• 11:15 – Таҳлилгар: ҲНИ ба амалиёти бузурги зиддимиллӣ омодагӣ мегирад 
  • 11:36 – ЧАРО ХУДОРО БО АРАБӢ ШИНОСЕМ? Мо араб нестем, даъват ба намоз ва дигар қироатҳо бояд бо тоҷикӣ садо диҳанд... 
  • 20:28 – Мирасрор АҲРОРОВ: Воқеияти ТАЛКО-ро дидам. Ӯзбекистон аз харидорони асосии алюмини тоҷик мешавад 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 12:56 – Туркия ва мактабҳои машкуки “Маориф” 
  • 21:16 – Трансфери сол: Криштиану Роналду ба “Ювентус” гузашт 
  • 12:49 – Аз Душанбе то Помир бо “Тселл” (36 акс) 

Шабе аз ҳазор шаб… Дар Душанбе “Зебоипарастӣ” ва “Орифона” муаррифӣ шуд

Бегоҳии шанбеи гузашта дар меҳмонхонаи “DUSHАNВE SERENA” таҳти продессюрии соҳибкори муваффақи тоҷики алҳол муқими шаҳри Москваи Федератсияи Русия Фирӯз Шабдолов ва бо дастгирии соҳибкори ватанӣ Зафар Бекмуродӣ ва Ширкати мобилии Тcell муаррифии ду албоми номбурда баргузор гардид. 
Талабшо Холиқзод
ИмрӯзNews

Дар расми кушоди рӯнамоии ин ду албом, ки муаррифгари санъати қадимаву волои тоҷик таҷассум ёфта буд, мухлисону ҳаводорони зиёд аз гӯшаву канори кишвари азизамон, ҳамчунин меҳмонони хориҷии ба санъату фарҳанги қадимаи тоҷик эҳтироми вижадошта ҳузур доштанд.

Дар ин базми саропо диданиву шуниданӣ, ки мухлисонро ба ваҷд овард, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шамсиддин Орумбекзода суханронӣ карда, он аз изҳори қаноатмандӣ намуд, ки бо сиёсати хирадмандонаву оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санъату фарҳанги миллии тоҷик дар арсаи ҷаҳон ба таври хеле арзанда муаррифӣ гардид ва мо намунаи онро имшаб дар ин толори зебо тамошо дорем.

Тайи ду соли охир, ки ин ду албом таҳия гардид, овозхони маъруфи тоҷик Далер Назаров ҳам саҳми хеле боризи хешро гузоштааст. Тамошобинони сершумор ӯро бо кафкӯбиҳо дар толор пешвоз гирифтанд:

- Мо, - гуфт Далер Назаров, - барои ин ду албом, яъне “Зебоипарастӣ” ва “Орифона” якҷоя бо ҳамкасбонамон заҳмат ба харҷ додаем, то ки ин ду албом ба таври бояду шояд ва барҷаставу диданӣ ба мардуми фарҳангсолорамон пешниҳод карда шавад. Гумон мекунам, аз кафкӯбиҳои гарми Шумо маълум аст, ки меҳнати шабонарӯзии дусолаи мо андаке бошад ҳам, арҷгузорӣ мешавад.
Ба ҳозирин аз албоми якум “Зебоипарастӣ” се лаҳзаи овозхонии ҳунармандони боистеъдоду маъруфи тоҷик, аз ҷумла Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Улфатмо Мамадамбарова “Ҷонона баҳор”, “Моҳи шуғнон”, Ҳунарпешаи мардумӣ, Бахтибегим Орифова, ки ҳанӯз аз даврони мактабхониаш дар чорабиниҳои мусиқии шаҳриву вилоятӣ ширкати фаъол доштааст ва соли 1952 ба шаҳри Душанбе омадаву 8 соли дар Ансамбли “Помир” таҳти роҳбарии Ҳунарпешаи Халқии Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолият кардааст, ҳоло имрӯзҳо дар нафақа аст, намоиш дода шуд. Ин модари санъатдӯсти тоҷик ба синну соли мубораки хеш нигоҳ накарда, дар ин албом ду суруди хешро сабт намудааст, ки аз тарафи тамошобинони толор мавриди кафкӯбии бардавом қарор гирифт. Сурудҳои сабтнамудааш “Омадам ба меҳмонӣ” ва “Лаб чу қанд” аҷаб равону зебо сароида шудаанд.

Ҳунарпешаи рӯшонӣ Муродбахт Файзова се суруд - “Лайлак”, “Fарибӣ” ва “Шоҳ Карим”-ро бо санъати хеле баланд замзама карда, дар дили ҳозирин ба зудӣ роҳ ёфт ва ӯро ҳатто дуввумбора ба саҳна даъват карданд, дар ин албом сурудҳояшро сабт намудааст.

Зодаи Зимчуруди ноҳияи Варзоб Абдусамад Табарӣ, ки айни замон бо гуруҳи Далер Назаров ҳамкорӣ дорад, дар ин албом суруди “Модарам” -ро сабт намудааст. Тамошобинон онро тамошо кардаву хеле хуб пазируфтанд.

Овозхони шинохта Далер Назаров, чуноне ки дар боло зикр кардем, дар таҳияи албоми мазкур саҳм гузоштааст, ду сурудаш - “Нозук” ва “Афсона”-ро дар ин албом сабт намудааст.

Мусиқишиноси номвар Иқбол Завқибеков ҳам дар ин албом се мусиқӣ навохтааст, ки ба ҳозирин хеле писанд омад. Инҳо “Зебоипарастӣ”, “Хотираҳо” ва “Дуру марҷон”.

Гуфта шуд, аксари сурудаҳои ин ду албом дар студияҳои сабти овози Киностудияи “Тоҷикфилм” сабт карда шудаанд.

Назари тамошобин: Азим Якубов – мухлиси санъати миллии тоҷик:

“Ман дар рафти кушодавии ин базми воқеан диданӣ анбуҳи зиёди мухлисонро дидам, ки берун аз саҳнаи толор монданд ва хеле ҳам афсӯс хурдам. Баъди тамошои муаррифии ин ду албом чунин бардошт кардам, ки дастандаркорони Вазорати фарҳанги кишвар, шабакаҳои телевизионӣ барои тарбияи ҳунарпешагони ҷавон (мутаассифона, аз баъзе ҳунарнамоии ноуҳдабароёнаи онҳо дар радиову телевизион афсӯрда мешавам) аз ҳунари волои ҳунармандони номдор Мастона Эргашева, Баҳодур Неъматов, Умар Зиёев, Далер Назаров ва чанде дигарон истифода мебурданд…”.
Гуфтан ба маврид аст, ки соҳибкорони бонангу номуси тоҷики муқими Русия аз рӯйдодҳои навину фараҳбахше, ки дар Ватани модариашон мегузарад, бетараф буда наметавонанд. Чуноне дар боло номбар кардем, Фирӯз Шабдолов аз зумраи онҳост, ки дар соли сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида буд, фаъолона камари ҳиммат баст ва дар ин ду албом саҳми шоистаи хешро гузошт. Ин ҳиммати ҷавонмардонаи Фирӯз Шабдолов дар таърихи санъати миллии тоҷик хоҳад монд ва он барои ҷавонони дигари тоҷик дарси хубе хоҳад буд.

Сарчашмаи ҳамаи ин муваффақияту комёбиҳо агар амиқтар назар андозем, аз он бармеояд, ки Пешвои миллат дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба кадом кишвари хориҷе, ки сафари давлатӣ анҷом надода бошанд, ҳатман бо тоҷикони муқими он кишварҳо дидору мулоқотҳои судбахш анҷом додаанд ва ҳамватанонаморо таъкид доштаанд, ки Ватанро фаромӯш насозанд ва лаҳзае бе ёди он мабошанд.

Дар ҳақиқат, он шаб барои мухлисон шабе аз ҳазор шаб буд ва онҳо бо як ҳиссиёти гуворо ва хотираҳои нек аз ҳамдигар ҷудо шуданд…шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter