• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

“РАХШ ТАКСӢ” ЛУҚМАИ ТАЙЁР МЕҶӮЯД? Нописандӣ ба Фармони Президент ва қонунҳои Тоҷикистон. Тавсия медиҳанд: аз таксиҳои ин ширкат истифода набаред!

Шояд зарурат ба навиштани ин матлаб набуд ва ё шояд ҳадди ақал, ба ҳамин шакл навишта намешуд. Аммо он чӣ ки аз мушоҳидаву омӯзиш бардошт мешавад, айнан ҳамин ҳолатро ба вуҷуд меорад. Яъне, он чӣ ки дар ин матлаб ҳаст, хулосаи омӯзиш, диду боздид, суҳбату мушоҳидаҳои муаллиф буда, танҳо ба хотири беҳбудӣ бахшидан ба низоми мусофиркашонист.
Довуд Исматӣ
ИмрӯзNews

Пешопеш инро ҳам қайд кардан мехоҳам, ки метавонист ҳар ширкати дигари хусусӣ, ки ба мусофиркашонӣ тавассути таксӣ машғул аст, қаҳрамони ин мавод бошад. Яъне, интихоб болои ин ширкат танҳо бо далели мавҷудияти маводи зиёд сурат гирифт, на чизе бештар аз ин. Инро ҳам таъкид мекунам, ки дар зимни навиштани ин матлаб муаллиф ҳеч хусумату бадбинӣ ё ҳадафи муайян нисбат ба қаҳрамон – ширкати “Рахш таксӣ” надорад, чун дар асл, мешавад гуфт, ки муаллифи ин матлаб яке аз муштариёни доимии таксиҳои ширкати мазкур буд.

“Бо айби ронандаи “Рахш таксӣ” ба гусели ҷиянам дер кардам”
Ҳанӯз чанд моҳ пеш нафаре ба идораи рӯзнома муроҷиат кард, ки оё ягон ниҳод хизматрасонии таксӣ дар шаҳри Душанберо назорат мекунад ва ширкатҳое, ки ба ин навъи хизматрасонӣ машғуланд, набояд ҳуқуқи истеъмолгаронро риоя кунанд? Сабаби муроҷиаташ ин буда, ки як ронандаи таксии мавсум ба “Рахш таксӣ” ба ҷойи 15 сомонии муайяшуда аз ӯ 20 сомонӣ гирифтаву бо баҳонаи надоштани бақия 5 сомонияшро надодааст:
“Вақт дер шуда буд ва ҳам чандон ба он 5 сомонӣ ниёзманд набудам, ба ин хотир, ба ронанда гуфтам, ки “ошат шавад”. Аммо баъдан андешидам, ки оё танҳо ман ҳастам, ки ба чунин ҳолат рӯ ба рӯ мешавам? Чаро бояд ронанда барои додани бақия маблағи заруриро надошта бошад ё онро ба ҳар навъе, ки бошад, пайдо карда надиҳад?”,-гуфт ин ҳамсуҳбати мо.
Дар Раёсати нақлиёти шаҳри Душанбе вобаста ба муроҷиати мо кутоҳ посух доданд, ки “оид ба чунин ҳолатҳо касе ба мо шикоят накардааст”, вале аз шарҳи бештар худдорӣ карданд.
Шояд акнун фурсат ҳаст, ки дар ин ниҳод ин матлабро ҳам ба унвони шикоят ва ҳам ба ҳайси маводи хабарнигор қабул ва баррасӣ кунанд?
Аз он суҳбат чанд ҳафта гузашт. Шояд бо далели серкорӣ буд, ё камтаваҷҷуҳӣ, ки ин мавзӯъ қариб ба фаромӯшӣ мерафт, агар нафари дигар дар тамоси телефонӣ айни ҳамин суҳбатро намекард. Аммо ин маротиба ба фарқ аз мавзӯъи болоӣ ин шаҳрванд, ки худро Саодати 53-сола муаррифӣ намуд, аз сари вақт ба ҷойи таъиншуда расида омадани таксии ширкати “Рахш таксӣ” шикоят кард. Ин амали ронандаи таксӣ боиси он шудааст, ки ин зан барои гусели ҷиянаш ба Русия саривақт ба фурудгоҳи Душанбе расида натавонад.
Шояд касе фикр дошта бошад, ки афзоиши шикояту нигарониҳо аз хизматрасонии ширкати “Рахш таксӣ” тасодуфӣ ё сохтакории дигар ширкатҳои рақиб ба хотири расонидани таъсир, ба вуҷуд овардани нобоварӣ ё аз байн бурдани ширкати дигар аст? Айни ҳамин мавзӯъро бархе намояндагони ширкати мазкур ҳам изҳор медоранд. Аммо биёед бубинем, ки хабарнигори “ИмрӯзNews” дар пайи омӯзишу мушоҳидаҳо дар хизматрасонии ин ширкати мусофиркашонӣ чӣ чизҳоеро мушоҳида кард.

Тавсия додем: ба дигар ширкатҳо муроҷиат кунед
Қаблан ба фарқ аз дигар ширкатҳо, ки теъдодашон мисли замбурӯғи баъди борон меафзояд, ширкати “Рахш таксӣ” сабукравҳоеро ҳам барои бурдани мусофирон қабул мекард, ки ҳеч кафолати роҳат ба манзил расиданро надоштанд. Дуруст, соли барори мошинҳо чандон зиёд нест (аз соли 2007 ба ин тараф), аммо аз лиҳози техникӣ худи нақлиёт ҳоли табоҳ дорад. Инро замоне ки аз назди истгоҳи “Дорухонаи 1” ба самти маҳаллаи 33 мерафтем, мушоҳида кардем ва воқеан, он замон хеле пушаймон ҳам шудем, ки аз хизматрасонии ин ширкат истифода бурдем. Он рӯз ҳар нафаре аз пешамон мебаромад, тавсия медодем, ки ба дигар ширкатҳо муроҷиат кунад, на ба “Рахш таксӣ”.
Аммо аз рӯйи маълумоти бадастомада, танҳо мо ба чунин ҳолат рӯ ба рӯ нашуда будаем ва вобаста ба ин ба роҳбарияти болоии ширкат чандин шикоят ворид шудааст. Ҳоло вазъ хеле тағйир ёфтаву мушоҳида мешавад, ки соҳибони ширкат як қисми хурди даромадашонро барои роҳатии шаҳрвандон – мусофирон сарф мекунанд: мошинҳои нав мехаранд, иҷора мегиранд, қабул мекунанд.
Яъне, агар дар ин ширкат хоҳанд, метавонанд воқеан, барои мардум хизмат кунанд. Аммо чӣ гӯем, ки ба ҷуз ин ҳолатҳои дигар ҳам будаанд, ки дар маҷмӯъ, шаффофияти фаъолияти ин ширкат ва ҳатто дар бархе мавридҳо садоқат ба Давлат ва мардумро зери суол мебаранд. Пулкоркунӣ, сӯистифода аз эътимоди шаҳрвандон-мусофирон ба ҷойи аввал мебарояд.

Сӯистифода аз Фармони Президент?
Вақтҳои охир, ба фарқ аз соли гузашта, нархи хизматрасонии таксиҳои ин ширкат ҳам тағйир ёфтаанд. Ба назари ман, ин ба навъе марбут ба Фармони Президенти кишвар дар бораи “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ҳам ҳаст.
“Бо оғози соли рушди сайёҳӣ хизматрасонии таксӣ дар “Рахш таксӣ” боло рафтааст ва ман фикр мекунам, ки ин бевосита ба хотири гирифтани даромад ва сӯистифода аз эълони соли рушди сайёҳӣ аст”,-гуфт як мусофир, ки суҳӣати сарироҳӣ доштем.
Ба хотири воқеият доштан надоштани ин ҳолат як мушоҳида ҳам гузаронидем. Масалан, аз ҷое, ки ман савор мешавам, то ҷое, ки мефароям, қаблан 17-18 сомонӣ мегирифтанд (аз ҷойи кор то манзил ё баръакс). Ҳоло барои ҳамин роҳ 20-21 сомонӣ мегиранд.
Айни ҳамин ҳолатро ҳафтаи гузашта бори дигар санҷидам. Воқеан, 20 сомонӣ шуд.
Фардои дигар ҳамин роҳро бо таксии ширкати дигар рафтам, 17 сомонӣ шуд.
Кӣ фикр дорад, ки дар соли рушди сайёҳӣ боло бурдани нархи роҳкиро як амали махсус ва сӯистифода аз Фармони Президент нест?
Дар ин ҳолат чаро аз таҷрибаи мақомоти тафтишотии Русия истифода бурда нашавад? Кумитаи тафтишотии он кишвар эълон кард, ки дар арафаи баргузории мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон – 2018 тамоми меҳмонхонаҳо, ширкатҳои сайёҳӣ, мусофиркашонӣ ва ғайраро, ки нархи хизматрасониашонро боло бурдаанд, ҷаримаҳои ҳангуфт бастанд ва ҳатто фаъолияти бархеҳоро манъ карданд.
Чаро дар мо барои татбиқи Фармони Президент айни ҳамин кор сурат нагирад?

Проблема танҳо дар операторҳост?
Дар ҳамин ҳол, яке аз мушкилоти асосӣ дар операторҳои ширкат будааст. Инро бо ҳар ронандае, ки суҳбат кардем, тасдиқ мекунад. Инро муаллифи ин сатрҳо ҳам таҷриба кард. Масалан, яке аз шабҳои ҳафтаи гузашта якбора ду маротиба ба ронанда нишонии нодуруст доданд, то маро ба манзил барад. Ронандаи якумро ба ҷое фиристоданд, ки дар асл, манзили ман ҳамон тараф аст. Ронандаи дуюмро ба ҷое фиристоданд, ки ман дар аввал ҳамон ҷо қарор доштаму аллакай пойи пиёда ба ҷойи дигар расида будам. Дар ҳарду ҳолат ҳам ба оператор, ки як нафар буд, таъкидан ба куҷо фиристодани таксиро дақиқ гуфтам.
Барои ҳамаи ин расо даҳ дақиқа сарф шуд. Шояд пурсида шавад, ки даҳ дақиқа он қадар вақти зиёд несту нигаронӣ аз чист?
Аввал ин ки ҳамаи ин ҳолат баъди соати 12-и шаб, яъне баъди беш аз 15 соати кор дар идора рӯй доду тасаввур кардани ҳолати нафаре, ки ин қадар соат ба кори эҷодӣ машғул буд, душвор нест.
Дуввум ин ки ба назари ман, он шаб оператор махсус чунин кард, зеро вақте пурсидам, ки “ҳамон ҷоро медонӣ?”, таъкидан гуфт, ки “медонам”. Агар медонаду ду маротиба таксиҳоро ба ҷойи дигар фиристодааст, пас, ин ҷо сохтакории махсус аст.
Саввум, ин ҳолати ягона набудааст. Бархе ронандагони ширкат дар суҳбат бо мо нигаронӣ карданд, ки борҳо дидаву дониста, операторон нишониро нодуруст додаанд.
Ҳолатҳое ҳам будааст, ки дар нисфи роҳ ронандаро огоҳ мекунанд, ки “барои он мусофир ронандаи дигарро фиристодем”.
Фактори дигар, ки боиси ба вуҷуд омадани ин ҳолат мешудааст, шиносбозӣ ва хешу табору ҷӯрабозии операторон будааст. Ба гуфтаи як ронанда, аксар операторони ширкат, ки вазифаашон асосан тамос, муомилаи хуб ва дақиқ муайян кардани нишонии мусофирон аст, бо ҳамдигар муносибатҳои молиявӣ ҳам доранд. Масалан, бархе операторон дар шабонарӯзе, ки навбатдор нестанд, ба таксиронӣ машғул мешаванд ва тавассути операторе, ки дар марказ нишастааст, фармоишҳои дорои маблағҳои зиёдро ба худ ихтисос медиҳанд.
Бо дарназардошти ҳолатҳои боло оё меарзад, ки ба хизматрасонии ин ширкат бовар кард?
Албатта, бархе фаъолиятҳоеро ҳам дар ин ширкат сарфи назар намекунем, ки баҳои баланди мусбӣ гирифтаанд, аммо чунинҳо кирои он даъвою таблиғ нестанд.
 
Барои вақти ройгон пул мегиранд?
Аммо мушкилоти “Рахш таксӣ” бо ҳамин тамом намешавад. Як ҳолати дигарро мисол меорем. Қаблан вақте барои таксӣ ба ин ширкат тамос мегирифтеду фармоишро қабул мекарданд, ба зудӣ дар телефонатон смс-хабар меомад, ки “ба назди шумо автомашинаи ... рафта истодааст”. Ҳоло бошад, баробари хомӯш кардани телефон чунин смс-хабар меояд: “шуморо автомашинаи ... мунтазир аст”.
Ин чӣ маънӣ дорад? Таксиҳои “Рахш таксӣ” то 5 дақиқа бояд ройгон мунтазир шаванд ва баъди он бояд ҳисобкунак фаъол шавад. Мунтазири таксӣ аз лаҳзаи расидан ба ҷойи муайяншуда бояд оғоз ёбад. Аммо дар ҳолати ин ширкат мунтазирии таксӣ аз лаҳзае оғоз меёбад, ки шумо фармоиши таксӣ кардаеду бояд ба наздатон ояд. Яъне, раҳораҳ то ба назди шумо омадани таксӣ ҳамчун мунтазирии он нишон дода шуда, агар аз 5 дақиқа гузашт, бояд пардохт кунед, на барои он ки таксӣ саривақт нарасид. Расиде (чек)-ро ҳам нишонам доданд, ки барои ҳамин гӯё мунтазир будани ронанда алоҳида маблағ навишта шудааст: хизматрасонӣ – 20 сомонӣ, интизорӣ (ожидание) – 2 сомонӣ. Дар ҳоле ки нафаре, ки таксиро фармоиш дод, аллакай дар лаби роҳ омадани таксиро мунтазир буд.
Дар баробари ин, аксари ронандаҳои ин ширкат бо расид (чек) таъмин нестанд, ки ин ҳолат боиси мушкили навбатӣ барои ҷуброни хароҷот аз корхона мешаванд.
 
Ба ҷойи хулоса
Аз рӯйи маълумоти дақиқе, ки дорем, шикоятҳо аз сатҳу сифати хизматрасонии “Рахш таксӣ” зиёданд ва инро худи роҳбарони ширкат ҳам медонанд. Шояд камбуди таҷриба аст, ё шояд мушкили менеҷмент дар ширкат аст, ё шояд ҳолатҳои дигар, ки ба назар мерасад, ин мушкил дар ҳоли решадавонист ва заҳрпечакеро мемонад. Кишоварзон мегӯянд, агар заҳрпечак сари вақт бартараф нашавад, дилхоҳ гиёҳро пахш карда, ба нобудӣ мерасонад.
Аммо дар ҳамин ҳол, “Рахш таксӣ” ҳама ҷо ба таблиғи фаъолияти худ машғул асту гӯё хеле баҳтаринанд.
Барои ронандагони ширкати таксӣ дар Душанбе зарур аст, ки моҳе 700 - 900 доллар ба соҳиби ширкат пардозанд. Ба ин маблағ ҳаққи мошин, ҳаққи оператор, ҳаққи патенту иҷозатнома ворид мешаванд. Ба ҷуз ин, тамоми хароҷоти марбут ба сӯзишворӣ ва таъмири нақлиётро худи ронанда мепардозад. Акнун бигӯед, ки фарқи ин ронандагӣ аз ғуломӣ дар ҷангалҳои Русия дар чист? Дар чунин ҳолат оё беҳтар ин нест, ки ҳукумати шаҳри Душанбе, бо таҷриба аз корхонаҳои мусофиркашонии давлатӣ, ширкатҳои мушкилдорро аз байн бурда, ба ҷояш ширкати таксиронӣ таъсис диҳад?

P.S. Ин матлаб ҳанӯз ду моҳ қабл омода шудаву барои нашр дар рӯзномаи “ИмрӯзNews пешбинӣ гардида буд. Санаи 23.04.2018 барои дарёфти шарҳи роҳбарияти ҶДММ “Сайёҳон”, ки “Рахш таксӣ” ба он марбут аст, бо мактуби расмӣ муроҷиат кардем. Бо гузашти ин муҳлат ҳеч нафаре аз масъулони ин ширкат, ки бо хизматрасонии ноқулайи таксиҳои худ аз ҳисоби ҳамин давлату миллат ба маблағҷамъоварӣ машғуланд (фаъолияти онҳоро айнан ҳамин тавр метавон ном бурд), омода нашуд, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №622 “Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма” ва талаботи қонунгузории соҳавии Тоҷикистонро риоя карда, ба ин матлаб шарҳе ирсол намояд. Ин ҳолат на танҳо боиси нодида гирифтани заҳмати хабарнигори рӯзнома, балки пушти пой задани Фармони мазкури Президент ва талаботи қонунгузории ҷумҳурист, ки таври маълум, масъулият дар пай дорад. Бо нашри ин матлаб идораи рӯзнома таваҷҷуҳи масъулони ширкати мазкур ва мақомоти масъулро ба мушкилоти мавҷуда ҷалб намуда, хоҳони баррасии амиқи ҳолати бамиёномада аст.
 
P.S.S. Санаи 20.06.2018 бо мактуби расмии такрорӣ ба роҳбарияти ин ширкат муроҷиат кардем, аммо бо вуҷуди муроҷиатҳои пайдарпай то ҳанӯз посух ё шарҳи ин ширкат дастрас нест. Ин маънои онро дорад, ки аз масъулони ин ширкат эҳтиромона хоҳиш кардан, ки талаботи қонунгузории Тоҷикистонро риоя кунед, натиҷа надорад.
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter