• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

Хуҷанд: муноқиша дар ҳолати мастӣ бо куштор анҷом ёфт

Муноқишаи ду марди рустабор дар шаҳри Хуҷанд боиси марги якеи онҳо шудааст. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, ин ҳодиса шоми 14 май дар ҳоле рӯй додааст, ки марди гумонбар дар ҳолати мастӣ қарор дошт.
Куштор бо сабаби муноқишаи бамиёномада рӯй додааст:
“Марди 33-сола бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани марди 31-сола бо корди хоҷагӣ мусаллаҳ гашта, 2-маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳими номбурда задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”,-хабар дод ВКД.
Манбаъ мегӯяд, оид ба ин ҳодиса бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Бино ба маълумоти ВКД, аз моҳи январи ҳамин сол ба ин тараф наздик ба даҳ ҳодисаи куштор, сӯиқасд ба қатл ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар ҳолати мастӣ рӯй додаанд.шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter