• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 14:49 – Илми тоҷик. Чаро фолбинҳо муваффақтаранд? 
  • 20:28 – Мирасрор АҲРОРОВ: Воқеияти ТАЛКО-ро дидам. Ӯзбекистон аз харидорони асосии алюмини тоҷик мешавад 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 12:49 – Аз Душанбе то Помир бо “Тселл” (36 акс) 

Намоиши фарҳанги арабҳо дар Душанбе

Шоми 5 май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими расмии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар назди театр меҳмонон аз тамошои гӯшаи расм барои кӯдакон ва гӯшаи меҳмоннавозӣ баҳраманд гардиданд. Мардум бо шавқ гӯшаи либоси миллӣ, гӯшаи санъати тасвирӣ, гӯшаи ҷойҳои муқаддасро тамошо карданд. Хусусан, назди гӯшаи хаттотӣ ва хушнависӣ нафарони бисёр ҷамъ омада буданд.
Бонувон тавонистанд, ки дар ин гӯша дастони худро бо ҳино оро диҳанд. Дар гӯшаи хурмо ва оби “Зам-зам” тамошобинони тоҷик тавонистанд, ки аз намудҳои гуногуни хурмо чашида, оби “Зам-зам” нӯшанд.
Гӯшаи матбуоти даврии намоишгоҳ ба инъикоси Рӯзҳо дар расонаҳои Арабистони Саудӣ масъул буд.
Барномаи консертӣ дар толори театри мазкур бо суханони ифтитоҳӣ ва табрикии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва роҳбари департаменти фарҳанги Вазорати фарҳанг ва иттилооти Арабистони Саудӣ Аҳмад ал Музайяд оғоз гардид.
Шамсиддин Орумбекзода ва Аҳмад ал Музайяд оид ба таҳкими робитаҳои ду кишвари дӯст ва аҳамияти Рӯзҳо сухан гуфтанд.
Барномаи консертии ҳунармандони араб аз суруду мусиқӣ, рақси фолклорӣ ва рақсҳои мардумӣ бо шамшер иборат буд. Аҳли толор барномаи мусиқиро бо кафкӯбиҳои пурмавҷ истиқбол гирифтанд.
Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон аз 5 то 9 май дар шаҳрҳои Душанбе, Норак ва Ҳисор дар назар аст.
Қаблтар аз ин, субҳи 5 май, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо роҳбари ҳайати расмии Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари департаменти фарҳанги Вазорати фарҳанг ва иттилооти Арабистони Саудӣ Аҳмад ал Музайяд баргузор гардид.
Вазири фарҳанг меҳмононро ба шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфта, оид ба фаъолияти соҳаҳои фарҳанг ва санъат дар кишвари мо маълумот дод.
“Робитаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистои Саудӣ аз соли 1992 оғоз гардидаанд. Ташрифи меҳмонон ва баргузории Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои моро боз ҳам таҳким мебахшад”,-зикр намуд Вазири фарҳанг.
Роҳбари ҳайати расмии Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмад ал Музайяд таасуроти хешро аз истиқболи гарм дар Тоҷикистон баён намуда, изҳори миннатдорӣ намуд.
“Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон аввалин Рӯзҳои фарҳанг аст, ки Арабистони Саудӣ дар кишварҳои хориҷӣ баргузор менамояд. Ин нишонаи таваҷҷуҳи роҳбарияти кишвари мо барои густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон аст”, - гуфт Аҳмад ал Музайяд.
Дар вохӯрӣ инчунин Сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Абдулазиз ал Баъдӣ ва Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ иштирок намуданд.
Баъди анҷоми мулоқот меҳмонон аз Осорхонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуда, дастхатҳо ва китобҳои нодирро тамошо карданд.

Аксҳо аз сомонаи www.spa.gov.saшаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter