• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 14:09 – Амонова: Зери тарсу таҳдид ба судя Сафарализода туҳмат кардам 
  • 20:28 – Мирасрор АҲРОРОВ: Воқеияти ТАЛКО-ро дидам. Ӯзбекистон аз харидорони асосии алюмини тоҷик мешавад 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 12:56 – Туркия ва мактабҳои машкуки “Маориф” 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 12:49 – Аз Душанбе то Помир бо “Тселл” (36 акс) 

КҲФ: Сел дар Лахш қурбонӣ надошт

Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда ҳаҷми зарари аз боронҳои рӯзи 5 июнро дар ноҳияи Лахш муайян мекунад.
Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон, дар натиҷаи боронҳои шадиди рӯзи 5 июн дар деҳаҳои Янгишаҳр, Ҷултерак, Сурхоб ва Қушағбаи ин ноҳия сел омада, 20-25 қитъаи наздиҳавлигии сокинонро зери об кард.Аммо манобеъи мустақил теъдоди ҳавлиҳоеро, ки аз сел зарар дидаанд, ба маротиб бештар шуморидаанд.

Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуда, манзилҳои истиқоматӣ зарар надидаанд, аммо “як иншооти ёрирасон пурра ва панҷ иншооти ёрирасони дигар қисман хароб шуданд”.
Ҳамчунин, лойоба дар километрҳои 250-253 роҳи мошингарди Ваҳдат-Лахш-Саритош муддате роҳро масдуд кардааст.
Шоми дирӯз роҳ тоза карда шуда, ҳаракати нақлиёт барқарор шудааст.
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter