• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

Оғози Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе

Дар Бӯстонсарои шаҳрии ҳукумати Тоҷикистон “Кохи Сомон” Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ба кори худ шурӯъ кард.
Барои иштирок дар Конфронс роҳбарони як зумра давлатҳо, аз ҷумла, президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, президенти Покистон Мамнун Ҳусейн, раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон Абдулло Абдулло, муовини Дабири кулли СММ Луи Женмин, Котиби генералии Созмони Ҳамкории Шанхай Рашид Олимов, намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Петер Буриан, Директори минтақавии Маркази дипломатияи СММ дар Осиёи Марказӣ Наталия Герман, намояндагони олимақом аз 110 мамлакати ҷаҳон, сохторҳои гуногуни СММ, институтҳои молиявии байналмилалӣ, доираҳои бузурги тиҷоратӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва дигар муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба Душанбе омаданд.
Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” бо ташаббуси ҳукумати Тоҷикистон ва дастгирии беш аз 177 кишвари аъзои СММ пешниҳод ва қабул шудааст.
Мувофиқи қатъномаи СММ, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028, аз 22 март оғоз гардид ва он то 22 марти соли 2028 идома меёбад.
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter