• 12:29 – Барқияи Трамп: ИМА ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кард? 
  • 12:19 – Виктор Никитюк: Комёбиҳои Тоҷикистон моро мутаассир мекунад 
  • 11:34 – Давлаталӣ Самизода: “Хоҷа Обигарм” шуҳрат ва маҳбубияти худро барқарор кард 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 07:30 – Сабаби тарки “Реал” кардани Зидан маълум шуд 
  • 10:37 – Дар сӯги Мӯъмин Қаноат... Сӯгномаи “Ба дида нақши рӯи ту...” нашр шуд 

Ваҳдат: Боғи фароғатӣ нафратовар аст. Роҳбарияти шаҳри Ваҳдат ба иқдомҳои Пешвои миллат пайравӣ намекунанд

  • 29.11.2017, 15:28,
  • ---
  • 0
  • 842


Ваҳдат: Боғи фароғатӣ нафратовар аст
 
Роҳбарияти шаҳри Ваҳдат ба  иқдомҳои Пешвои миллат пайравӣ намекунанд

Тавре ҳамагон шоҳид ҳастем, рӯзи 6 ноябри соли равон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар шимоли шаҳри Душанбе Боғи фарҳангу фароғатӣ ба номи Устод Садриддин Айнӣ баъд аз азнавсозӣ мавриди истифодаи умум қарор дода шуд.
Барои муаллифи ин сатрҳо азнавсозӣ ва ба истифодаи сокинон супоридани ин боғ аз чанд ҷиҳат қобили дастгирӣ буда, хушҳол ҳастам, ки дар маросими кушодашавии ин боғи зебо ҳамроҳи ҳамкурсону дӯстон иштирок доштам, ки ин боиси ифтихорам ҳам ҳаст. Зеро маҳз ҳамин боғ метавонад, ки барои сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он хизмати босазое карда бошад, ҳарчанд ки дар пойтахт боғҳои зиёди дигар мавҷуд ҳастанд.
Аммо ин танҳо як боғи пойтахт аст, ки ҳоло аз ободиҳояш зиёд мегӯянд. Мутаассифона, ин ободкориву фароғати шаҳрвандон, ки ҳамеша аз забони Роҳбари давлат садо медиҳад, на ҳамеша ва на аз ҷониби ҳама роҳбарони шаҳру ноҳияҳои дигар пайравӣ карда мешаванд. Дар гузашта вобаста ба вазъи кунунии бархе боғҳои фарҳангу фароғатӣ гузоришҳое ҳам доштем, ки айни замон мешавад гуфт, ба макони ободу озода ва мавзеъи дилхушии сокинони пойтахт табдил дода шудаанд.
Аммо ин бор канортари пойтахт рафтем, то бубинем, ки дар баробари созандагиву ободкориҳои пойтахт шаҳру ноҳияҳои атроф чӣ ҳол доранд. Роҳбарон чӣ кор мекунанд? Бахусус, истифодаи замин чӣ гуна сурат мегирад?
Замоне иқдомҳои бунёдкорӣ ва ободикунонии Раҳмоналӣ Амиров, собиқ раиси шаҳри Исфара ва ҳоло раиси шаҳри Ваҳдат, мардуми Хатлон ва шаҳри Исфараро мафтун намуда буданд. Ҷашни овозадори Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки соли равон дар шаҳри Ваҳдат баргузор шуд, бо овардани ободкориҳои зиёд дар ин шаҳр муддатҳо вирди забони мардум буд. Дуруст, ки дар мавриди чигунагии омодагии масъулини ин шаҳр ба ҷашни мазкур гузоришҳои зидду нақизи зиёд буданд, аммо кайҳо ин ҷашн гузаштаву акнун бо чашм мебояд дид, ки барои корҳои созандагиву ободкорӣ ин ҷо чӣ муносибат мекунанд.
... Тамошои боғи фароғатии ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Ваҳдат ба сари шӯълаи фурӯзони ин бунёдкориҳо об мерезад. Аслан, Ваҳдат шаҳрест, ки бо иқдоми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар 25 сол аз як харобазор, кӯраи даргириҳои шаҳрвандӣ, макони тавтиаҳои диниву сиёсӣ ба шаҳри муосири саноатию истироҳатии орому обод табдил ёфт.
Табиист, ки таваҷҷуҳи меҳмонону сайёҳон ба шаҳри Ваҳдат зиёд аст. Зеро дар ояндаи на чандон дур Ваҳдат бо дигар шаҳрҳои Тоҷикистон, аз ҷумла, бо пойтахт, чун шаҳрҳои Шарҷа -Дубай, Хуҷанд - Бӯстон ба ҳам васл мешавад.
Меҳмони имрӯза дӯкону бозорро, ки медонад, асосан аз ҳисоби истеҳсоли хориҷӣ пур аст, тамошо намекунад. Сараввал ӯ ба боғи фароғатӣ ва осорхона меравад.
Ана ҳамин тавр, нияти тамошои боғи истироҳатии шаҳр дидани осорхона буд (Аз чанги дари он маълум аст, ки чанд ҳафта дарашро боз накардаанд). Вале вазъи боғ моро комилан руҳафтода намуд. Худи номи боғ ба ду қисм аз ҳам дур тарҳрезӣ гардидаст. Дар даромадгоҳи боғ ҳайкали зани урён тамошобинро мот мекунад. Дар ин лаҳза худро Шумо дар порки Луври Порис тасаввур мекунед. Дуртар ҳайкали чанд нафар шаҳидон ҷо гирифтааст.
Наслҳои солҳои ҳаштодум, албатта, медонанд, ки ин комсомолони қарни бист мебошанд. Аммо ба истироҳати имрӯзаи мардум чӣ дахл доранд, маълум нест. Маълум нест, ки ин комсомолон барои шаҳр чӣ фидокорӣ намудаанд? Бинои асосӣ ва марказии боғ аз тарабхонаи “Сада” иборат аст. Дар ягон боғи истироҳатии дунё тарабхона мавҷуд нест. Дар дохили боғ сохтмони мағозаи тиҷоратӣ идома дорад. Дуртар чанд иншооти тиҷоратӣ низ таҳдоб партофтаанд. Кӣ ба онҳо иҷозат дод? Оё ҳатто раиси шаҳр ҳаққи додани иҷозати сохтмони таъиноташон ғайрифароғатӣ дар ин боғро дорад?
Сайргоҳ ва роҳравҳои боғ кайҳо боз рӯи таъмирро надидаанд.
Атрофи боғ пур аз партови гуногун, касеро ба ин парвое нест. Ба худ андешидам, ки агар касе аз онҳое, ки ин боғро бунёд кардаанд, ин ҳолатро медиданд, аз он ки ҷонашонро барои имрӯзи мо фидо карданд, хеле нороҳату пушаймон мешуданд. Балки ба мо лаънат мехонданд, ба кисадӯстдориву фарҳангбезории мо нафрин мекарданд. Шояд ҳеч намеандешиданд, ки ин боғ директор дорад, роҳбару коргар дорад, шаҳр раису муовини раис ва саду чанд маошхӯри дигар дорад ва эшон вазифадоранд, ки бо ин боғ “меҳрубонӣ” кунанд.
Ин ҳолати кунунии боғи фарҳангу фароғатии шаҳри Ваҳдат аст, ки фазои дилбеҳузуркунандае дорад.
Суоле азобам медод: чаро бори нафратеро, ки ба дӯши як роҳбар ё як директору кормандонаш бошад, як миллат бояд кашад?
Чанде пеш коршиносон ва ҷомеашиносон минтақаҳои заъиф ба тамоили тундгароиро номбар карданд. Шаҳри Ваҳдат низ дар шумори ин минтақаҳост. Мусаллам аст, ки иншоотҳо ва муасисаҳои таълимӣ, фароғатӣ барои наврасон ва ҷавонон садди роҳи тундгароӣ мегарданд. Барои бунёди иншоотҳои фарҳангӣ, истироҳатӣ, варзишӣ шаҳри Ваҳдат имконоти бузург дорад. Соҳибкорон ва тоҷирони Ваҳдат инро як сол пеш собит намуданд.
 Аз суҳбати чанд тан истироҳаткунандагон фаҳмидем, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ободонии ин истироҳатгоҳ майл надоранд. Мушоҳида мешавад, ки фазои бунёдкории то ҷашни Ваҳдати роҳбарияти шаҳрро ғубори хастаҳолӣ фаро гирифтааст. Шояд “кор”-и зиёд хастаашон кардаасту ба истироҳат ниёз доранд?
Ҳар лаҳза ин суолро ба худ медиҳам: оё дар ҳукумати шаҳр ин ҳамаро медониста бошанд? Наход посухи эътимоду боварӣ ҳамин бошад? Ва ё шояд иллат дар кадр аст?
Ҳоло агар аз роҳбарони шаҳру масъулони боғ пурсида шавад, ки “ин чӣ гуна муносибат ба боғ аст?” шояд даҳҳо далел меоранд, чапу рост тоб хӯрдаву гунаҳкор меҷӯянд. “Фалонӣ дар вақташ роҳбар буд”,-мегӯянд.
Аммо мехоҳед ё не, аз бемасъулиятии худашон, ки маҳз боиси ин ҳолат шудааст, гуфтан намехоҳанд.
Ба худ андешидам, наход мо чунин шароитро барои ояндагони худ фароҳам биёрем, ки орзуҳошон барои як умр амалӣ ношуда бимонад? Охир кӯдакони мо орзуеро, мисли парвоз ба сайёраи Марсу Моҳ накардаанд, ки хеле дастнорас бошад. Танҳо доштани боғи ободу озодаи фарҳангу фароғатӣ, ки он ҳам масъулияти роҳбарони шаҳр аст.
Ваҳдат – ин умед, ормон ва рамзи давлатдории навини мост.Танҳо номаш як дунё умед ва ормонро дар қалби ҳар сокини кишварамон бедор мекунад.
Раҳораҳ шуморидем, ки дар бисту панҷ сол Пешвои миллат ба бунёди қариб 500 боғу фароғатгоҳҳо дар қаламрави кишвар асос гузоштаанд. Ҳатто дар рӯзҳои истироҳат низ Пешвои милат вақти худро ба ниҳолшинонӣ, санҷиши рафти бунёди сохтмонҳо, ободкориҳо, ҳолати боғу гулгаштҳо сарф мекунанд. Айни ҳамин ҳолро дар фаъолияти кории Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳам мушоҳида кардан мумкин аст, ки дар муддати камтар аз як соли дар ин вазифа будан чӣ ободкориҳое карданду ба чӣ нақшаҳои бузурге замина гузоштанд.
Аммо мушаххас, чаро ин иқдом аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Ваҳдат такрор намешавад? Чаро роҳбарияти шаҳри Ваҳдат аз Президент пайравӣ намекунанд? Чаро дастуру супоришҳои Роҳбари кишвар оид ба ободонии боғу гулгаштҳо дар ин шаҳр нодида гирифта мешавад?Суолҳо хеле зиёданд, ки посух додан ба онҳо вазифаи масъулони шаҳри Ваҳдат аст.шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter