• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 14:49 – Илми тоҷик. Чаро фолбинҳо муваффақтаранд? 
  • 20:28 – Мирасрор АҲРОРОВ: Воқеияти ТАЛКО-ро дидам. Ӯзбекистон аз харидорони асосии алюмини тоҷик мешавад 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 12:49 – Аз Душанбе то Помир бо “Тселл” (36 акс) 

Боздошти муҳандис-заминсоз бо 10 ҳазор доллар пора

Муҳандис-заминсози Ҷамоати деҳоти “Чоряккорон”-и ноҳияи Рӯдакӣ Каримов Фазлиддин Субҳонқулович ҳангоми гирифтани 10 ҳазор доллар пора дастгир шудааст.
Бино ба маълумоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, кормандони Агентӣ номбурдаро ҳангоми аз шаҳрванд “А” гирифтани ин маблағ дастгир карданд. Қабл аз боздошт 500 доллари талабкардаашро гирифтааст.

Гуфта мешавад, Каримов Ф.С. бо истифодаи мақоми хизматиаш бо роҳи фиреб аз шаҳрванд “А” маблағи 10500 доллари ИМА-ро барои додан ва ҳуҷҷатгузорӣ кардани 0,12 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ талаб намуда, қарори раиси Ҷамоати деҳоти “Чорякорон”-и ноҳияи Рӯдакӣ оид ба додани 0,12 га қитъаи замини назди ҳавлигӣ бо истифода аз техникаи компютерӣ сохтакорона тартиб додааст.
Агентӣ меӯяд, вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Каримов Ф.С. бо моддаи 247 қисми 4 ва моддаи 340 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter