• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

Президент табобати Бозор Собирро зери назорати худ гирифт

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон табобати шоири маъруфи тоҷик Бозор Собирро зери назорати худ гирифтааст.
“Як гуруҳ мутахассисони варзидаи соҳаи тиб ба табобати бемор машғул буда, рафти табобат, ҳолати воқеӣ ва ҷараёни ба Ватан омадани Бозор Собир зери назорати доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад”,-хабар дод Хадамоти матбуотии Президент.
Ҳафтаи гузашта Сарвари давлат ба роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ва дигар мақомоти марбута супориши қатъӣ дода буд, ки ба аёдати Бозор Собир рафта, барои таъмини табобати муттасил, ҳалли тамоми мушкилоти мавҷуда, кӯмаку дастгирӣ ва ҳарчӣ зудтар ба Ватан омадани шоир мусоидат намоянд.
Бино ба маълумоти манбаъ, дар асоси ин супориш Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим, Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Маҳмадамин Маҳмадамин дар паҳлӯи бемор қарор доранд ва ба ӯ кумаку ёрии ҳамаҷониба мерасонанд.
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter