• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

Ӯ зи боло буд, боло меравад... Дар сӯги Мӯъмин Қаноат

Мотами табиат, ашкрезии осмон ҳанӯз идома дорад. Муъмини Мавлои шеър зери дарахти туси пири теппаи Лучоб ба хоби абадӣ рафт.
Урдуи сангаршикани зиёии кишвар аз ду талафоти ҷуброннопазир бо хастагии маънавӣ ба теппаи Лучоб мебаромад. Низоми Қосим, Гулназар, Саидқул Билол, Камолу Раҳмат Назрӣ, Ато Мирхоҷа, Сайдалӣ ва даҳҳову садҳои дигар бо сукути вазнин ғамро фурӯ мебурданд.
Аммо ин нуқта ба зиндагӣ нест. Зиндагӣ бо талошу набардҳо ба кӯтали ояндаи умедвориҳо равон аст.
Дар урфият “Ҷойи муқаддас холӣ нахоҳад монд” мегӯянд. Аммо барои пур кардани холигиҳо, заковати Турсунзодагӣ, фалсафаи Миршакар, ишқи зиндагии Боқиёна, инқилоби Лоиқона, суруши Муъминона, аз худ гузаштаниҳои Собирона лозим аст. Тими шеъри мо бо сарварии Низом Қосим қодир аст, ки шуҳратзинаи адабиёти моро ҳифз кунад. Шукр кунем, ки ҳоло Гулрухсор, Низом, Гулназар, Саидалӣ, Ато, Сорбон, Куҳзод, Саттор, Давлати Сафар дорем. Ақибгоҳи адабиёт бо сайъи Фарзона, Ниёзӣ, Раҳматзод, Озарахш, Суруш, Муҳаммад Fойиб, Лаълаҷубҳа, Ҷумъа Қувват дар даргириҳои зиндагии маънавӣ афту дарафт доранд. Дирӯза барин шикоят не, шеър менависанд.
Чанд сол қабл муҳандис-геолог ва коршиноси эронитабори Канадаро ба тамошои Варзоб бурдам. Чанд бор пурсид;
- Сарвати зеризаминии Тоҷикистон дар ин ҷост?
- Ҷаноби Растагор, аз ман беҳтараш грамматикаи забони чиноиро мепурсидед, ҷавоб медодам.
Баъдан ӯро ба ба зиёрати оромгоҳи бузургони Лучоб бурдам. Баъди тиловати ояте аз Каломи Шариф гуфтам:
- Ана сарвати зеризаминии мо дар ин ҷост. Аз ҳар қабре ҳунарҳо ва истеъдодҳо мерӯянд, ки аз сурмаву нуқраи Шумо гароннарх хоҳанд буд...
...Устод Муъмин Қаноат дар зиндагии маишиаш низ қаноатпеша буд. Fурур, нангу номуси ӯ нафсу ҳавасашро пахш мекард.”Ман” –и Ӯ МО-и кишвар буд. Фалсафаи иҷтимоии ӯро шояд баъди 50 сол дарк кунем. Ин фалсафа берун аз шеъраш буд. Ин фалсафа дар суҳбатҳо хитобаҳо ва дустурҳои нишасту ҳамоишҳои маҳдуд идора мешуд. Афсус, то ба ҳол мо адабиётшиносҳои Турусунзодшинос, Лоиқшинос, Қаноатшинос надорем.
Боре дар як мусоҳибаи тундаш Устод дар ҳафтаномаи “Миллат” фалсафаи иҷтимоияшро ифшо кард. Дар хонаи устод Акбаршо Искандаров ба Устод гуфтам:
- Масале ёдам омад, вале намедонам аз кист. Шояд аз худам бошад. Хирсро пашша азият медод. Парвона бо хашм пашшаро гурезонд. Хирсу парвона дӯст шуданд. Парвона ҳикоятҳо мегуфт, вале хирс майли хоб дошт. Парвона гуфт:
- Дӯстам хирс, зиндагӣ кутоҳ аст. Хоб низ марг аст. Гӯш кун!
Аммо хирс хоб рафт. Аз хоби хирсона бедор шуд, вале парвона кайҳо мурда буд. Хирс фиғон бардошт, ки чаро намедонист парвона се рӯз умр дорад..
Ҳайҳот, мо бедор шудему парвонаҳо кайҳо мурдаанд...
...Мардум баъди хатми дуо низ теппаи Лучобро тарк намекарданд.
Дар ду мотами бузург тасаллияти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро ба ояндаи дилпур умедвор мекунад. Воқеан, бо дастури Пешво ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷҷабор Раҳмонзода ва Асадулло Раҳмон маросимро муташаккил, дар руҳияи ваҳдати кулл ва низоми шариату маъмулӣ анҷом доданд.
Ба қавли дромнависи антиқаи Юнон, “Марг шуғли дилбазан аст. Кӯшиш кунед ба он машғул нашавед”.
Илоҷ нест, чун ба қавли худи Устод Муъмин Қаноат, дар сӯги Аҳмадшоҳи Масуъд:
Ҷайҳун ба зери шаҳпару тайёра дар ҳаво,
Ҳангоми ин убур ҳаме ҷойи ҷон шикаст.
Тайёра мепарад ва киро мебарад? Куҷо?
Он чӣ шикастанист, Худоё, ҳамон шикаст.
Устодо, Моҳи Шариф барои Шумо ҷойи Шариф дар арши боло муҳайё намуд.

Аҳли эҷоди “ИмрӯзNews” ба фарзандони Устод Қаноат - Ширин, Парвин, Далер ва ҳамсари вафодорашон, ки умри 86 соли пурбаракати Устодро таъмин намуданд, аз умқи дил арзи тасаллият мекунад.


Наҷмиддин Шоҳинбод
Муним Оламов
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter