• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

Боздошти "Аловак" ва дигарон. Шарҳи пурраи муноқишаи гуруҳӣ дар "Гипрозем"

Дар робита ба ҳодисаи рӯзи 28 март дар маҳаллаи “Гипрозем”-и шаҳри Душанбе 16 нафар боздошт шуда, нисбат ба онҳо бо ду банди Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз шудааст.
Бино ба маълумоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, ин нафарон ба авбошӣ ва “нобуд кардани амволи ғайр” айбдор дониста шуда, тафтиши парвандаашонро прокуратураи ноҳияи Сино пеш мебарад.
Шоҳрух Розиқов ва Наҷибулло Баротов – ду ҷавоне, ки сабаби занозании оммавӣ шудаанд, аввал дар назди ошхонаи “Ҳаловат”, воқеъ дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе, байни ҳам муноқиша мекунанд. Баъдан рафиқонашонро даъват карда, шабона муноқишаро дар маҳаллаи “Гипрозем” идома медиҳанд.
Матни пурраи иттилоияе, ки онро Маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ нашр кард, чунин аст:

“Содир намудани ҷинояти авбошӣ
Зимни тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбати Баротов Н.С., Носиров Ш.З. ва дигарон бо моддаҳои 237 қисми 2 банди “б” ва 237 қисми 3 банди “а”-и Кодекси ҷиноятӣ пас аз дастгир намудани шахсони саркардаи ҳодисаи авбошӣ муайян карда шуд, ки Розиқов Шоҳрух Ҳасанҷонович рӯзи 28 марти соли 2018 тахминан соати 17:00 дар назди ошхонаи “Ҳаловат”, воқеъ дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе аз ҳиссиётӣ авбошӣ бо шаҳрванд Баротов Наҷибулло Саидкулович ва дигарон дарафтода, байни худ муноқиша менамоянд.
Сипас, Розиқов Ш.Ҳ. ба рафиқаш Миралиев Меҳроҷ Исматуллоевич занг зада, номбурдаро барои идомаи муноқиша даъват намудааст. Миралиев М.И., дар навбати худ рафиқонашон Табаров Абубакр Азамхонович ва “Аловуддин” ном шахси номаълум бо лақаби “Аловак”-ро даъват менамояд. Розиқов Ш.Ҳ. бо рафиқонаш Миралиев М.И., Табаров А.А. ва “Аловуддин” ном шахси номаълум, дар сӯроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи П.Ханжин, назди бинои №36 вохӯрӣ намуда, Баротов Н.С. ва рафиқонашро ҷустуҷӯ намуда, дар онҷо интизор мешаванд. Дар ин муддат “Аловуддин” барои ба муноқиша ва ҷанҷол тайёр будан ба рафиқи дигарашон, Носиров Шахзод Зиёдуллоевич занг зада ӯро низ барои муноқиша даъват менамояд.
Тахминан 10-15 дақиқа пас Баротов Н.С. ба назди ҳамкурсонаш, ки дар сӯроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи П.Ханжин бинои №36 истиқомат намуда, ӯро интизор буданд, расида, тахминан соати 17:40 дақиқа бо ҳамроҳии “Сомон”, “Мумин” ва “Абу” аз бинои мазкур фаромада, бо Розиқов Ш.Ҳ., Миралиев М.И., Табаров А.А., Носиров Ш.З. ва “Аловуддин” дармеафтанд. Розиқов Ш.Ҳ., Миралиев М.И., Табаров А.А., Носиров Ш.З., “Аловуддин” ва боз тахминан 10 нафар шахсони номаълум аз ҳиссиёти авбошӣ, нисбат ба ҷаъмият беэҳтиромӣ зоҳир намуда, нисбати Баротов Н.С. ва нафарони бо вай буда зӯроварӣ намуда, бо мушту лағат онҳоро таҳти лату кӯб қарор дода, муддати тахминан 15 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, оромии ҷамъиятро халалдор месозанд.
Худи ҳамон рӯз, тахминан соати 1935 дақиқа Баротов Н.С. ба маҳаллаи истиқоматиаш, воқеъ дар сӯроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи О. Кошевой рафта, як гурӯҳи ҷавонон аз ҷумла Қосимов Саъди Маҳмадаюбович, Дилшоди Файзулло, Бобоев Толибҷон Файёзович, Ҳамидов Анас Шодиевич, Давронов Беҳруз Маҳмудович, Абдураҳмонов Фируз Баҳромович ва дигаронро барои ба ҷанҷол намудан ҷамъ намуда, пешакӣ маслиҳати лату куб намудани баъзе аз ҷавонони кӯчаи П.Ханжин (маҳаллаи Шаҳраки ҳарбиён)-ро кардаанд.
Аз нафарони ҷамъ намудаи Баротов Н.С. баъзеашон аз ҷумла Қосимов Саъди Маҳмадаюбович, Ҳамидов Анас Шодиевич ва дигарон аз рӯи маслиҳати қаблан кардаашон, дар дастонашон чубдаст, пораи қубури пластикӣ, арматур ва дигар ашёҳоро гирифта, дар руяшон ниқобҳои тибби пушида, ба маҳаллаи номбурда рафта, шахсони қаблан Баротов Н.С-ро лату куб кардаро барои лату кӯб қарор додан, ҷустуҷӯ намуда, дарёфт карда натавонистаанд. Сипас баъзе аз аъзоёни гуруҳи мазкур аз ҳиссиёти авбошӣ, дар назди бинои 30/1-и кӯчаи П.Ханжини (маҳаллаи Шаҳраки ҳарбиёни шаҳри Душанбе) аз рӯи ҳиссиёти авбошӣ, бо мақсади қасдан несту нобуд кардани молу мулки сокинони кӯчаи П.Ханжин (маҳаллаи мазкурро, бо ашёҳои бо худ дошта, аз қабили чӯб, қубур, арматур ва ғайра қасдан тирезаи қисмати қафо ва дари пеши тарафи чапу қафои тарафи рост, чароғаки пеши автомашинаи тамғаи “Лексус RX-350”, рақами қайди давлатиаш TJ 8410 СА01, ки ба шаҳрванд Носиров Шаҳзод Зиёдуллоевич, тирезаи қисмати қафои автомашинаи тамғаи “Мерседес-бенс”, рақами давлатиаш TJ 2135 HA 01, ки ба шаҳрванди Федератсияи Россия, Романчев Алексей Александрович, тирезаи қисмати қафои автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, рақами кайди давлатиаш TJ 1696 DD 01, ки ба шаҳрванд Давлатов Собир Маҳмадқулович ва тирезаи дари тарафи рост аз қисмати пеши автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, рақами кайди давлатиаш TJ 3900 ЕС 01, ки ба шаҳрванд Шарипов Баҳром Кароматуллоевич тааллуқ дошт, зада шикастаанд, ки дар натиҷаи ин кирдорҳои авбошонаи онҳо ба шаҳрвандон зарари моддӣ расонида шуда, тартиботи ҷамъияти муддати 20-30 дақиқа дағалона вайрон карда шудааст.
Вобаста ба ин ҳолат 29 марти соли 2018 аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо моддаҳои 237 қисми 2 банди “б” ва 237 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятӣ, яъне барои авбошӣ парвандаи чиноятӣ оғоз карда шуда, нисбати 16 нафар чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан тадбиқ гардида, тафтиши пешакӣ бо он идома дорад.
 
Маркази матбуоти
Прокуратураи генералӣ”
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter