• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

Кашфи 7 контейнер маводи сахттаъсири заҳрогин дар Душанбе

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми тафтиши нақшавӣ дар яке аз корхонаҳои шаҳри Душанбе ҳафт контейнер моддаҳои сахттаъсири заҳрогинро ошкор кардаанд.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти КҲФ, маводи дарёфтшуда бо ёрии мутахассисони Кумита ба корхонаи тавлидкунандаи он интиқол дода шуд.
“Контейнерҳо мутааллиқ ба як корхонаи барҳамдодашуда буд ва роҳбарияти коргоҳи нав дар бораи мавҷудияти ин контейнерҳои заҳрогин дар анбори қаламраваш хабар надошт”,-омадааст дар маълумот.
Тафтиши мутахассисони КҲФ нишон додааст, ки контейнерҳо дорои хлор ва хладони моеъ буда, дар ҳоли садамавӣ қарор доштанд ва метавонистанд хатарнок бошанд:
“Ба қароре омаданд, ки бо қувва ва воситаҳои Кумита онҳоро аз ин макон ба корхонаи тавлидкунандаи он интиқол диҳанд”.
Баъди ба расмият даровардани асноди зарурӣ ба хотири интиқоли моддаҳои заҳрогини хатарнок ҳамаи ин ҳафт контейнер ба корхонаи тавлидкунандаи он ҶС “Тоҷикхимпром” интиқол дода шудааст.
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter