• 11:33 – Покистон дар Рӯзи истиқлолият аз ҳамдилӣ бо Кашмир гуфт 
  • 16:48 – Лоиҳаи АТОМ: силоҳи ҳастаӣ – роҳ ба нокуҷо 
  • 11:41 – Дарахтон хушк мешаванд, масъулон чаро хомӯшанд? 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 21:16 – Трансфери сол: Криштиану Роналду ба “Ювентус” гузашт 
  • 14:08 – Шабе аз ҳазор шаб… Дар Душанбе “Зебоипарастӣ” ва “Орифона” муаррифӣ шуд 

Заминларзаи махфии Ҳоит: 69 сол қабл чӣ рӯй дод?

Имрӯз, 10 июл, аз заминларзаи Ҳоит 69 сол пур шуд. Ин заминларза яке аз даҳшатноктарин ҳаводиси табиии асри гузашта аст, ки бино ба маълумоти гуногун, дар натиҷаи он беш аз 50 ҳазор одам ҷони худро аз даст дод. Бархе манобеъи дигар теъдоди қурбониёни ин заминларзаро то 35 ҳазор нафар ҳисобидаанд. Дар ҳар сурат ин пурқурбонитарин ҳодисаи табиӣ дар ҳудуди Тоҷикистон аст.
Вобаста ба ин ҳодиса маводи хеле кам нашр шудаву ба гуфтаи бархе таърихшиносон, дар гузашта ҳукумати шӯравӣ талош мекард, ки ҷузъиёти ин заминларзаро махфӣ нигоҳ дорад.
Дар замони истиқлолият бошад, ҳукумати Тоҷикистон барои эҳтироми хотираи гузаштагони ин заминҷумбӣ як зумра барномаҳоеро амалӣ кардааст. Аз ҷумла, чанд сол қабл маҷмааи нави ёдгорӣ бахшида ба ин ҳодиса рӯнамоӣ шуд. Пайкараи пешини ҳафтметраи “Модари Ҳоит” дар соли 1993 аз сӯи гуруҳи мусаллаҳи номаълум хароб шуда буд.
Яке аз камтарин адабиёте, ки қиссаҳое аз ин ҳодиса дорад, матлаби “Заминларзаи “махфӣ”-и Ҳойит” аст, ки дар сомонаи “Асрори асрҳо” нашр шудааст. 

Матлаби зер порае аз ҳамин навишта аст:
“Виктор Чумаков нақл мекунад:

Аз ҷониби чапи роҳ дар пушти дарёи пуршӯр ва тираи Сурхоб, қуллаҳои силсилакуҳи сафеду кабуди Пётри Бузург намудор гашта, аз ҷониби роҳи рост бошад, доманаҳои куҳи Зарафшон менамоянд. Пули Сурхобро гузашта, Искандар мошинро боздошт, муҳаррикро хомӯш карда, аз мошин берун омад ва дар зери чархи қафои мошин санг гузошта, хомӯшона ба як роҳрави хира намудор ба тарафи шимол ба ғори сиёҳе, ки аз дохилаш дарёи шӯхи Ясман мегузашт, равона гашт.
Дар наздики шомгоҳон офтоб дар баландии ғарб ҷойгир мешавад. Дар ин ҳолат ғор дар иҳотаи сояи ваҳмангез қарор мегирад. Ва тамошои дохили ғор мушкил мегардад. Ба чашм танҳо ҷамъи сангҳо расида, ягон нишоне аз рустанӣ ба назар намерасад. Искандар сад метр дуртар рафта, дар як ҷой қарор мегирад, баъдан сарашро каме хам карда, ҳар ду дасташро ба рости баногӯшаш мебардорад. Ин оғози намоз аст. 

Ман ба мошин бармегардам ва ба ҷуз тамошои зебоиҳои дурахшони силсилакуҳҳои Пётри бузург дигар коре намемонад.    
Ронанда ҳам зиёд маро мунтазир накарда, зуд баргашт. Вай муҳаррики мошинро ба кор андохта, пеш аз оне, ки ба роҳ бароем, дар зери забонаш нос партофт. Ман мунтазир шудам, ки ин "маводи мухаддири қонунӣ" ба ӯ таъсир кунад ва баъдан аз ӯ мепурсам:

— Барои чӣ Ту дар он ҷо мошинро доштӣ?
— Ман дар он ҷой чанд сол пеш зиндагӣ мекардам.
— Ҳоло дар он ҷой чист?
— Ҳеҷ чиз. Ҳама барвақт вафот карданд
— Ягон ҳодиса рӯй дод?
— Куҳҳо ба ҳам омаданд. Шаҳре буд бо номи Ҳойит, қишлоқҳо дошт. Имрӯз ҳамаи одамон зери заминанд. Падар, модар, бародарону хоҳарон, падаркалону модаркалон ва ҳамаи наздиконам зери хок монданд. Ман дигар касе надорам.
— Ту чӣ гуна зинда мондӣ?
— Ман дар хизмати ҳарбӣ будам. Як сол сипарӣ гардид ва ба мо иҷозат доданд, то хона равем. Ман ба ноҳияи Fарм омадам, дар он ҷо ба ман гуфтанд, ки роҳ баста аст ва дигар рафтан имкон надорад. Заминларза рух дода, куҳҳо ба ҳам омадаанд. Дар ноҳияи Fарм низ хонаҳои харобгашта зиёд буданд. Ҳама аз тарси дигарбораи заминларза дар хаймаҳо шабро саҳар мекарданд. Роҳро баста буданд ва мусофиронро на ба Ҳоит ва на ба Ҷилликул роҳ намедоданд.
— Баъд ту чӣ кор кардӣ?
— Ман то замони ба аскарӣ рафтанам чӯпон будам ва ҳамаи роҳҳоро медонистам. Рафта аз бозор нон ва мавиз харида, бо худ об ҳам гирифта, саҳари дигар аз миёни куҳҳо ба манзилам рафтам. Ҳангоме ки шом ба шаҳр расидам, он ҷо чизе набуд. Танҳо санг ва замин. Ҳеҷ чиро шинохтан мумкин набуд. Ҳатто дарё ҳам рангаш дигар буд. На хонаҳо, на асп, на қутосу дарахт. Ягон парранда ҳам пар намезад! Ман гиристам, зиёд гиристам ва баъд ба ноҳияи Fарм раҳсипор гаштам. Наздики саҳар ба ғав (шлагбаум) расидам. Маро ба шӯъбаи милиса бурданд ва он ҷо хеле пурсуҷӯ карданд. Баъд ба ман фаҳмониданд, ки ҳамаи чизе, ки ман дар он ҷой дидам, сирри ҳарбӣ ва махфӣ мебошад. Ман, ки узви ҳизби коммунистӣ ва комсомол будам, ҳуҷҷатеро имзо кардам, ки ба касе чизе нагӯям. Солҳои зиёд ба касе чизе нагуфтам. Чаро имрӯз ҳамаи инро ба ту нақл кардам, худам ҳам намедонам.  
То худи Ҷиргатол ман аз ронанда дар бораи ҷузъиёти ҳодисаи аҷибе, ки моҳи июли соли 1949 рух додааст, пурсидам. Ҳарчанд забони русии Искандар каме бад буд, ба ман муяссар гашт, фаҳмам, ки ин заминларза бо тундбоди шадиде рух додааст, ки одамон ва ҳайвонҳоро ба осмон бурда, дубора онҳоро ба санг ва даромадгоҳи ғорҳо задааст. Баъзеи онҳоро бошад, тундбод то роҳе бурда буд, ки мо баъзан мошинро боздошта, барои руҳи онҳо дуо мехондем.
Вақте ки ман ба Сталинобод (аз соли 1961 шаҳри Душанбе) баргаштам, харитаи солҳои чилум ва навинро муқоиса кардам ва дидам, ки дар харитаи нав шаҳри Ҳоит бо аҳолии 5 ҳазор нафар умуман вуҷуд надорад.
Дар рӯзномаи марказиву ҷумҳуриявии "Коммунисти Тоҷикистон" аз 15-уми июли соли 1949 дар робита ба ин танҳо як паёми Оҷонсии телеграфии тоҷик чоп шуда буд: 

"Давоми 8-ум ва 10-уми июл дар Тоҷикистон ду заминларзаи шадид дар куҳҳои 190 километр дуртар дар шимолу ҷануби Сталинобод ба вуқуъ омад. Рӯзи 10-уми июл бо қувваи 6,5 балл соати 09:43-и вақти маҳаллӣ ба қайд гирифта шуд. Ягон харобкорӣ ба қайд гирифта нашудааст. Заминларзаи такрорӣ, нисбатан заифтар, ки одатан баъд аз заминларзаи шадид ба вуқуъ меояд, давоми чанд рӯз идома ёфт. Рӯзи 12-уми июл таконҳои зилзила нисбат ба таконҳои рӯзи 11-ум заифтар шуда, рӯзҳои 11-ум ва 14-ум бошад, он оҳиста –оҳиста паст гардид".
Дар мавриди нопадид гаштани шаҳри Ҳоит миёни куҳҳо чизе гуфта нашуд! Умуман, танҳо дар "Коммунисти Тоҷикистон" дар бораи зилзилаи соли 1949 хабар доданд, тамом.
Соли 1961 ман бо роҳбари сохтмони асосии неругоҳи барқӣ дар дарёи Вахш Денис Ерофеевич Никитин шинос шудам. Вай нақл кард, ки рӯзи 15-уми июли соли 1949 вай, инчунин роҳбари сохтмон Каримов ва директори НБО Гридневро ба назди котиби аввали Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон Бобоҷон Fафуров даъват карданд.
Денис Еровеевич одами масъул, собиқ ҷанговар - мерган, ки замони ҷанг бо бадани худ нафарони зиёдеро аз марг халос карда буд. Вале чизе ки вай зимни мулоқот шунид, ӯро дар ҳайрат гузошт. Fафуров дар бораи ҳазорҳо нафароне, ки зинда дар шаҳри Ҳоит ва қишлоқҳо зери хок монданд, дар бораи тундбод, ки одамонро ба ҳаво мебурд ва чанд метр дур бурда, ба замин мепартофт, дар бораи бо хок пур кардани дарёҳои пок нақл кард.
Fафуров назди ҷамъомадагон супориш гузошт: ба ҳукумати маҳаллӣ барои барқарор намудани пул ва роҳравҳо кӯмак кунанд, рудҳоро тоза кунанд ва муайян намоянд, ки дар чӣ қадар чуқурӣ харобиҳои Ҳоит ҷойгиранд ва… маблағҳоро аз сандуқи оҳанини хазинаи амонатии шаҳри Ҳоит пайдо кунанд.
Ин маблағҳоро ҳавонавардон ду соат қабл аз заминларза ба бонки шаҳр бурда расонида буданд.
Fафуров нутқашро чунин хотима дод:
“Мо аз марги онҳо хело андуҳгинем, аммо рафиқон, набояд фаромӯш кард, ки мо имсол 20-солагии ҷумҳуриямонро ҷашн мегирем ва ғайр аз ин, ҳарчанд инро ба ҳама хабар надодаанд, ман ба Шумо мегӯям, ки имсол 70-солагии Сталин низ қайд хоҳад шуд. Ман фикр мекунам, ки Шумо маро хуб дарк мекунед, агар мотам гирем, моро касе намефаҳмад. Барои ҳамин биёед мотамро як тараф монда, дар ин бора то нарасидани фурсати мувофиқ ба касе чизе намегӯем. Ман фикр мекунам, шумо худатон шоҳид ҳастед, ки рӯзномаҳо ва радиоҳо чӣ тавр боэҳтиёт рафтор карда истодаанд. Мо ҳатман ба гузаштагон арҷ мегузорем, аммо дертар…".
Аз садамаи Ҳойит танҳо чанд нафар ба таври мӯъҷизавӣ зинда монданд, аз ҷумла ду сарнишин, ки дар маҷлис онҳо низ даъватӣ буданд. Ҳардуи онҳо иштирокчиёни ҷанг буда, соҳиби орден ва медалҳо ва насиби "болдор"-и Воробйев ва Петухов буданд. Аз соли 1946 онҳо дар авиатсияи шаҳрвандӣ бо бурдани почта, маблағ ва мусофирон фаъолият доштанд. Инчунин, онҳо заминҳои пахтаро дору мепошиданд. Рӯзи 10-уми июл онҳо ба шаҳри вайроншудаи Ҳоит маблағ оварда буданд. Ҳамроҳи онҳо масъули Шӯрои вазирони ИҶС Тоҷикистон оид ба кӯмак ба зарардидагон омада буд.

Сарнишинон ҳуҷҷатҳоро ба расмият дароварда, онро ба хазинадори шаҳрӣ супориданд. Нафари масъул ба онҳо гуфт, ки бо раиси шаҳр ва аҳолӣ давоми на кам аз 5-6 соат суҳбат хоҳад кард, бинобар ин, сарнишинон метавонанд истироҳат кунанд.
Сарнишинон ҳуҷҷатҳоро дар ҳавопаймо монда, худашон барои шикори хуки ёбоӣ ба куҳ рафтанд. Борон меборид. Дар он мавзеъ, ки бештари вақт гарм буд, борон ба бадани кас роҳат мебахшид. Аммо шояд ҳисси дигаре буд, ки сарнишинонро аз марг наҷот дод.
Дар асл, вазъ дар шаҳр ноором буд. Аксари мардум берун аз хона буданд. Дар ҳама ҷойҳо, хусусан дар боғҳо хаймаҳои хурди офтобӣ сохта шуда буд. Мардум шабҳо зери он хоб мекард. Алалхусус ҳайвонҳо он шабу рӯз безобита буданд: хурусҳо бемавқеъ ҷеғ мезаданд, сагон уллос зада, харҳо ҳангос мезаданд, шаби пеш аз зилзила бошад, мардум шоҳиди парвози кабутарҳо шуданд.
Ҳангоме, ки сарнишинон миёни куҳ расиданд, чизе онҳоро маҷбур кард, ки дар ҷояшон истода, ба қафо тоб хӯранд ва ба поён ба шаҳр нигаранд.
Ногаҳон аз дурӣ як мавҷи вазнине заминро такон дода гузашт. Замин ба мисли ҳайвони ваҳшии бузург овоз бароварда, ларзид. Ин овоз ба садои вазнини таркидани якчанд гулула баробар буд.
***
Садои ногаҳонӣ ва такони бузург сарнишинонро аз пой афтонд. Онҳо нақл мекарданд, ки он лаҳза ҳиссиёт ба монанди он буд, ки қолини зери пойи онҳоро нафаре ба ин тарафу он тараф мекашид. Дар як лаҳза тамоми биноҳои шаҳри Ҳоит хароб шуда, чанги бузурге шаҳрро гирифт. Чунин ба назар мерасид, ки шаҳр ба осмон хеста, хонаҳо чандошёна шуданд, аммо дере нагузашта ин тахайюл зуд нопадид гашт. Тамоми ҷоро торикӣ фаро гирифта, рӯз мисли шаб шуд. Онҳо аз дурӣ базур медиданд, ки ҳавопаймои онҳо ба мисли бозича ин тарафу он тараф мерафт.
Дар чанд метр дуртар аз сарнишинон аввал тарқиши хурд, чанде баъд ғори калон пайдо гашт. Як тарафи тарқиш бо суръати хеле баланд ба поин ҳаракат кард. Каме дертар онҳо фаҳмиданд, ки аз ҷониби дигари водӣ низ як куҳпораи дигар ба тарафи вайронаҳо ҳаракат кард.
Вале тарқиши бузург аз ҷониби рости сарнишинон ба вуҷуд омад. Дар баландии 800 метр аз болои водӣ як қисми куҳи Чохрак (Чогурак) бо вазни ними километри кубӣ ба поён ҳаракат кард. Дар кӯтоҳтарин фурсат ин мавҷи сангҳо бо суръати беш аз 110 километр дар як соат ба поён ҳаракат карданд.
Шаҳри Ҳоит дар як дам ба сангреза баробар шуд. Санги куҳҳо пайваста ба поён ба тарафи шаҳр ҳаракат карда, онро пурра зери худ карданд.
Ин сарнишинон дар як лаҳза шоҳиди марги панҷ ҳазор нафар гардиданд.
Вақте ки овоз ва таконҳои пай дар пай хомӯш шуданд, сарнишинон гирду атрофро аз назар гузаронида, он ҷойро нашинохтанд. Ҳамин замон болои сари сарнишинон селаи паррандаҳои гуногун парида гузаштанд. Парвози паррандагон маҷбур кард, ки сарнишинон ба замин шинанд, зеро онҳо ғайримуқаррарӣ пасту паланд, ба мисли кӯршабпаракҳо мепариданд.
Географияи маҳал дар ноҳияи бузург дар як лаҳза дигар шуд.
Аз тарафи рости соҳили дарёи Сурхоб дар бисёр ҷойҳо фаромадани ярч ва санг ба қайд гирифта шуд. Ду-се қишлоқи Нимичи поёнро ярч бо худ 400-500 метр ба назди Сурхоб бурд.
Чунин буд яке аз заминларзаҳои бузурги асри 20 ва шояд яке аз шадидтарин дар минтақаи ИҶШС ва империяи рус. Такони ӯ 11 балро ташкил дода, магнитудаи он 7,6 буд. Такони ин зилзила ба қувваи таркиши туби 40 мегатон баробар буд. Баъд аз оне ки ҳама чи хомӯш гашт, сарнишинони ҳайратзада ба хулосае омаданд, ки ба дарёи Сурхоб поин фароянд. Онҳо ба роҳе, ки хок пураш карда буд, ба поин фаромадан гирифтанд ва нимаи шаб ба ноҳияи Fарм расиданд.
Саҳари дигар сарнишинон ба масъулин ҳисобот медоданд, ки чӣ тавр онҳо зинда монданд ва нафари масъул куҷо шуду чаро онҳо бо худ ҳуҷҷате дар мавриди супоридани маблағ надоранд ва чаро онҳо бо худ яроқ доранд?
Ин пурсишҳо дар пойгоҳи худи онҳо дар шаҳри Сталинобод идома ёфт. Муфаттишон онҳоро ба ҳадде расониданд, ки миёни сарнишинон баҳс шуда, онҳо ба ҳамдигар суханҳои қабеҳ ҳам гуфтанд. Нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, барои гум кардани ҳуҷҷатҳои муҳим онҳоро аз ҳизб пеш карданд ва ба шӯъбаи парвози умум гузарониданд. Вале ба онҳо ваъда карданд, ки масъалаи барқарор намудани онҳо ба ҳизб баъд аз пайдо кардани сандуқи оҳанини пулҳо аз зери сангҳои Ҳоит баррасӣ хоҳад шуд.

Ҷустуҷӯ ва пайдо намудани ин пулҳои сархур ба уҳдаи Денис Ерофеевич Никитин гузошта шуд. Ояндаи ширкати сохтмонӣ аз он вобаста буд, ки онҳо то чӣ андоза ҷойи хазинаи амонатиро дақиқ мекарданд, то мошинҳо он ҷойро кофта, маблағҳоро берун кунанд. Хушбахтона, харитаи муайяни ҷойгиршавии хазинаи амонатӣ ва дигар ҷойҳои шаҳр дар вақташ саҳеҳ тартиб дода шуда будааст.
Никитин барои ҷустуҷӯи пулҳо ба се гуруҳи геодезӣ супориш дод. Онҳо ҳамдигарро намешинохтанд. Вай ба онҳо ҳуҷҷатҳои заруриро супорид.
Дар натиҷа маълум гашт, ки шаҳр зери сангҳои ғафсии 70 метр ҷойгир аст ва он сметае, ки барои гузаронидани корҳо ҷудо шуд, се баробари ҳисоботи пешниҳодшуда буд. Дар ин бора ба Fафуров ҳисобот доданд. Вале вай оромона гуфт: 

"Ин кори номус аст, сметаро метавонем тағйир диҳем. Дар пушти ин корҳо тақдири одамҳост. Коратонро идома диҳед, мо ба Шумо кӯмак мекунем".
Танҳо охирҳои соли 1959 коргарон тавонистанд, ки сандуқи оҳанини пулҳоро, ки ба нони нимтоннаӣ баробар буда, ғафсияш 25 сантиметрро ташкил медод, аз зери замин берун оранд.
Онро нигаҳбонҳо ба Сталинобод расониданд. Дар пойгоҳи сохтмонӣ як нафари таҷрибадор дар зери назорати комиссияи Бонки давлатӣ давоми як рӯзи дароз сандуқи оҳанинро кушод. Вақте он "нон"-ро кушоданд, маълум гардид, ки пулҳояш нопадид гаштаанд. Онҳо ба ким чизе монанд ба дарахт ва як маводи номаълум табдил ёфта буданд. Бо вуҷуд, баъд аз ду соати таҳқиқ ва ҳисобу китоб комиссия эълон кард, ки тамоми маблағҳо дар ҷояш ҳастанд.
Соли 1951 ба сарнишинон Воробйев ва Петухов номи некашонро баргардонида, онҳоро дубора ба ҳизб қабул карданд ва барои парвоз иҷозат доданд. Аммо дар ин вақт яке аз ин сарнишинон майзада шуда, дуюминаш баъд аз гузашти чанд сол ҳавонаварди ҳавопаймои Ту-104 гардид.
Заминларзаи Ҳоит, ки рӯзи 10-уми июли соли 1949 рӯй дод, дар шабакаҳои сейсмологии тамоми ҷаҳон ба қайд гирифта шуд. Вақт, замон ва иқтидори дақиқи онро ҳатто дар Амрикои ҷанубӣ ҳам муқаррар карданд. Ба ҳамагон маълум буд, баъди чунин заминларза набояд касе зинда мемонд.
Дар ҳамин ҳол, мақолаи Г.Д.Панасенко аз Институти геологии Академияи илмҳои Тоҷикистон "Суқути куҳи Чогурак", ки дар ҳисоботи АИ ИҶШС (боби 85 №3, аз 21-уми июли 1952 сол) омадааст, хеле ҷолиб буд. Дар он мавод, ки се сол пас аз заминларза ба вуқуъ пайваст, навишта шуда буд: 

"Саҳари рӯзи 10-уми июли соли 1949 ҳангоми заминларза дар шаҳри Ҳоит суқути куҳи Чокурак ба амал омад. Сангрезаҳо ба Дарай-Ҳоуз поин фаромаданд. Дар ин минтақа нуқтаҳои аҳолинишин ба қайд гирифта нашудаанд".
Дар бораи фоҷиаи Ҳоит дар ин мавод чизе оварда нашудааст. Саволе ба миён меояд, ки оё академик Владимир Афанасйевич Обручев, ки ин ҳисоботро ба чоп омода мекард, дар бораи марги одамон хабар надошт?
Баъд аз ин бояд ба низоми ҳукумати ИҶШС эҳтироми бузург гузорем, ки марги оммавии мардум ва харобкории нуқтаҳои аҳолинишинро пинҳон нигоҳ дошт?"
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter