• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед

Бо Қарори Шӯрои уламои Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбе, 17-уми май, аввали моҳи шарифи Рамазони соли 2018 эълон гардид.
Тибқи ҳамин қарор, ки рӯзи 14 май нашр шуд, нисоби закот 20400 сомонӣ, садақаи фитр ба ҳисоби гандум 5 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз 48 сомонӣ (барои шахсоне, ки тавоноии молии бештар доранд) муайян гардидааст.
Дар ҳамин ҳол, дастур шудааст, ки бо дарназардошти вазъи кунунӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ садақаи фитр танҳо ба ниёзмандону маъюбон ва ятимон дода шавад, на ба имомхатибону саидзодаҳо.
Ҳамчунин, имомхатибон вазифадор карда шудаанд, ки “дар мавъизаҳояшон таваҷҷуҳи мардумро ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси ватандустӣ ва волоияти арзишҳои миллӣ, татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд”, илмомӯзии наврасону ҷавонон ва расонидани кумаки моддӣ ба ятимону бепарасторон аз ҳисоби садақаи фитр, пешгирии исрофкориҳо ва сарфаю сариштакорӣ ҷалб намоянд”.
шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
Какая прексная запись ----- самозапись к врачу
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter