• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

Фарҳанги бегона ё рамзи ғосибӣ? Лентаи георгӣ ба ҶБВ дахл надорад

Аз ғалабаи Иттиҳоди шӯравӣ бар Олмони фашистӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 73 сол гузашт. Дар аксари ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ ин ҷашн бо тантанаву дабдабаи хос қайд мегардад ва ҳукуматдорон чун анъана дар ин рӯз ба собиқадорони ҶБВ диққати махсус медиҳанд.
Дар ин ҷанг дар баробари мардуми рус халқҳои бешумори шӯравӣ ва махсусан шаҳрвандони Тоҷикистон саҳми беандоза гузоштанд. Сарбозони Артиши сурх дину оини гуногун доштанд.
Суоле ба миён меояд, ки дину оини сарбозон ба ин ҷанг чӣ дахл дорад?
Гап сари он аст, ки имрӯз Русия аз “бародари бузург” буданаш сӯистифода бурда, ба тамоми дунё ҷор мезанад, ки нақши ҳалкунандаро маҳз халқи рус бозидааст. Инро дар бисёр гузоришҳои расмиву ғайрирасмӣ вохӯрдан мумкин аст, ки гӯё ногаҳон, нофаҳмида мусоҳиб “ғалабаи русҳо” мегӯяд.
Солиёни охир лентаи георгӣ ба яке аз рамзҳои Fалаба бар Олмони фашистӣ табдил ёфтааст. Ҳол он ки ин лента аслан рамзи дини масеҳӣ буда, ба ҶБВ ягон иртибот надорад.
Имрӯз агар ба кӯчаҳои шаҳри Душанбе нигоҳ кунед, зиёд ба назар мерасад, ки дар шиору овезаҳо, ки аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ гузошта шудааст, ҳамин рамз ҷой дода шудааст. Ҳамчунин ҷавонписарону ҷавондухтарон бо ифтихор дар сари синаи худ ҳамин рамзро гузоштаанд.
Биёед бинем, ки аслан, лентаи георгӣ чӣ маъно дорад ва баромади он аз куҷо манша мегирад ва он чӣ алоқамандӣ ба ҶБВ дорад.
Қаблан таъкиди як факти муҳимро набояд сарфи назар кард: дар ҳазорҳо акси марбут ба ҶБВ, ки то ҳанӯз маҳфузанд, аз ҷумла дар грамотаҳо, ифтихорномаву медалҳо маҳз лентаи георгӣ мавҷуд нест, ҳатто ранги онҳо дигар аст.
Аз аввал то охири ҶБВ ин лента дар ягон хатти фронт, дар ягон маҷлису ҷамъомад ё чорабиниҳои марбут ба ҷанг истифода нашудааст, аслан, касе дар бораи ин лента ёд намеовард. Танҳо рӯзи 9 майи соли 1945 бо Қарори Президиуми Неруҳои мусаллаҳи ИҶШС медали “Барои ғалаба ба зидди Олмон дар Ҷанги Бузурги Ватании 1941-1945” таъсис ёфт, ки рангҳои ҳамин лентаро дар худ дошт.

Ба ғайр аз ин, аз соли 1917 лентаи георгӣ дар ягон мукофоти давлатии шӯравӣ истифода намешуд. Ин лента куллан дар замони Шӯравӣ манъ шуда буд, то даме ки соли 1992 ордени Георгии муқаддас ва салиби георгӣ барқарор нашуданд. Он дар асоси лентаи мукофотҳои шӯравии замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ - ордени Шараф (Слава), медалҳои “Барои ғалаба бар Олмон”, Лентаи гвардиягӣ ва лентаи сарисинагии Флоти ҳарбӣ-баҳрии Неруҳои мусаллаҳи Шӯравӣ барқарор гардид.
Лентаи гвардиягӣ ҳамчунин як қисми медали “Барои ишғоли Берлин” буд.
Лентаи георгӣ аз ҷониби Екатеринаи II 26-уми ноябри соли 1769 ҳангоми ҷанги Русия ва Туркия (1768 -1744) барои дастгирии ҷасорат ва далерӣ таъсис ёфта, ба номи Георгии муқаддас гузошта шудааст.
Лентаи георгӣ – лентаи дуранга ба ордени георгии муқаддас, салиби георгӣ, медали георгӣ мебошад. Ҳамчунин, лентаи георгиро матросҳои экипажи Гвардиягии гвардияи импературии рус ва матросҳои киштиҳое, ки бо парчами георгӣ мукофотонида шудаанд, дар либосҳои низомии худ насб мекарданд. Лентаи георгӣ ҳамчунин дар штандартҳо ва аксессуарҳо истифода мешуданд.
Георгии ғалабаовар як шахсияти муқаддаси дини масеҳӣ буда, яке аз муқаддастарин чеҳраи олами масеҳӣ ба шумор меравад. Дар даврони ҳукмронии император Диоклетиан баъд аз азобу уқубати ҳаштрӯза сарашро аз тан ҷудо карданд.
Оид ба сифати он чунин гуфта мешавад:
“Лента аз шоҳӣ буда, аз се хатти сиёҳ ва ду хатти зард иборат аст”.
Солҳои охир Русия саъй дорад ҳамин лентаи георгиро дар тамоми собиқ шӯравӣ паҳн намоянд. Аз ҷумла, дар Тоҷикистон ҳам тавассути нуқтаҳои таъмини сӯзишвории “Газпром” ва дигар ширкатҳои русӣ ин лента ба шаҳрвандони Тоҷикистон фурӯхта ё тақдим карда мешаванд.
Ҳамзамон ба ин, ширкатҳои русии мустақар дар Тоҷикистон фаъолона ин навъи лентаҳоро тақсим мекунанд.
Бархе нашрияҳои Русиягарои Душанбе ин фарҳанги бегонаро фаъолона ҷонибдорӣ карда, ҳар сол дар арафаи таҷлили Рӯзи Ғалаба онро таблиғ ё ройгон паҳн мекунанд.
Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки барои чӣ имрӯз маҳз ҳамин лентаи георгӣ рамзи Fалаба дар ҶБВ гардад, дар ҳоле ки дар қатори мардуми масеҳӣ, мусулмонҳо, бутпарастон, яҳудҳо ва атеистҳо баробар меҷангиданд?

Танҳо аз Тоҷикистон наздики 300 000 нафар ба фронт рафтанд ва аксарияти онҳо мусулмон буданд ва барои ҳамон Ватан ҷонбозиҳо карданд. Дар баробари тоҷикон - халқҳои ӯзбек, туркман, қирғиз, қазоқ ва халқҳои мусулмони Қафқоз ва дигар миллатҳои мусулмони Иттиҳоди шӯравӣ қаҳрамонӣ кардаанд.
Маълум аст, ки шаҳрҳои Осиёи Марказӣ дар замони ҷанг ақибгоҳӣ ба ҳисоб мерафтанд ва он ҷо амалиёти ҷангӣ нагузаштааст, аммо набод фаромӯш кард, ки он замон миллионҳо нафар аз минтақаҳое, ки фашистон ишғол карда буданд, ба ақибгоҳ - ба шаҳрҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Алма-Ато, Тошканд ва Сталинобод (Душанбе) фиристода шуданд. Мардуми ақибгоҳ бошанд, аз рӯи шиори “Ҳама барои фронт, ҳама барои ғалаба” амал намуда, тамоми молу коло ва хӯрокаашонро ба фронт мефиристоданд. Пас, чаро шаҳрҳо ва ё минтақаҳои Осиёи Марказӣ Қаҳрамон эълон нагарданд? Ва ё чаро дар рамзҳои ҶБВ муқаддасоте, ки ба мардуми ғайримасеҳӣ тааллуқ доранд, истифода нашавад? Барои мисол, дирафши ковиёнӣ ва ё рамзи дигар? Ва ё ҳамон рамзҳои худи Иттиҳоди Шӯравӣ? Дар ин ҷанг на мардуми рус ғалаба карданду на мардуми дигар, ин Fалаба ба тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ дахл дорад. Набояд дар ин санаи таърихӣ барои мардумони собиқ Шӯравӣ рамзи ҷудоӣ миёни халқҳо рамзи Fалаба таъин гардад.

Бояд дар ёд дошта бошем: ранги Ғалаба ба фашизм сурх аст, на кадом як ранги дигар. Маҳз зери ин ранг парчами ғалаба дар Рейхстаг овехта шуд, зери ҳамин ранг миллионҳо мардуми шӯравӣ ба фронт рафтанд. Ҳар касе ин рангро иваз кардаву мекунад, ба руҳи қурбоншудагони Ҷанги Бузурги Ватанӣ эҳтиром надорад.
Зимнан, соли гузашта мақомоти ӯзбек иқдоми хуберо рӯи даст гирифтанд – намоиш ё истифодаи ошкори лентаи георгиро манъ карданд. Хабар дода мешуд, ки кормандони пулиси ин кишвар лентаҳоро аз мошинҳо канда мегиранд. Дар ин бора дастури шифоҳӣ мавҷуд будааст. Қаблтар аз ин вазорати мудофиаи Ӯзбекистон даъват карда буд, ки аз истифодаи “лентаи георгӣ” даст кашанд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар Facebook, гуруҳе ҳам бо номи “Мо зидди лентаи георгӣ дар Ӯзбекистон” фаъол буд, ки ба зидди тақсим ва истифодаи “лентаҳои георгӣ” имзо ҷамъ мекард. Дар ҳамсоякишвари мо то ҳанӯз “лентаи георгӣ”-ро рамзи империализми рус медонанд.
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter