• 11:15 – Таҳлилгар: ҲНИ ба амалиёти бузурги зиддимиллӣ омодагӣ мегирад 
  • 11:36 – ЧАРО ХУДОРО БО АРАБӢ ШИНОСЕМ? Мо араб нестем, даъват ба намоз ва дигар қироатҳо бояд бо тоҷикӣ садо диҳанд... 
  • 20:28 – Мирасрор АҲРОРОВ: Воқеияти ТАЛКО-ро дидам. Ӯзбекистон аз харидорони асосии алюмини тоҷик мешавад 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 12:56 – Туркия ва мактабҳои машкуки “Маориф” 
  • 21:16 – Трансфери сол: Криштиану Роналду ба “Ювентус” гузашт 
  • 12:49 – Аз Душанбе то Помир бо “Тселл” (36 акс) 

Амрикое, ки ман дидам, шабеҳи Тоҷикистон аст

Баъд аз 7 соли расо сафари навбатии ман ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир гашт ва он ҳам дар доираи лоиҳаи “Медиа-менедҷмент дар асри рақамӣ”. Сафари аввал дар даврони президентии Барак Обама буд ва инак, ин сафар ба даврони роҳбарии Доналд Трамп рост омад.
Бо рӯзноманигорони тоҷики муқими Вашингтон

Ҳамсафаронам рӯзноманигорони шинохта Сайёфи Мизроб, Адолати Мирзо ва Хуршеди Ҳамдам буданд.
Аз Душанбе мо тариқи ширкати ватании “Сомон Эйр” ба фурудгоҳи Франкфурти Олмон ва аз он ҷо ба шаҳри Вашингтон пойтахти Амрико расидем.
Дар фурудгоҳи Вашингтон моро тарҷумон хонум Татяна Алберт пазироӣ намуда, сипас ба икоматгоҳамон - меҳмонхонаи “Club Quarters” бурд. Дар меҳмонхона бо тарҷумони дигарамон Анатолий Самочёрнов ошно шудем, ки чун Татяна рустабор буда, солиёни зиёд муқими Амрико мебошанд.
Ба ин тартиб, аз рӯзи аввали сафар бароямон як фазои ошно муҳайё гардид.
 
Вашингтон: муқоисаи Кохи сафед бо Қасри миллат
Аз 19-ум то 26-уми май дар Вашингтон будем. Вашингтон маркази маъмурии Амрикост ва қисмати ягон Иёлот маҳсуб намешавад. Дар ин ҷо дафтарҳои марказии зиёда аз 500 корпоратсияи калонтарини Амрико ҷойгиранд.
Дар ин шаҳр ширкатҳои хусусии сайёҳӣ хеле рушд карда, ҳамасола ин ҷоро зиёда аз 18-19 миллион сайёҳ тамошо мекунанд. Дарвоқеъ, таҷрибаи хубест барои ширкатҳои сайёҳии мо.
Нахуст чизе ки дидан мехостем, Кохи сафед буд. Ба бахти мо он дар наздикии меҳмонхонаамон қарор дошт.

Қасри миллат ва Кохи сафед

Ростӣ, ҳайратамон аз шукуҳи Кохи сафед набуд, чун нисбат ба тасаввурамон хурд ва дар муқоиса бо Қасри миллат дар маркази Душанбе назарногир менамуд. Шигифтзада аз он будем, ки дар рӯ ба рӯи он шаҳрвандони зиёде ҷамъ омада, садои эътироз баланд мекарданд. Нисбат ба Доналд Трамп ва сиёсати ӯ шиорпартоӣ доштанд. Касе ба онҳо кор надошт. Ин ҳуқуқи шаҳрвандии онҳо будааст. Демократияи амрикоӣ.
Албатта, мо низ ин гуна демократия дорем, ҳатто дар аксар маврид бартар аз демократияи он сӯйи уқёнус, аммо зарурат ба эътироз надорем. Тафовут ҳамин аст.

Дидор бо ҳамватанон
Рӯзи дигар дар саҳни меҳмонхона ҳамроҳ бо рӯзноманигори шинохта Сайёфи Мизроб будем. Сайёф гуфт, аз даруни худраве маро ишора доранд. Мебинам... ва мошине бо рақамҳои аҷиб - “Помир”. Пайхас кардам, инҳо хешони наздикам ҳастанд, ки зиёда аз 5 сол боз муқими шаҳри Кенти штати Огайо буда, масофаи зиёдеро тай кардаанд, то ба аёдатам биёянд.
Аз дидору суҳбати Ҳувайдо, ҳамсараш Лола ва фарзандашон Рамила дар ин сӯи уқёнус хеле хушнуд гаштам. Лола аз ҳамватанони асилест, ки ҳоло дар донишгоҳи бонуфузи Кент дарс мегӯяд ва ба гуруҳе амрикоиҳо забони тоҷикӣ меомӯзонад.
Дар идома “Элак – баҳона, дидор – ғанимат” гуфтему дар Вашингтон бо ҳамкурсам Рухшона Олимова дидор кардем. Рухшона аз ҷумлаи нафаронест барои ҷомеаи журналистони тоҷик ошно. Вай барои рушди журналистикаи тоҷик хизмати шоёне анҷом дода. Ҳоло дар Амрико зиндагӣ дорад.Аммо ӯ танҳо набуд. Ҳамроҳаш рӯзноманигори дигари тоҷик Парвина Ҳамидова ҳузур дошт. 
Баъдтар шавҳари Парвина - Санҷар Ҳамидов ҳам пайдо шуд. Санҷар корманди радиои бонуфузи “Садои Амрико”-ст.
Дар ҳазорҳо километр дур аз ватан суҳбати гарму гуворое бо ҳамватанон барпо кардем. Хотираҳо варақгардон гаштанд, ногуфтаҳои зиёдеро гуфтем. Маълум шуд, ки дӯстон ватанро сахт пазмон гаштаанд.
Инҳо ҳамагӣ дар Амрико ҷойи кори хубу зиндагии шоиста доранд, аммо меҳри ватан барои ҳамешагӣ дар қалбашон ошён гузошта...
Дидор бо хешовандон баъди солиёни зиёд фараҳфизо буд

Рӯзи истироҳат буду аз назди сафорати Тоҷикистон дар Амрико гузар мекардем. Аҷиб, дари он боз аст. Чун суол кардем, ки “оё имкони вориди бинои сафорат шудан дорем ё на?” коргузори сафорат бо лабханд гуфт, “марҳамат, ин хонаи худатон аст!”. Дидорро ба рӯзи дигар гузоштем.
Дари сафорати Тоҷикистон дар Амрико рӯзи якшанбе низ боз буд

Фардои он рӯз худи сафири Тоҷикистон дар Амрико Фарҳод Салимов моро хеле гарм истиқбол намуд. Боз хотираҳову суҳбатҳои самимӣ...
 
Дар Портленди афсонавӣ, ки Тоҷикистонро ба ёд меорад
Баъди Вашингтон роҳ сӯи дигар гӯшаи Амрико - шаҳри Портленди штати Орегон пеш гирифтем. Дар ин ҷо тавофути вақт бо Душанбе 13 соат ва бо Вашингтон 3 соатро ташкил медиҳад.
Аз тирезачаи тайёра куҳи баланди сарсафед, боғу ҷангалзорҳо ва дарёи калон намудор гашт. Манзараи ошное намуд. Портленд бо ҳавои тозаву дарахтон, гулу гиёҳ ва сабзазораш яке аз шаҳрҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза шумурда мешавад. Мувофиқати зебоии табиати шимолу – ғарби амрикоӣ ва таърихи нодири Портленд ин шаҳрро ба яке аз ҷойҳои сабз ва зиндагибоби ҷаҳон табдил додааст.
Иқтисоди ин шаҳрро асосан саноати ҷангал ва хоҷагии қишлоқ ташкил медиҳад. 

Эҳсонкорӣ аҷаб кайфияте дорад...

Чун сафари мо дар моҳи шарифи Рамазон рост омад, яке аз лаҳзаҳои хотирмон иштирок дар як чорабинии хайриявӣ буд. Мо ҳамроҳ бо ризокорон барои бесарпаноҳони Портленд ғизо тақсим кардем. Баъди ин кори хайр аҷаб сабукиву эҳсосоти гарме фарогирамон буд. 

Дар Юдҷини сокиту ҳунархез
Баъди Портленд роҳ сӯи шаҳри Юдҷин пеш гирифтем. Дар роҳ заминҳои зиёди ҳосилхезро дидем, ки ба қавле, чашм ба онҳо намерасад. Ба гуфтаи ҳамсафарон, “Худо ба ин давлат ҳама чиро арзонӣ доштааст”.
Шиори Юдҷин “Беҳтарин шаҳр барои санъат дар ҳавои кушод” мебошад. Шаҳр бо мувофиқати санъат, фарҳанг, маориф, зебоии табиат ва шароити хуб барои истироҳат машҳур гаштааст. Дар он назар ба аҳолии Портленд аз ҳама зиёд рассомон, ҳунармандон ва нависандагон зиндагӣ мекунанд. Тӯли сол дар ин ҷо ҳар гуна фестивалҳо, спектаклҳо ва шоу баргузор мешаванд. Донишгоҳи давлатии штати Орегон, ки дар Юдҷин ҷойгир аст, яке аз муассисаҳои пешсафи самти маориф ва тадқиқот дар Амрико ба ҳисоб меравад.
Моро сафари фаромӯшношуданӣ дар пеш буд.
 
“Шаҳри бе Бозор” 
Охирин рӯзи моҳи май охирин рӯзи ҳузури мо дар иёлоти Орегон буд. Он рӯз Юдҷини зеборо бо қасди Сиэтл тарк кардем.
Ба “шаҳри бидуни Бозор Собир” қарибии бегоҳ расидем. Тамоми муддати парвоз дар ҳавопаймои ширкати “Alaska Airlines” ғарқи хаёл будам: Сиэтл бе Бозор чӣ ҳоле дорад? Ба шаҳре сафар доштем, ки ҳамагӣ чанд рӯз қабл маъруфтарин шоирамон он ҷо нафас мекашид. Акнун ӯ нест, Сиэтл моро дар худ меғунҷонида бошад?
Айнан ҳамин тавр, Сиэтл акнун “шаҳри бе Бозор” аст.
Мо ҳам ин ҷо дурудароз наистодем ва ба зудӣ роҳ сӯйи Сент–Луис гирифтем.

Дидор бо Люис дар Сент–Луис 
Моро дар меҳмонхонаи “Drury Plaza Hotel at the Arch”, воқеъ дар маркази Сент–Луис, хуш пазируфтанд.
Зимни фуруд ба меҳмонхона марди нуроние бо чеҳраи ошно ба истиқболам омад. Лаҳзае ҳайрон мондам, ки ӯро куҷо дида бошам. Ба зудӣ дарёфтам, ки ин ҳамон Люис Сейлер аст, ки ҳанӯз соли 2011 зимни сафари нахустин ба Амрико тӯли се ҳафта меҳмонаш будам. Он замон ҳамроҳ бо директори телевизиони “Исфара” Саҳбон моро ба меҳмонӣ пазируфта буд ва мо се ҳафта дар манзили ӯ, дар шаҳри Луисвилли штати Кентукки, зиндагӣ кардем.

Дидор бо Люис баъди 7 сол хотирмон буд

Бо шунидани ин ки сафари Амрико дорам, Люис - ин марди 75-сола беш аз 300 километр роҳро тай карда, ба Сент–Луис омадааст, то дубора дидору суҳбатҳое дошта бошем. Ростӣ, аз ҳаяҷон қалбам лабрези нишоту фараҳ гашту ифтихорам аз доштани чунин дӯсте дар оилаи амрикоӣ беш аз пеш зиёд гашт.
- Ман намеомадам, намешуд,- батакрор мегуфт Люис. Дидори дӯстони тоҷик бароям фараҳманд аст.
Люис барои меҳмонаш шудан пофишорӣ мекард. Даъватро пазируфтем, аммо барои рӯзҳои дигар, ки имконе фароҳам шавад.
Воқеан, дар мо баъзан хешу табор ва наздикон солҳо ҳатто дар ҳамсоягӣ зиндагӣ карда, ба аёдати ҳамдигар намераванд. Аз гумшавии меҳру муҳаббат дар мо зиёд мегӯянд, вале дар муқоиса, ин инсони асилро бинед, ки фарсахҳо роҳро тай намуда, ба дидорбинии нафаре омадааст, ки на хешу табораш аст, на ҳамватану ҳамдинаш. Ба худ андешидам, ки самимиятро аз амрикоиҳо бояд омӯхт.
 
Колумбия ва вохӯрии ғайриинтизор бо Черчилл 
“Хайр, Сент-Луис” гуфтему роҳ сӯйи Колумбияи Миссурӣ гирифтем.
Дар даромадгоҳи шаҳр нимпайкараи сиёсатмадори бузург, шахсияти таърихӣ Уинстон Черчилл ва осорхонаи ӯ ба чашм афтид. Дар барнома тамошои ин осорхона набуд, вале арҷгузорӣ ба шахсияти Черчилл ва шавқи тамошои ин осорхона боло гирифту сари роҳ “меҳмон” шудем.
Тамошои осорхонаи муҷаҳҳаз бо маводу ҳуҷҷатҳои таърихӣ, нигораҳои даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва расму мусаввараҳои маҳсули дасти худи Черчилл ҳаловати беандоза дорад. Бо дидани ин ҳама кас қоил мешавад, ки чунин шахсиятҳои нодир қодиранд ҷаҳонро тағйир диҳанд.

Ню-Йорк - шаҳре, ки ҷаҳонро дар худ ғунҷонида
Ва ниҳоят, барномаи охири сафарномаи мо боздид аз шаҳри овозадори Ню-Йорк буд. Ин ҷо шаҳомате дигар дорад. Биноҳои осмонбӯс, одамони серташвиш, мардуми гуногунмиллату гуногунмазҳаб бо рангу намудҳои мухталиф...
Ню-Йорк бешак, шаҳри ҷаҳонӣ ва космополитист.

Он ҷо моро намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Маҳмадамин Маҳмадаминов хуш пазироӣ кард. Бо мусоидати ӯ аз дафтари намояндагӣ, ки гӯё як гӯшаи Тоҷикистон аст, боздид кардем.
Маҳмадаминов дар СММ аз манфиатҳои Тоҷикистон мегӯяд...

Ҳамчунин, бо ташаббус ва дастури Маҳмадаминов моро ба тамошои бинои СММ бурданд.
Тамошои толорҳои бузургу барҳавои созмон, ки ин роҳбарони мамолики ҷаҳон қарорҳои муҳим қабул мекунанд, ҳаловате дигар дорад. Бо сари баланд ба минбарҳои бонуфузи СММ баромадаву худро лаҳзае дар нақши маърузачӣ тасаввур мекардем. Ин ҳама дар рӯзҳое буданд, ки хабарҳо дар бораи талоши Тоҷикистон барои узвияти ғайридоимӣ дар Шӯрои Амнияти СММ пайдо шуданд.
Ню-Йорк шаҳри даву тоз, ғалоғула, гуногунрангӣ ва таҳаммулпазирист. Аҳолии он қариб ба аҳолии Тоҷикистон баробар аст. Ин шаҳр ҳоло зиёда аз 8 миллион нафарро дар худ ҷо дода, аммо ҳамарӯза бештар аз ин теъдод сайёҳони муштоқи дидори Ню-Йорк уқёнусро убур мекунанд.
Рамзи Ню-Йорк ин ҳамон муҷассамаи маъруфи озодист, ки аз он сӯи уқёнус нахустин шуда, ба чашм мерасад, шоҳу гадо, пиру барно, диндору бедин ва сиёҳу сафедро якранг ва самимӣ “Welcome” мегӯяд.
 
“Амрикои худ”-ро бояд созем
Ман санги Ватан ба дурру гавҳар надиҳам...

Баъзе аз дӯстон шояд аз рӯи дилсӯзист, ки мегуфтанд, “Худо ба ту имконият додаву ба Амрико омадӣ ва бояд ин ҷо маскун шуда, то замони сохтани як зиндагии боҳаловат бозпас ба Тоҷикистон наравӣ. Аз ин ҷо истода, кӯмакат ба оила, падару модар ва наздиконат бештар мерасад”.
Намедонам, хушбахтона ё мутаассифона, ин даъвату дархостҳоро ҷиддӣ қабул надорам. Дар табиатам чунин аст, ки шурӯъ аз лаҳзаҳои аввали ҳар сафар дилам ба ёди оила, обу ҳавою хоки диёрам гум мезанад.
Ҳамеша дар посух ба ин даъватҳо орзу мекунам, ки мо бояд “Амрикои худ”-ро созем, то фарзандону ояндагонамон аз он фахр кунанд. Орзуе, ки дар қалби миллион нафаре чун ман нуҳуфтааст.

Азорабек Азорабеков
махсус барои “ИмрӯзNews”,
Душанбе – Франкфурт – Вашингтон – Портленд – Юдҷин – Сиэтл –
Сент Луис – Колумбия - Ню-Йорк
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter