• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

Мӯъмин Қаноат ҳам даргузашт

Шоири маъруфи тоҷик Мӯъмин Қаноат дар 86-солагӣ даргузашт. 
Ба гуфтаи наздиконаш, вазъи саломатии шоир дар рӯзҳои охир хеле бад шуда, таҳти нигоҳубини табибон қарор дошт. Баъд аз зуҳри рӯзи ҷумъа, 18 май, табибон аз марги ӯ хабар доданд.
Маросими видоъ бо Мӯъмин Қаноат рӯзи шанбе, 19-уми май, дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Мӯъмин Қаноат 20 майи соли 1932 дар деҳаи Курговади ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар хонаводаи кишоварз ба дунё омадааст.
Таҳсилоташро дар мактаби рустояш фаро гирифта, сипас дар колхоз кор кардааст.
Нахустин ашъораш дар поёни даҳаи 40-уми садаи бист дар рӯзномаи вилоятии Ғарм чоп шудаанд. Вай соли 1956 бахши забоншиносии тоҷикӣ дар донишкадаи ториху забоншиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро хатм кардааст.
Солҳо дар ҳайъати таҳририяи маҷаллаи “Садои Шарқ” кор карда, нахуст масъули бахши назм, сипас дабири масъули маҷалла буд. Чанд замоне ҳам сарвиростории нашриёти “Ирфон” -ро бар зимма доштааст.
Аз соли 1961 то соли 1991 узви Иттиҳоди нависандагони ИҶШС буд.
Мудири шӯъбаи назм, котиби масъули маҷаллаи “Садои Шарқ” (1956-1966), муовини раиси Садорати ИНТ (1968-1976), аз 1976 то 1991 котиби якуми Раёсати Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон буд.
Директори Институти осори хаттии АИ ҶТ (1991).
Раиси Кумитаи корҳои байналхалқии Шӯрои Олии ИҶШС (1991).
Намояндаи халқии ИҶШС (1989-1991)(иҷлосияи X — XI), котиби Раёсати Иттиҳоди нависандагони ИҶШС, раиси Кумитаи тоҷикистонии пуштибонӣ аз сулҳ, узви Кумитаи ҷоизаҳои ленинӣ ва давлатӣ дар бахши адабиёт, ҳунар ва меъморӣ, узви Кумитаи Шӯравии ҳамдилӣ бо кишварҳои Осиё ва Африқо буд.
Мӯъмин Қаноат ҳамчун шоири ҳамосасаро маъруф аст.
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter