмонони шиаи Исмоилия 
Оғохон авлоди мустақими Муҳаммад Пайғамбар (С), тавассути писари амак ӯ ва домодаш Алӣ, Имоми аввалин ва зани ӯ Фотима, духтари Пайғамбар мебошад. Ӯ шаст сол пеш, дар синни 20-солагӣ вориси бобои худ, ҷаноби Султон Муҳаммад Шоҳ Оғохон, ҳамчун Имоми мусулмонони шиаи Исмоилия бар тахти Имомат нишаст.
Имрӯз Волоҳазрат Оғохон як ҷамоати ҷаҳонии иборат аз тақрибан 15 миллион нафар мусулмонони шиаи Исмоилияро, ки асосан дар Осиёи Ҷанубӣ, Осиёи Марказӣ, Африка, Шарқи Миёна, Европа, Америкаи Шимолӣ ва Шарқи Дур зиндагӣ мекунанд, сарварӣ менамояд. Ҷамоати исмоилиён ба мисли кулли ҷаҳони исломӣ, як гуногуншаклии ғании фарҳангҳо, забонҳо ва миллатҳоро ифода менамояд. Нақши ӯ ҳамчун Имом аз тафсир додани дину мазҳаб ва масъулиятҳо барои муассисаҳои динӣ ва фаъолияти пайравони худ дар тамоми ҷаҳон иборат аст.
 
Оғохон ва Ташкилоти Оғохон оид ба рушд
Имом бо назардошти ахлоқи дину мазҳаби худ ва масъулияти ирсии оид ба баланд бардоштани сифати зиндагии ҷомеа ва касоне, ки дар байни онҳо зиндагӣ мекунанд, Оғохон дар давоми 60 соли Имом буданаш дар сафи пеши навовариҳо дар соҳаи рушд қарор дорад. Ӯ Муассис ва Раиси Ташкилоти Оғохон оид ба рушд мебошад, ки яке аз шабакаҳои бонуфузтарин дар соҳаи рушд дар ҷаҳони имрӯза ба шумор меравад. Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар беш аз 30 кишвар, асосан дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, Африкаи Шарқӣ ва Fарбӣ ва Шарқи Миёна фаъолият дорад. Ҳайати кормандони он ба 80 000 нафар расидааст ва он яке аз ташкилотҳои бузургтарини ҷаҳон оид ба рушд мебошад.
 Ташкилоти Оғохон оид ба рушд аз одоби исломии ҳамдардӣ ва масъулияти ғамхорӣ намудан ба ниёзмандон илҳом гирифта, барои некӯаҳволии умумии шаҳрвандон, сарфи назар аз ҷинс, аслу насаб ё дину мазҳаб фаъолият дорад. Ваколатҳои Агентиҳои Ташкилоти Оғохон оид ба рушд соҳаи тандурустӣ ва маориф, меъморӣ, молияи хурд, кам кардани хатари офатҳои табиӣ, рушди деҳот, дастгири намудани корхонаҳои бахши хусусӣ, барқарор сохтани мавзеъҳои таърихиро дар бар мегирад, ки ҳамаи онҳо такондиҳандаи рушданд. Дар ҳамбастагӣ ҳамаи онҳо барои бунёди ҷомеаи шаҳрвандии боғайрат мусоидат менамоянд, ки ба эҳтиёҷоти аҳолии ниёзманд вокуниш нишон медиҳад.
Ташкилоти Оғохон оид ба рушд ҳар сол 925 млн доллари ИМА-ро барои фаъолияти ғайритиҷоратии иҷтимоӣ ва рушди фарҳангӣ сарф менамояд, ки даҳ соли охир се баробар афзоиш ёфтааст. Ташкилот беш аз 200 муассисаҳои тандурустӣ, 2 донишгоҳ, ки 6 кишварро фаро гирифтаанд ва инчунин зиёда аз 200 мактаб ва барномаҳои такмили мактабро дар баъзе аз кишварҳои дурдасттарин ва камбизоаттарини ҷаҳони рӯ ба тараққиро идора менамояд.
Ҳамзамон, Ташкилоти Оғохон оид ба рушд беш аз 90 ширкатҳои лоиҳавиро дар низомҳои дар ҳолатҳои баъди низоъ ва иқтисодиёти гузариш қарордоштаро идор менамояд ва бо ин роҳ барои гузоштани пойдевори рушди иқтисодӣ дар ин кишварҳо кӯмак мерасонад. Ин ширкатҳо, ки лоиҳаҳои гуногунро дар бар мегиранд, аз лоиҳаи миқёсаш калони оид ба гидроэнергетика дар Уганда то ба як ширкати телефонии мобилӣ дар Афғонистон, айни замон зиёда аз 4.1 миллиард доллари ИМА даромад меоранд. Изофапулиҳо аз ин фаъолиятҳо аз нав ба лоиҳаҳои рушде, ки аз ҷониби Оғохон амалӣ мегарданд, сармоягузорӣ карда мешаванд.
Оғохон бо такя ба анъанаҳои аҷдодони худ, ки ба беш аз ҳазор сол қабл Имомони Исмоилӣ донишгоҳҳо ва муассисаҳои аввалини омӯзиширо дар олами мусулмонон таъсис додаанд, ӯ низ моҳияти маълумотро ҳам барои мардон ва ҳам барои занон таъкид менамояд. Ӯ марказҳои омӯзиширо таъсис додааст, ки дар таҷрибаи байналмилалии таълимӣ, дониш ва тадқиқоти илмӣ пешсафанд, аз ҷумла, Донишгоҳи Оғохон, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Академияи Оғохон.
Ташкилоти Оғохон оид ба рушд ҳар сол дар баробари дигар барномаҳои сершумор ба панҷ миллион нафар хизмати босифати тиббӣ мерасонад, таълимро барои ду миллион нафар хонандагон, аз сатҳи томактабӣ то ба сатҳи донишгоҳ, такмил медиҳад, барои даҳ миллион нафар қувваи барқро таъмин менамояд ва ба ҳашт миллион нафар барои расидан ба амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани даромади хонавода ва беҳтар кардани сифати умумии ҳаёти онҳо кӯмак мерасонад.
Бо пайравӣ ба ин анъана, дар доираи тантанаи Ҷашни Алмосии Оғохон татбиқи лоиҳаҳои нави иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва рушди иқтисодӣ оғоз мегардад.
Лоиҳа ва ташаббусҳои нав, ки эълон мегарданд ва ё ба ин сол бахшида мешаванд, барномаҳои ҳамоҳангшуда оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ, баланд бардоштани дастрасӣ ба маблағҳо барои маориф, тандурустӣ ва манзил, рушди томактабӣ ва инфрасохтор (асосан вобаста ба об, энергетика ва телекоммуникатсия) дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ба шумор мераванд. Ба муассисаҳои Оғохон, аз ҷумла Донишгоҳи Оғохон ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ захираҳо ва иқтидори иловагӣ дода мешаванд.
Оғохон итминон дорад, ки гуногунӣ бояд илҳом бахшад, на аз ҳам ҷудо намояд ва васеъ намудани гуногунандешӣ ин як пайванди муҳим барои сохтани ҷамоатҳои осоишта ва муваффақ мебошад. Соли 2006 Оғохон ва ҳукумати Канада дар Оттава Маркази глобалиро барои таъмини плюрализм таъсис доданд, ки мақсади он гузарондани тадқиқоту ба роҳ мондани донишҳои замонавӣ дар бораи арзишҳое мебошад, ки барои ҷомеаҳои гуногунандеши фарогир такягоҳ мегарданд.
Оғохон муколамаи всеъ ва ҳамкориро дар байни ҷамоатҳои динӣ тақвият бахшид ва таблиғгари барҷастаи дарки беҳтари Ислом гардид. Ӯ таъкид менамояд, ки Ислом ин дини хирадгаро ва руҳонӣ аст, ки шафқат ва таҳаммулпазирро меомӯзонад ва шаъну шарафи инсониятро ҷонибдорӣ мекунад. Ӯ мафҳуми низои ногузири миёни халқҳоро рад менамояд, ва онро “бархӯрди ҷоҳилӣ”, на бархурди тамаддунҳо меномад.
Бо гуфти худи ӯ: “Ҷаҳоне, ки мо онро ҷустуҷӯ дорем, ин на он ҷаҳонест, ки он ҷо фарқият бартараф карда мешавад, балки ҷаҳоне хоҳад буд, ки фарқият метавонад барои ташаккул додани ҳиссиёти нави ҳамкорӣ ва пайдарпаӣ дар дунёи мо барои накӯӣ як қувваи пуриқтидоре гардад ва барои якҷоя сохтани зиндагии беҳтар барои ҳама ба мо кӯмак мерасонад”.
Дар замони ноороми ҷаҳон, ки мо зиндагӣ дорем, умед ҳаст, ки Ҷашни Алмосӣ барои беҳтар намудани дарки Ислом ва тамаддуни мусулмонӣ ва барои ҳамкории байни халқҳо ва ҷамоатҳои динҳои гуногун дар тамомии ҷаҳон мусоидат менамояд.
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter