• 11:33 – Покистон дар Рӯзи истиқлолият аз ҳамдилӣ бо Кашмир гуфт 
  • 16:48 – Лоиҳаи АТОМ: силоҳи ҳастаӣ – роҳ ба нокуҷо 
  • 11:41 – Дарахтон хушк мешаванд, масъулон чаро хомӯшанд? 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 21:16 – Трансфери сол: Криштиану Роналду ба “Ювентус” гузашт 
  • 14:08 – Шабе аз ҳазор шаб… Дар Душанбе “Зебоипарастӣ” ва “Орифона” муаррифӣ шуд 

Хитойии дар Душанбе боздоштшуда гуфтааст, бархе ширкатҳои истеҳсоли сементи Тоҷикистон фиребаш карданд

Бино ба гузориши рӯзномаи “Жэнмин жибао”, як шаҳрванди хитойӣ, ки таҳти ҷустуҷӯ қарор дошт, дар қаламрави Тоҷикистон боздошт гардида, ба кишвараш истирдод шудааст.
Боздошти ин хитойӣ дар доираи амалиёти “Шикори рӯбоҳон” сурат гирифта, ӯро аввалҳои моҳи феврал дастгир кардаанд.

Ҳанӯз 21 март дар ин бора маълумот дода шуд, аммо танҳо рӯзи якшанбе дар пулиси вилояти Шанси онро расман тасдиқ карданд.
Пулиси Чин ин нафарро, ки аз ӯ Сюй ном бурда мешавад, ба ҷиноятҳои иқтисодӣ айбдор медонад. 
Ба маълумоти манбаъ, номбурда замоне ки гуруҳи ширкатҳоро аз соли 2007 то июни 2011 идора мекард, 60 миллион юан (баробар ба 9,5 миллион доллар)-ро ғайриқонунӣ аз худ кардааст.
“Вай ин маблағҳоро барои пардохти қарзҳо, фоизи қарзҳо ва пардохти ҳисобҳои шахсӣ сарф карда, ба моликияти ҷамъиятӣ зарари калон расонидааст”,-гуфта мешавад дар хабар.
Дар ҳамин ҳол, як нафари огоҳ аз қазияи боздошти Сюй дар Душанбе мегӯяд, номбурдаро дар яке аз ошхонаҳои пойтахти Тоҷикистон замоне дастгир карданд, ки вай ба ошхӯрӣ рафта буд.

Амалиёти боздошти ӯ бо мусоидати ҳамватанонаш сурат гирифтааст.
Аз рӯйи маълумоти дастрасшуда, Сюй, ки дар Тоҷикистон ӯро Абдурахман низ мегуфтанд, зимни додани баёнот гуфтааст, маблағе, ки ӯро барои сирқаташ муттаҳам медонанд, асосан аз сӯйи нафарони дигар ва он ҳам дар Тоҷикистон масраф шудааст. Ҳамин тавр, ӯ аз бархе ширкатҳои истеҳсоли семент дар Тоҷикистон ном бурдааст, ки ба гуфтаи вай, фиребаш кардаву маблағҳояшро надодаанд. Ҳанӯз соли 2015 низ номбурда бо ҳамин мазмун ба хабарнигорон шикоят карда буд.
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter