• 11:33 – Покистон дар Рӯзи истиқлолият аз ҳамдилӣ бо Кашмир гуфт 
  • 16:48 – Лоиҳаи АТОМ: силоҳи ҳастаӣ – роҳ ба нокуҷо 
  • 11:41 – Дарахтон хушк мешаванд, масъулон чаро хомӯшанд? 
  • 12:57 – Шӯрои уламо: садақаи фитрро ба имомхатибону саидзодаҳо надиҳед 
  • 13:40 – Бидуни “Диссернет”: олимони тоҷик дар як сол 125 кори илмӣ нашр карданд 
  • 21:16 – Трансфери сол: Криштиану Роналду ба “Ювентус” гузашт 
  • 14:08 – Шабе аз ҳазор шаб… Дар Душанбе “Зебоипарастӣ” ва “Орифона” муаррифӣ шуд 

“Қорӣ Носир”-ро дар майдони “Шаҳидон” шинохтанд

  • 11.08.2018, 02:16,
  • ---
  • 0
  • 494
Як истифодабарандаи Фейсбук (зоҳиран бо номи мустаор) дар гуруҳи “ВАТАНДОР-VATANDOR” аксеро гузоштаву иддао дорад, ки ташкилкунандаи ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара - Убайдов Носирхуҷа Аҳтамович ё “Қорӣ Носир”, 26 сол қабл, ҳанӯз замоне ки 19 сол дошт, узви Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати исломӣ буд ва аз ҷониби ин ҳизб дар тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ фаъолона ширкат меварзид. Падараш ҳам, ки узви ин ҳизб буд, ҳамон солҳо гов кушта, ба майдони “Шаҳидон” мефиристод.
Муаллифи ин матн Сипаргаписи Томирис навиштааст, ки акси зерро дӯсти даврони донишҷӯияш аз китоби “Табаддулоти Тоҷикистон” (нашри соли 1993) пайдо карда, ба ӯ фиристод.

Сипаргаписи Томирис


ФАВРи!!! Баъди гунахгор донистани ХНИТ ва Эрон дар хамлахои охири нанговар ба сайёхон дар н.Данғара, чун хамешаги ХНИТ ин иддаоро рад намуда, Носирхуча Убайдовро аъзои худ надонист. Ман хам сараввал хайрон мондам: ба ки бовар кунем??? Ва рости дар сохили бахри Қайроқум, ба гуфти чавонони имрўза “ёмбош”, карда яке ба хотирам дусти айёми донишчуиям Саидхомид, ки зодаи н.Фархор буд, ба ёдам омад. Хисси кунчкобиям боло гирифту дар тамоси телефони дар бораи “Қори Носир” пурсидам. Ва ШОК!!! Медонистааст!!! Падари қори, Ањтам ном дошта, яке аз аввалин пайравони нахзатихо дар минтақаи Кулоб будааст. ВАЙ ГОВ ГУШТА БА МАЙДОНИ ШАХИДОН мефиристодааст!!! Барои хамин ам аз чониби гуруххои номаълум хамчун “вовчик” ба самти номаълум бурда шудааст, ва то ба хол маълум нест тақдири ў. АММО дар бораи қори Носир хама сокинони сарбаланди Фархор медонистаанд, ки вай аз солхои 90-уми асри 20 аъзои фаъоли ХНИТ мебошад!!! Хатто баъди он, ки расми қори, ки дар майдони “Шахидон” иштироки фаъол дошт, дар рузномахои маркази чоп мешавад, номбурда ай тарс суи Кулоб намерафтааст. Бо хохиши зиёди ман дустам баъди 2 руз яке аз расмхои қори Носирхучаро аз асари “Табадуллоти Точикистон” ёфта фиристод!!! Ана ин ачоиб!!! Дар расм қори Носири он вақт 19 сола дар қатори пеши “Шахидон” қарор дорад! Ба дустам гуфтам, ки нахзатиён, мегуянд у аъзои мо набуд, хандида гуфт “Рушона сиёх мекунан, хотираи халқ зинда аст”. Фикр кардам чопи ин акс аз фоида холи нест. Биёед мард бошед ахли нахзат!!! Мархамат расм. Касоне чавонии Носирхучаи нахзатиро дида бошад, баъди шинохтан шархи худро бинависед. БОКИ КАЗОВАТ ШУМОРОСТ!!!

шаблоны для dle 11.2
рейтинг: 
Шарҳи худро бинависед:
  • Пурбаҳстарин
  • Имрӯз
  • Серхонанда
Мо дар сомонаҳои
  • Вконтакте
  • Facebook
  • Twitter