• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 14:49 – Илми тоҷик. Чаро фолбинҳо муваффақтаранд? 
  • 20:28 – Мирасрор АҲРОРОВ: Воқеияти ТАЛКО-ро дидам. Ӯзбекистон аз харидорони асосии алюмини тоҷик мешавад 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 12:49 – Аз Душанбе то Помир бо “Тселл” (36 акс) 

Академик Раҳим Масов даргузашт

Баъд аз зуҳри 21 июн дили академик, олими маъруфи тоҷик Раҳим Масов аз тапидан бозмонд. Ӯро субҳи имрӯз бар асари сактаи мағзӣ ба бемористон интиқол доданд ва зери назорати табибон қарор дошт. 
Марги ногаҳонии академик ҷомеаи Тоҷикистонро шигифтзада кард. Ба гуфтаи ҳамкасбонаш, вазъи саломатии Масов хуб буд ва ӯ то рӯзи душанбе, 18 июн ба кор мебаромад.

“Ду рӯзи охир вазъи саломатии Академик вазнин шуда, ӯ ба кор набаромад”,- гуфтаанд ҳамкасбонаш.
Раҳим Масов – муаллифи китоби маъруфи “Таърихи табартақсим”, 16 ноябри соли 1939 дар деҳаи Мдехарв Рованди ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба дунё омадааст.
Соли 1961 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси таърихшинос хатм карда, дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикстон ба кор оғоз намуд.
Солҳои 1988 то 2015 Раҳим Масов роҳбарии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистонро ба уҳда дошт.
Ӯ муаллифи зиёда аз 500 асари илмӣ–оммавӣ ва 14 монография мебошад.
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter