• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

Изҳороти Э.Раҳмон: Кӣ қурбонӣ кунаду дастархон чӣ гуна бошад?


Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Вахш алайҳи хароҷоти беҳуда дар Иди саиди Қурбон изҳорот дод.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 16 август изҳор дошт, ки қурбонӣ кардан яке аз суннатҳои ин ид мебошад, вале набояд фаромӯш кард, ки тибқи аҳкоми шариат ва фатвои фақеҳонӣ мазҳаби ҳанафӣ иҷрои ин амал танҳо ба шахсоне дуруст аст, ки шароити хуби зиндагӣ ва имконияти кофии молиявӣ доранд: “Ба шахсоне, ки дар рӯзгорашон мушкилот доранд, серфарзанд ҳастанд, ё сарпарастии чандин нафари дигарро ба уҳда доранд, қурбонӣ кардан ва хайру садақа додан дуруст нест”.

Ба гуфтаи роҳбари давлат шахсони дорову тавонманд бояд ба оилаҳои камбизоат, дар навбати аввал ба ятимону маъюбон, муҳтоҷону камбизоатҳо кумак карда, дили онҳоро шод гардонанд: “Ин маънӣ дар чандин ҳадиси пайғамбари Ислом таъкид шудааст. Вале тавре ки мушоҳида мекунем, дар бисёр ҳолатҳо як қисми мардуми мо ба ҷойи дастгирӣ кардани муҳтоҷону камбизоатҳо пойбанди тақлиду таассуб, исрофкориву зиёдаравӣ ва зоҳирпарастиву намоишкорӣ шуда, баъзеи онҳо ҳатто аз ҳисоби ризқу рӯзии аҳли хонаводаи худ дастурхони пурдабдаба меороянд, ки ин мухолифи таълимоти дини мубини Ислом аст”.

Раисҷумҳур дар идома бори дигар таъкид намуд, ки мардум дар пайи анҷом додани амалҳои хайр бошанд, ба ятимону маъюбон, муҳтоҷону камбизоатҳо ва оилаҳои серфарзанду шахсони бесаробон кӯмак расонда, аз зиёдаравию исрофкорӣ худдорӣ кунанд ва дастурхони идонаро ба зиёфати тӯёна табдил надиҳанд: “Баръакс, такрор ҳам шавад, хотирнишон месозам, ки ба ҷойи дастурхони серхарҷу исрофкорона хони маънавӣ ороянд, яъне фарзандони худро насиҳат кунанд, онҳоро ба роҳи рост ва расидан ба қадри неъматҳои зиндагӣ ҳидоят намоянд, падарону модарон ва беморону ниёзмандонро аёдат кунанд ва дигар корҳои хайру савобро анҷом диҳанд”.
 шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter